ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

АРТИШИ ТОҶИКИСТОН ЗАИФТАРИН АРТИШ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДОНИСТА ШУД

Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ ё рейтинги ҷаҳонии давлатҳо аз рӯи иқтидори низомӣ, дар соли 2023 дар байни 145 кишвари ҷаҳон ҷои 120-умро гирифтааст. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар умум дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама заифтарин арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла дар муқоиса бо артиши Қирғизистон, ки ҷои 107-умро ба даст оварда, аз Тоҷикистон 13 зина болотар меистад.

Ин раддабандӣ ҳар сол аз ҷониби Global Fire Power (GFP), як созмони таҳлилӣ, ки масъалаҳои марбут ба иқтидори низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад тартиб дода шуда, мутахассисони ин ташкилот иқтидори низомии 145 кишвари ҷаҳонро ин дафъа ташхис ва баҳогузорӣ кардаанд. Дар умум, раддабандӣ аз рӯи 60 меъёр, мисли теъдоди низомиён, сатҳи таҷҳизоти техникӣ, маблағгузорӣ, истифода аз фанновариҳои муосир, имконоти моддию техникӣ, сифати омодагии ҳайати шахсӣ, таҷрибаҳо дар пешбурди амалиёти низомӣ ва ғайраҳо ба назар гирифта мешавад. 

Дар соли 2023 дар ин раддабандӣ ҷои аввалро артиши ИМА, ҷои дувумро Русия ва сеюмро бошад Чин гирифтааст. Се зиннаи охиринро бошад Молдова, Бенин ва Бутан ишғол кардаанд.

Аз рӯи ин рейтинг, артиши аз ҳама қавитарин дар Осиёи Миёна артиши Узбекистон аст, ки дар ҷои 62-юм дар ҷаҳон қарор дорад.Дар Ӯзбекистон миқдори умумии шахсони қобили хизмат 13,5 миллион буда, айни ҳол дар дар артиши ин кишвар 65 ҳазор нафар хизмат мекунанд.

Миқдори умумии ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангии ин кишвар ба 197 адад мерасад, ки аз ин миқдор 58 адад ҳавопаймои ҷанганда, 20 адад ҳавопаймои қиркунанда, 13 адад ҳавопаймои мухталифи ҳарбӣ, 7 адад ҳавопаймои таълимии ҷангӣ ва 99 чархбол бо шумули 33 чархболи ҷангӣ аст.

Дар умум артиши Ӯзбекистон дорои 420 танк, 197 тӯпхонаи худгард ва 143 мушакандози реактивӣ будааст.

 Артиши Қазоқистон дар ин радддабандӣ ҳамагӣ як зина поёнтар аз Ӯзбекистон, дар ҷои 63-юм, артиши Туркманистон дар ҷои 82-юм, артиши Қирғизистон дар ҷои 107-ум ва артиши Тоҷикистон дар ҷои 120-ум қарор гирифтаанд. 

Артиши Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 пас аз бурди Фронти халқӣ дар соли якунми ҷанги шаҳрвандӣ ва асосан аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин гурӯҳи мусаллаҳ  ташкил шуд ва ҳар сол 23-юми февралро дар Тоҷикистон ҳамчун “рӯзи Артиши миллӣ” ҷашн мегиранд ва дар маркази пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ доир мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки аз тақсими мероси Артиши Шӯравӣ чизе гирифта натавонист ва сохтмони артишашро аз сифр оғоз кард.

Барои муқоиса, ба ҳисоби таҳлилгарони GFP, буҷаи ҳарбии Тоҷикистон 94 миллион доллар ва аз Қирғизистон 116 миллион доллар ва ҷамъи нирӯҳои ҳарбии Тоҷикистон 16 ҳазору 300 нафар ва аз Қирғизистон 21 ҳазору 400 нафар буда, Тоҷикистон дар ихтиёри худ 40 тонку 36 БТР дорад ва ягон БМП надорад. Қирғизистон ба навбати худ 150 танк, 55 БТР ва 320 БМП доштааст. Ҳамин тавр, Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 13 тӯпхона ва аз Қирғизистон 123 тӯпхонаи Д30 доштаанд.

Ва аммо дар ҳоле ки артиши Тоҷикистон 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” дорад, шумораи чунин мошинҳо дар артиши Қирғизистон ҳамагӣ 24 дона будааст. Иқтидори нирӯҳои ҳавоии ду кишвар  аз лиҳози шумораи ҳавопаймоҳову чархболҳо тақрибан баробар буда, ба сурати умум, иқтидори авиатсияи ҷангии ҳарду кишвар хеле заиф аст ва ҳамагӣ бо чанд чархболу чанд ҳавопаймо маҳдуд мешавад. Вале дар ҳоле ки артиши Тоҷикистон то ҳол ягон ҳавопаймои бесарнишин надорад, артиши Қирғизистон алакай дар ихтиёраш се чунин дрони туркии “Байрақдор” дорад.

Дар зери ҷадвали муқоисавии иқтидори ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон, ки нашрияи қирғизии Кloop.kg  тартиб додааст:

 ТОҶИКИСТОНҚИРҒИЗИСТОН
Буҷаи ҳарбӣ94 миллион доллар116 миллион доллар
Нирӯҳои артиш8 80010 900
ВКД. КДАМ7 5009 500
Қӯшунҳои хушкигардБригадаи механикӣ – 3. Бригадаи артилерӣ -1. Бригадаи зидди ҳавоӣ -1.Бригадаи механикӣ – 3. Бригадаи артилерӣ -3. Бригадаи воҳидҳои махсус- 1.
Танк (Т 62, Т 72)40150
БРДМ3139
БМП (БМП 1, БМП 2)0320
БТР (БТР-60/70/80, VP-11)3655
Мошинҳои зиреҳпӯши “Тигр”5524
Тӯпхонаи Д3013123
Тӯпхонаи «Нона», «Гвоздика»330
РСЗО («Град», «Ураган»)1520
Хумпора (Миномёт) (82-мм, 120-мм)2054
ЗРК («Нева», «Двина», «Печора»)817
Тӯпхонаи зенитӣномаълум23
 «Шилка», БТР-ЗД824
Тайёраи ҷангии L3944
Ан-204
Ан-2602
Ми-2442
Ми-8. Ми-171112                                 
Bayraktar TB-2″03
   

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button