Дин ва боварҳоФарҳангЧеҳраҳо

БОБОБЕК РАҲИМӢ – МУАЛЛИФИ “ЗИНДАГИНОМАИ БЕДИЛ” ДУНЁИ ФОНИРО ПАДРУД ГУФТ

Бобобек Раҳимӣ, шоир ва муҳаққиқи шинохтаи осори Абдулқодири Бедил рӯзи 7 январи соли 2023 ин дунёи фониро дар синни 76 падруд гуфт. Дар ин бора дар Фейсбук Фурӯғ Шарифов хабар дод. Дар бораи иллати марги Бобобек Раҳимӣ чизе гуфта нашудааст, вале хабар додаанд, ки маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи шанбе, 7 январ, соати  соати 13:00 дар масҷиди назди хонаашон  дар маҳаллаи Испечак 2, М-30 баргузор мешавад.

Бобобек Раҳимӣ 26 майи соли 1947 ба дунё омадааст. Муҳимтарин асари ӯ “Зиндагиномаи Бедил” дар ҳаҷми 496 саҳифа буд, ки соли 2017 бо дастгирии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар нашриёти «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе чоп ва дар ҳошияи як маросими бахшида ба 25-солагии равобити дипломатии Ҳиндустону Тоҷикистон  муаррифӣ шуда буд.

 Ин рисола дар заминаи осори Бедил, манбаъҳои адабию таърихӣ ва адабиёти мавҷудаи илмӣ таълиф шуда, дар бораи лаҳзаҳои асосии зиндагии Бедил ҳикоят мекунад. Дар асар роҷеъ ба замони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва пирии шоир, давраи мактабу мадраса, сафарҳои гуногуни ӯ ва ҳаёти устодони маънавияш, иртиботи ӯ бо шоирони ҳамзамонаш, муносибаташ ба хокимони аср, хислатхои шахсии шоир, лаҳзаҳои охирини зиндагии Бедил, таърихи вафот ва анъанаи таҷлили Урси Бедил маълумотҳои илман асоснок дарҷ шудааст ва ин китоб яке аз маъхазҳои муҳим дар бораи тарҷумаи ҳоли Бедил шинохта шудааст.

Бобобек Раҳимӣ яке аз муҳаққиқони эътирофшудаи осори Бедил шумурда мешуд ва аҳли адаб дар сурати пайдо шудани суолҳои мушкил пиромуни ашъори фикрзои ин шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ машварат медоданд, ки ба Бобобек Раҳимӣ муроҷиат кунанд. Бисёриҳо бо шунидани хабари даргузашти ин Бедилшиноси шинохта ҳасрат кардаанд, ки дигар намедонанд барои шарҳи байтҳои Бедил ба кӣ муроҷиат кунанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button