ФарҳангЧеҳраҳо

САМАРҚАНДИЗОДАИ АСИЛ: ДАРГУЗАШТИ АДИБИ МАЪРУФИ ТОҶИК НАСИМ РАҶАБ

Насим Раҷаб, адиби шинохтаи тоҷик, ки бештар барои кӯдакону наврасон асар менавишт, дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи даргузашти адиб рӯзи 6 январи соли 2023 дар гуруҳи фейсбукии “Гулрухсор” шоир ва адиби маъруфи тоҷик Гулрухсори Сафӣ, ки чандин сол бо марҳум дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон ” ва маҷаллаи “Машъал” кор кардааст, хабар дод.

Гулрухсор дар бораи иллати марги Насим Раҷаб чизе нагуфтааст, вале ӯро “адиби хушкор ва инсони беозор” ба қалам дода, навиштааст, ки марҳум “бо таҷриба, ҳам бо маҳорат, ҳам бо сухандонӣ, ҳам сабру тамкин чун самарқандизодаи асил пешрав буд…”  Гулрухсор ёдовар шудааст, вақте ӯро дар синни ҷавони ҳамагӣ 22 сармуҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон ” ва маҷаллаи “Машъал” таъйин карданд, Насими Раҷаб дар ин нашрияо кайҳо ному нишон дошт ва “саодати ман буд, бо шумо кор кардан, таҷриба андӯхтан, камол ёфтан… Дар таҷрибаандӯхтани ман ҳамчун рӯзноманигор пеш аз ҳама саҳми шумо Насимҷони арҷманд хеле калон аст”.

Гулрухсор ба ҳамсари Насим Раҷаб Сафияи Носир, ки низ адиби кӯдакон аст, ва фарзандони онҳо изҳори таслият ва ғамшарикӣ карда, барои марҳум охирати обод таманно кардааст.

ЁДАТОН БА ХАЙР АДИБИ ХУШКОР ВА ИНСОНИ БЕОЗОР, НАСИМ РАҶАБОВИ АРҶМАНД

Вақте мани 22 соларо ба рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон ” ва маҷаллаи “Машъал” сармуҳаррир таъин карданд, шумои арҷманд дар онҷо кайҳо ному нишон доштед. Саодати ман буд, бо шумо кор кардан, таҷриба андӯхтан, камол ёфтан… Умедворам вақт даст медиҳад ва аз он рӯзҳои хушҳолӣ ва хушомӯзӣ хоҳам навишт. Дар таҷрибаандӯхтани ман ҳамчун рӯзноманигор пеш аз ҳама саҳми шумо Насимҷони арҷманд хеле калон аст. Шумо ҳам бо таҷриба, ҳам бо маҳорат, ҳам бо сухандонӣ, ҳам сабру тамкин чун самарқандизодаи асил пешрав будед. Рафтани вақту замон дар дасти мо нест, вагарна шумо дар канори хонаводаи меҳрубонатон метавонистед чанд соли дигар ба сар баред. Ба ҳамсари меҳрубонатон адиби номвари бачаҳо Сафияи Носир ва фарзандони нозанинатон дар ин рӯзи алвидоъ, рӯзи пур аз ёди ширину ғамгин ғамшарикам. Шумо устоди ман ҳастед ва ҳамчунон хоҳед монд. Рӯҳи беозоратон шод ва манзили охирататон обод бод Насим Раҷаб!

Гулрухсор

https://www.facebook.com/groups/2410781779185026/posts/3278634209066441

Насим Раҷаб 8 августи соли 1935 дар гузари Мирзопӯлоди шаҳри Самарқанд дида ба олам кушода, соли 1960 бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ ба Душанбе кӯчида, қариб то поёни умр, дар тӯли беш аз 50 сол дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») содиқона кор кард.

Насим Раҷаб дар умум муаллифи қариб 100 қиссаву ҳикоя ва драмаву очеркҳои бадеист. Аз ҷумла драмаи «Ниқор», «Марги оҳанпорағундориатон» (1970), қиссаи «Вақте ки театр мегирист» (1993), «Ишқи духтари яҳудӣ» (1995), «Муждае, ки интизораш набуд» (1996). Қиссаи ӯ «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», низ аз асарҳоест, ки дар байни кӯдакону наврасони тоҷик хонандаи зиёде пайдо карда буданд. Барои асари “Хонае, ки сӯяш мешитобам» Насим Раҷаб соли 1993 аз ҷониби Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифокҳои нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ пешбарӣ шуда буд.

Насим Раҷаб ҳамчунин асарҳои адибони рус ва ҷаҳон, аз ҷумла «Муму»-и С. Тургенев, «Баргҳои хазон»-и Зайниддин Дӯстматов ва ғайраро аз русӣ ва ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Чорҷилдаи «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ, ки 9 қиссаи беҳтарини муаллифро дар бар мегиранд ва ду ҷилди аввалаш соли 2004 ва ду ҷилди дигараш соли 2010 нашр шудаанд, аз муҳимтарин падидаҳои адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик дар солҳои охир ба ҳисоб мераванд.

Намунаи осор

Ҳикояву қиссаҳои нахустини худро дар маҷмӯаҳои дастҷамъии:

«Шӯълаи гулхан» (1967),

«Доимо тайёр!» (1972),

«Чашмасор» (1990) ва ғ. гирд овардааст.

Асарҳои мунтахаби Насим Раҷаб.ҷилдҳои 1 ва 2. – Душанбе,«Афсона», 2004, ҷилдҳои 3 ва 4, – Душанбе,«Афсона»,2010;

Даргаҳи меҳру вафо. – Душанбе,«Афсона»,2011;

Марвориди эрондухт. – Душанбе,«Адиб»,2006;

Асрори боғи бобом. – Душанбе,«Адиб»,2011;

Ҳуқуқи худро бишнос. – Душанбе,«Адиб»,2012;

Худо соддаҳоро дӯст медорад. – Душанбе,«Адиб»,2012;

Ман зебоям. – Душанбе,2006 ва диг.[2]

Дар бораи эҷодиёти Насим Раҷаб ҳамсари ӯ, нависанда Сафияи Носир дар китоби – Минбари Насим. – Душанбе:Шарқи озод, 2005, – 62 с. навиштааст.

Ҷоизаҳо

медалҳои «Хизмати шоиста» (2006),

«Барои меҳнати шоён».

«Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И.Ленин»

«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1974),

«Аълочии маорифи СССР» (1985),

«Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ( 1990),

«Аълочии матбуот» (2005),

Дорандаи нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010),

Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2013)

Ифтихорномаҳои соҳавию давлати сарфароз гардонида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button