АфғонистонВидео

ЧАНД ФАРМОНДЕҲИ ЗИДДИ ТОЛИБОНРО ДАР БАҒЛОН АСИР ГИРИФТААНД

Ҷангҷӯёни режими “Толибон” рӯзи 3-юми январи соли 2023 чанд тан аз фармондеҳон ва узви Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дар Бағлон ба асорат гирифтаанд. Дар ин бора сомонаи форсии нашрияи “The Independent” бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

Нашрия менависад, “Довуд Хатир, фармондеҳи Ҷабҳаи озодии Афғонистонро бо 6 тан аз афродаш ва 3 тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 3-юми январи соли 2023 дар як камингоҳ дар шаҳристони Хӯсти вилояти Бағлон ба дасти “Толибон” асир  афтодаанд”.

То кунун Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар мавриди боздошти ин афрод изҳори назаре накардаанд.

Аммо дар хабарномаи пулиси “Толибон”-и вилояти Бағлон омадааст,  ки “зимни як амалиёти махсуси истихборотӣ, дар минтақаи “Ярми Алиё”-и Бағлон 10 тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат боздошт шуданд”.

Ҳамчунин пулиси “Толибон” хабар медиҳад, ки аз аъзои ин гурӯҳ муҳимоти ҷангӣ, мисли автоматҳои “Калашников”, телефонҳои моҳвораӣ ва таппонча низ мусодира шудааст.

Нашрия ёдовар шудааст, ки “ҳафтаи сипаришуда низ 1 фармондеҳ ва 2 тан аз аъзои Ҷабҳаи муқовимат дар ин минтақа аз тарафи  “Толибон” дастгир шуда буданд”.

Ҳамсӯҳбати “The Independent” гуфтааст, ки “рӯзҳои ахир ҳузури ҷангҷӯёни “Толибон” дар ин вилоят афзоиш ёфтааст. Ба назар мерасад “Толибон” талош доранд тамоми қароргоҳҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  ва Ҷабҳаи озодии Афғонистонро дар Бағлон аз байн бибаранд”.

Чанде пеш Хайрмуҳаммад Хайрхоҳи Андаробӣ, Қамаруддин Рамазонӣ ва Абдуманнон Раббонӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дар минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо ҳамроҳи шуморе аз нерӯҳои таҳти фармонашон дар набарди рӯ ба рӯ бо “Толибон” ҷон бохта буданд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон он замон  гуфта буд, ки “Андаробӣ ва ёронаш пас аз 30 соат ҷанг ва бо тамом шудани муҳимот ба дасти “Толибон” кушта шуданд”. Ӯ афзуд, ки “Толибон” бо кӯмаки дастгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ ва бо истифода аз дронҳо ба қароргоҳи низомии Андаробӣ дар Андароб ҳамла карданд”.

Аҳмад Масъуд ба интиқоди бархе аз мақомҳои сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон вокуниш нишон дода гуфт, ки “танҳо пули коллексияи соатҳои шумо яксола харҷи Ҷабҳа мешавад”.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон соли 2020 фаъолияти худро оғоз намуда, аъзои ин гурӯҳро бештар низомиҳои ҳукумати собиқи Афғонистон ташкил медиҳанд. 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бошад, пас аз тасарруфи қудрат аз ҷониби “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 бо роҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи Эътилофи шимол, ҷабҳаи зидди режими қаблии “Толибон” таъсис ёфтааст.

Нирӯҳои зидди Толибон асосан дар ду вилояти ҳамсояи Панҷшер ва Бағлон сангар гирифтаанд. Дар Бағлон нирӯҳои муқовимат бештар дар минтақаи Андаробҳо фаъоланд.

Баъди ба сари ҳукумат омаданашон “Толибон” дар Афғонистон маҳдудиятҳои шадиде барои ҷомеа, махсусан барои занон ҷорӣ намуданд. Аз ҷумла занон аз ҳаққи таҳсил маҳрум гардида, имкони кор низ барояшон хеле маҳдуд карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button