ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ 3 МИЛИСА ДАР КӮЛОБ ДАР РОБИТА БА МАРГИ МАРМУЗИ СОКИНИ ИН ШАҲР АБДУҚАҲҲОР РОЗИҚОВ (ВИДЕО)

Манобеи Радиои Озодӣ хабари қаблан нашркардаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи боздошти се корманди раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлобро дар робита ба марги сокини  37-солаи кӯчаи Даминзода (собиқ Кӯйбишев) Абдуқаҳҳор Розиқов тасдиқ кардаанд. Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2 ба 3 январи соли 2023 бо гумони даст доштан дар фурӯши як сокини Ҳисор бо номи Акбар Пиронов дастгир гардида, субҳи 3 январ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро омада, аз морг бигиранд. Марги Абдуқаҳҳор Розиқов сарусадои зиёдеро дар Кӯлоб ба вуҷуд овард ва рӯзи 3 январ сабаби таҷаммӯи даҳҳо нафар дар назди бинои морг шуд.

 “Бомдод” ҳанӯз рӯзи 3 январи соли 2023, яъне дар ҳамон рӯзи марги ин сокини Кӯлоб бо такя ба наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов хабар дода буд, ки кормандони додситонии минтақаи Кӯлоб дар пайи гирдиҳамоии мардум дар назди морг ё мурдахонаи ин шаҳр се корманди милиса бо номҳои Ҷамшед Кароматов, Зафар ва Шамшодро дастгир кардаанд. Гуфта мешуд, танҳо баъди ин ки мақомот ин се милисаи боздоштшударо ба наздикони Розиқов нишон доданд, онҳо розӣ шуданд, ки ҷасади ӯро аз морг бигиранд. Ҷанозаи Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 4 январ дар оромгоҳи Тамошотеппа дар канори шаҳри Кӯлоб ба хок супорида шуд.

Дар ҳоле ки ВКД гуфт, Абдуқаҳҳор Розиқов аз истеъмоли маводи мухаддири навъи амфетамин (кристалл) дар роҳ ба қисми милиса ҷон додааст, наздиконаш исрор меварзанд, ки ӯ бар асари шиканҷа аз ҷониби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст.

Радиои Озодӣ шоми 4 январ бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки 3 корманди Раёсати умури дохилии минтақаи  Кӯлобро, ки масъули боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов буданд, дастгир кардаанд, вале иттиҳоми зидди онҳо маълум нест. Мақомот расман дар ин бора хабар надодаанд, вале манобеи Озодӣ гуфтаанд, иттиҳоми шиканҷа дар ин парванда матраҳ нест.

Озодӣ исми ин 3 нафарро ҳам нашр кард:

Зафар Холов

Шамшод Шарифов

Ҷамшед Кароматов.

Ҳанӯз нисбат ба онҳо айб эълон нашудааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои тафтишотӣ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 4-уми январ гуфт, “кормандони милиса бе иҷозаи додгоҳ Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт карда, пеш аз марг барои наҷоти ҷони ӯ талоше анҷом надодаанд.”

“Онҳо худсарона шаҳрвандро боздошт кардаанд. Ҳоло натиҷаи пурраи ташхисро интизорем, то парванда боз шавад. Милисаҳо худсарона амал кардаанд, хунукназарӣ кардаанд, вале ҳолатҳои шиканҷа шудан ё нашуданро натиҷаҳои ниҳоии ташхис маълум мекунад,” – афзудааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, санаи таваллудаш 28.02.1986, ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, нафари бонуфуз дар байни ҷавонони Кӯлоб дониста мешуд. Ӯ қаблан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, ҳоло низ шартан дар озодӣ қарор дошт ва бояд ҳар ҳафта дар идораи милиса ҳозир шуда, нишон медод, ки дар маҳалли зисташ, яъне шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Падари Абдуқаҳҳор вафот карда буд ва ӯ ҳамчун фарзанди калонӣ саробони асосии оилаашон ба шумор мерафт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 3 январ дар як иттилоияи вижа  сабаби марги ӯро … истеъмоли маводи мухаддир номид.

Бино ба фарзияи ВКД, қазия аз он ҷо оғоз ёфт, ки рӯзи 2-юми январи соли 2023 кормандони милисаи гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб сокини маҳаллаи Хоҷамӯсои шаҳри Ҳисор Пиронов Акбар Самадқуловичро, ки  пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир суд шуда буд, ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир карда, аз хонаи ӯ 356 грамм ҳашиш ёфтаанд. Пиронов гӯё нишондод додааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро дар ивази 5 ҳазор сомонӣ аз сокини кӯчаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов, ки ӯ ҳам пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, харидааст.

ВКД гуфт, 3-юми январ Розиқов Абдуқаҳҳор дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, ҳангоми азназаргузаронии хона як миқдор ҳашиш низ гӯё ёфта бошанд.

 “Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, гуфта мешуд дар иттилоияи ВКД.

Иддаое ки наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бар асари латтукӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст, на аз истеъмоли маводи мухаддир.

Натиҷаҳои ташхиси ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқов низ то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ки иллати расмии марги ӯро чӣ гуфтаанд: истеъмоли маводи мухаддир ё шиканҷа?

Аз Абдуқаҳҳор Розиқов ду фарзанди хурдсол ятим монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button