ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДОДСИТОНИИ КУЛ НИЗ ИШТИРОКИ ТОҶИКҲО ДАР ОШӮБҲОИ ҚАЗОҚИСТОНРО ҚАТЪИЯН РАД КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 январи соли 2023 бо нашри як иттилоияи вижа маълумоти додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистонро  қатъиян рад кард.

Дар изҳорот чунин гуфта мешавад:

Хабари иттилоотӣ

 5 январи соли 2023 дар парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асылов Б.Н. дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори назар карда шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамъоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст.

Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд.

Як рӯз қабл вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ иштироки тоҷикҳо дар эътирозҳои хунини як сол пеш дар Қазоқистонро рад карда буд.

Прокурори генералӣ, ё додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов рӯзи 5 январи соли 2023, дар солгарди аввали эътирозҳои хунини ин кишвар, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, дар парлумон аз анҷоми раванди тафтиши ин ҳаводис хабар дод.

 Асилов дар суханрониаш аз иштирок ва боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ошӯбҳо низ гуфт ва афзуд, дар миёни нафарони бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ҳабсшуда шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия низ  ҳастанд.

Аммо хулосаи асосии тафтиши ҳодисаҳои январӣ марбут ба нақши мансабдорони баландпоя ва намояндагони “олами ҷиноӣ” дар ин ҳаводис буд.  Берик Асилов гуфт, хулосаи тафтишот чунин аст, ки ин ҳодисаҳо кӯшиши табаддулоти давлатӣ буд. Дар ин суханронии худ додситони кул гуфт, роҳбарони аввали Кумитаи амнияти миллӣ қариб дар тӯли тамоми соли 2021 ба ин амалиёт тайёрӣ дида, ҳатто мақомоти истихбороти кишварҳои хориҷиро низ ҷалб кардааст.

Асилов аз ҷумла даст доштани собиқ раиси кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КНБ, КАМ) Карим Масимовро дар ҳаводиси як соли пеш тасдиқ намуд. Ӯ гуфт: “Пас аз ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси КАМ, ҳоло мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин амалиёти бесарусомони назоратшаванда бодиққат, пешакӣ ба нақша гирифта шуда, ҳадаф барканор кардани роҳбарияти олии кишвар буд. Парвандаҳои ҷиноии Карим Масимов собиқ раиси КАМ ва ҷонишини ӯ Содиқулов дар баррасии додгоҳ идома дорад. Онҳо ба ҷурми хиёнат ба давлат, ғасби базӯрии ҳукумат ва сӯистифода аз мақом айбдор мешаванд”.

Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистон Бектонов низ дар ин ҳаводис айбдор дониста мешавад. Бино ба гуфтаи додситони кул, “Бектонов зимни ин амалиёт фармонҳои ғайриқонунӣ дода, иншоотҳои стратегии ҳарбиро бе муҳофизат гузошт ва барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар кишвар чорае наандешид”.

Даст доштани “Дикий Арман”, як нафари пурнуфузи олами ҷиноӣ дар ҳаводиси хунини январи соли 2022 низ яке аз муҳимтарин нуктаҳо дар суханрониидодситони кулли Қазоқистон буд. Бино ба гуфти ӯ, “Дикий Арман бо фармони сарпараст ё куратораш аз Кумитаи амнияти миллӣ ошӯбро дар шаҳри Алмаато роҳбарӣ намудааст. “Ба мо муайян гардид, ки Дикий Арман таҳти ҳамоҳангии куратори КДАМ амал карда, дар Алмаато ошӯбро ташкил намуда роҳбарӣ низ кардааст. Ва ҳатто барои ба ҳукумат барои зарбулаҷал (ултиматум) гузоштан кӯшиши сохтани як “шӯрои мардумӣ” низ кардааст, ки ба ӯ вакилони шаҳрӣ ва роҳбари гурӯҳи ҷиноӣ шахсе бо номи Махатов кӯмак кардаанд”,  – гуфт Асилов.

Ба гуфти ӯ, қариб ҳамаи ҳайати шахсии департаменти кумитаи амният дар Алмаато, вилояти Алмаато ва вилояти Қизилорда бинои КАМ-ро бо фармони Масимов тарк карда, чорае барои муҳофизати бино наандешидаанд: “Дар натиҷаи ин беаҳамиятии онҳо қариб 3 ҳазор яроқҳои гуногун, мисли автомат, снайпер, таппонча ва миқдори зиёди тир ба дасти ошӯбгарон афтод”.

Дар умум дар нооромиҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон  238 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 4 ҳазори дигар захмӣ шуданд. Додситони кул гуфт, аз ҳама зиёд дар шаҳри Алма-Ато 151 нафар, дар Қизил-Ӯрда 26 нафар, дар Шимкент 20 нафар ва  дар Тароз  17 нафар ҷон бохтаанд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон санаи 2-юми январи соли 2022 дар пайи  якбора қиммат шудани нархи гази моеъ оғоз ёфт. Ин эътирозҳо бо номҳо “Январи хунин” ва “Ҳодисаҳои январӣ” ва дар худи Қазоқистон бо номи “Қантар” маъруфанд. Нооромиҳо то санаи  19-уми январ давом кард ва барои фурӯ нишондани онҳо ҳатто нирӯҳои ОДКБ ба Қазоқистон дароварда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button