ВидеоИлму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ МАЪРУФИ ДОРУСОЗ ПРОФЕССОР ДАВЛАТ ХАЛИФАЕВ

Халифаев Давлат Раҳматович, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессори кафедраи технологияи фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, яке аз муътабартарин олимони тоҷик дар илми дорусозӣ (фарматсевтика) рӯзи 8 январи соли 2023 аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора дар Фейсбук яке аз шогирдони ӯ  Шаҳриёр Шарифзода хабар дод. Ӯ дар бораи иллати марги донишманди маъруф чизе нагуфт, вале хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 9 январи соли 2023, дар вақти намози пешин дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе дар маҳаллаи маъруф ба номи “Водонасосная” баргузор мешавад.

“Ёдат ба хайр, устоди азиз! Боз як чеҳраи фидоиву самимии соҳаи маориф, ки дар дили садҳо дӯстону шогирдон ҷо гирифта буд, моро тарк гуфт. Ҳамдардии аҳли кормандони кафедраи технологияи фарматсевтиро ба ҳама наздикону пайвандони профессор Халифаев мерасонем. Ба Шумо сабри ҷамил хоҳонем”, – навиштааст Шаҳриёр Шарифзода.

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон низ бо нашри як номаи сӯгворӣ дар Фейсбук дар робита ба марги профессор Давлат Халифаев ба наздиконаш изҳори таслият карда, марҳумро “шахсияти намоёни соҳаи фармасевтикаи кишвар” ба қалам додааст.

“Марҳум дар рушди соҳаи дорусозӣ ва назорати сифати он, тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзандае гузоштааст. Номи Халифаев Давлат Раҳматович дар таърихи тибби кишвар бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳанд шуд. Марҳум ҳамеша дар дили шогирдону мутахассисони соҳаи тибб аз ҷумла дорусозӣ зинда хоҳад монд! Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!” – гуфта мешавад дар ин номаи сӯгворӣ.

Профессор Давлат Халифаев яке аз олимони эътирофшудаи соҳаи дорусозӣ (фарматсевтика) шинохта мешуд. Ӯ рисолаи доктории худро дар Маскав дар мавзӯи “Сохтани доруҳо аз гилҳои бентонит ва равғани эфир” (“Создание лекарственных форм на основе бентонитовых глин и эфирных масел”) ҳимоят карда буд.

Профессор Халифаев қариб ним аср (47 сол) дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба шогирдон аз фанҳои дорусозӣ дарс дода, дар ин чанд даҳсола ҳазорон шогирдро ба воя расондааст. Самти асосии таҳқиқоти илмии профессор Халифаев технологияи сохтани доруву дармон аз маводи мухалиф, аз ҷумла аз растаниҳову минералҳо ва маводи микробиологиву биотехнологӣ буд.

Ҳамкоронаш даргузашти профессор Халифаевро як талафоти сангин барои илми тибби Тоҷикистон, ба хусус барои соҳаи дорусозӣ (фарматсевтика) мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button