ВидеоКоррупсияМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

АЗ ҲИСОБИ КӢ? НАРХИ САРУЛИБОСИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН 2,5 МАРОТИБА БЕШТАР АЗ МАОШИ СОЛОНАИ Ӯ БУДААСТ (ВИДЕО)

Тайи соли гузашта арзиши дар тани президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сарулибоси нархаш қариб 2,5 миллион сом, ё наздики 30 ҳазор долларро мушоҳида кардаанд. Пойгоҳи хабарии қирғизии 24.kg навишт, ки арзиши танҳо ин чанд сарулибос дуюним маротиба бештар аз як миллион сом даромади солонаест, ки президенти Қирғизистон дар эъломияи солонааш ба Хадамоти андози ин кишвар ироа кардааст.

Президенти Қирғизистон дар соли 2021 наздики як миллион сом даромад доштааст. Ин арқомроӯ дар эъломияи солонааш, ки Хадамоти андози Қирғизистон моҳи декабри соли 2022 нашр кард, нишон додааст. Бино ба ин санад, ҷамъи даромадҳои Содир Ҷабборов дар соли 2021 дар умум 997 ҳазору 803 сом, ё наздики 12 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин ба маъноест, ки ӯ ҳар моҳ 83 ҳазору 100 сом, яъне қариб 1000 доллар маош мегирад.

Ҷабборов ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки 60 сотих замини деҳқонӣ ва гараж дорад. Вале дар бораи ягон мошин ё молу мулки ғайриманқули дигар доштанаш ӯ иттилое надодааст. Дар бораи даромадҳои хешовандони наздики президенти Қирғизистон маълумоте дастрас нест.

Нашрияи 24.kg  навиштааст, ин дар ҳолест, ки нархи танҳо як курткае, ки Содир Ҷабборов дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони нирӯгоҳи Қуланак (АКСИ БОЛО) пӯшида буд, аз даромади яксолаи ӯ бештар аст. Дар Интернет нархи ин куртка 941 ҳазор рубл, ё 1 миллиону 264 ҳазор сом нишон додааст, ки ин баробари 15 маоши моҳонаи Ҷабборов аст.

Сомонаи қирғизии Фактчекер муайян карда буд, ки Содир Ҷабборов моҳи октябри соли 2022 дар ин маросим курткаи бренди италиявии Loro Piano, дарун ва гиребонаш аз пашми мӯинаро ба тан карда буд, ки нархаш 15 ҳазору 300 доллар будааст.

Ва ин ягона моли қиматбаҳо дар сарулибоси президенти Қирғизистон нест, ки ба чашм мерасад.

Ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои олии иқтисодии АвроОсиё Содир Ҷабборов дар пояш

 пойафзоли гаронбаҳои пошнааш сурх аз бренди фаронсавии Christian Louboutin (Кристиан Лубутэн) худнамоӣ кард. Нархи ин туфли 72 ҳазор рубл, ё беш аз 1000 доллар аст, ки ин беш аз маоши якмоҳаи президенти Қирғизистон мебошад.

Аз ин қабл Ҷабборовро дар бозорҳои Бишкек курткаи бренди италиявии Stefano Ricci дар тан диданд, ки нархи он 5900 доллар ё ним миллион сом, яъне баробари маоши шашмоҳаи ӯст.

Моҳи августи соли 2022 кардигани пӯшидаи Ҷабборов мавзӯи баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, чунки ин кардигани бренди Ermenegildo Zegna (Эрменеҷилдо Зе́ня)  299 ҳазору 500 рубл, ё наздики 5 ҳазор доллар нарх дошта, баробари маоши панҷмоҳаи президенти Қирғизистон буд.

Моҳи январи соли 2022  Содир Ҷабборов бо ҳамсараш Ойгул Ҷабборова дар як осоишгоҳи лижаронӣ дар Қаракӯл истироҳат карда буданд. Он вақт дар тани зану шавҳар либосҳои гаронбаҳо (АКСИ ПОЁН) ба назар мерасид: Дар тани президент курткаи бренди Lynn, нархаш 1099 евро (баробар бо 105 ҳазор сомонӣ ё маоши якуниммоҳаи ӯ) дида мешуд ва дар тани ҳамсараш — курткаи бренди Toni Sailer, нархаш 124 ҳазор рубл, ё наздики 2 ҳазор доллар, ки баробари 140 ҳазор сом ваё маоши қариб думоҳаи президенти Қирғизистон аст.

Нашрия менависад, азбаски даромади хешовандони наздики Содир Ҷабборов дар ягон ҷо нашр нашудааст ва даромади худи ҳамагӣ наздики як миллион сом нишон дода шудааст, маълум нест, ки Содир Ҷабборов аз ҳисоби кӣ бо чунин либоси гаронбаҳо худнамоӣ мекунад?

Содир Ҷабборов, ки 53 сол дорад, дар тирамоҳи соли 2020, дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ аз маҳбас озод шуда, билофосила ба курсии раҳбарии Қирғизистон нишаст. Ӯ чанд моҳи аввал сарвазир буд ва сипас дар интихобот барои 5 сол президенти ин кишвар интихоб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button