Фарҳанг

МАҒЗ-МАҒЗИ УСТУХОНИ МАН, ЗАБОНИ МОДАРӢ!

Илҳом Эшонзодаи Насафӣ 

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Гавҳари ҳусни баёни ман, забони модарӣ,

Нардбони осмони ман, забони модарӣ.

Мезанад ҷӯшу хурӯш аз шаҳраги хуни дилу…

… мағз-мағзи устухони ман, забони модарӣ.

Аз навозишҳои гарму шири поки модар аст,

Дар ниҳоди ҷисму ҷони ман, забони модарӣ.

Реша дорад аз муҳаббат, сабз монад то абад,

Дар ҷаҳони ормони ман, забони модарӣ.

Аз “Авасто”-ву китоби “Тоҷикон” сар мешавад,

Нусхае аз ину они ман, забони модарӣ.

Шохаи сабзи дарахти Шаҳчинори форсист,

В-аз табори Ориёни ман, забони модарӣ.

Ёдгор аз Рӯдакиву Пири Тӯсу Мавлавист,

Аз ниёкон армуғони ман, забони модарӣ.

Орӣ аз ғассу самин, чун софу беолоиш аст,

Беҳтарин ганҷи ниҳони ман, забони модарӣ.

Ҳастии ман, сарвати ман, ҳадяи Яздони ман,

Парчаму рамзу нишони ман, забони модарӣ.

Оламе гардида маҳви лаҳни ширинаш мудом,

Пораи қанди даҳони ман, забони модарӣ.

Андаруни чор унсурам талотум мекунад,

Мавҷаи баҳри дамони ман, забони модарӣ.

Мекашад фарёди бедориву монад асрҳо,

Дар ғазалҳои равони ман, забони модарӣ.

То қиёмат дар амони худ нигаҳ дор аз бало,

Эй Худои меҳрубони ман, забони модарӣ.

Илҳоми Насафӣ

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии “Муғаннии ишқ”

Илҳом Эшонзода Насафӣ зодаи шаҳри Қаршии Ӯзбекистон буда, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст ва ҳоло дар Донишгоҳи шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон дарс медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button