ВидеоСиёсат

“ГУРУҲИ 24” ГУФТ, СОМОНАҲОЯШ ҲАДАФИ ҲАМЛАИ ҲАКЕРӢ ҚАРОР ГИРИФТААНД

Ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” рӯзи 5 январи соли 2023 бо нашри як изҳорот хабар дод, ки сомонаи расмиии ин ҳаракати оппозитсионӣ ва каналаш дар Ютуб мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифтааст.

“Гуруҳи 24” гуфт, алакай ба рафъи асароти ин ҳамла пардохтааст ва каналаш дар Ютуб пурра барқарор гаридад,  хонандагон ҳоло метавонанд ба сомонаи “Гуруҳи 24” низ ворид шаванд, вале имкони гузоштани маводи ҷадид дар сомонаи “Гуруҳи 24” ҳанӯз имконпазир нест. Ин ҳаракати оппозитсионӣ гуфт, мутахассисонаш дар ҳоли зоҳир барои барқарорсозии фаолияти сомона кор карда истодаанд.

“Гуруҳи 24” дар изҳороташ гуфт, хуб медонад, ки дар паси ин ҳамлаҳо кӣ истодааст? Ин ҳаракат дар ин бора тафсилоти дигар надод, вале тарафдоронашро итминон дод, ки сарфи назар аз ҳар навъ монеа ва таҳдид ба муборизаа ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон идома хоҳад дод.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯи расмии “Гуруҳи 24” рӯзи 6 январ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳадафи ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтани пойгоҳҳои матбуотии ин ҳаракати оппозитсиониро тасдиқ кард ва гуфт: Аз моҳи декабри соли гузашта ба тамоми расонаҳои ҳаракат ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа ба сомонаи ютубииГруппа 24”, каналиҲақ ва Ботилва сомонаи расмии ҳаракат вирусҳои гуногун ворид гардид. Дар фурсати кӯтоҳ тими техникии ҳаракат тавонист мушкилоти сомонаҳои ҳаракат дар Ютубро ҳал кунад ва дубора ба кор оғоз карданд. Аммо сомонаи расмӣ ҳаракат то ҳол комилан ба кори худ оғоз накардааст ва умедворем, дар кӯтоҳтарин фурсат ин мушкилро низ ислоҳ хоҳем кард”.

“Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов соли 2012, дар пайи фирори ӯ аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Қувватов Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистонро ба ғасби тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба ғасби ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”  айбдор мекард.

 Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард. Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмони оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button