ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ВОКУНИШИ ДОДСИТОНИИ КУЛ БА “БОМДОД”: АРИЗАИ РУСТАМ ОДИНАЕВ АЗ НАВ БАРРАСӢ МЕШАВАД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки “Прокуратураи генералии ҶТ мақолаи сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Рустам Одинаевро, ки тариқи сомонаи интернетии “Бомдод ТВ” 27 декабри соли 2022 таҳти унвони “Мағозаамро бастам аз дасти корманди прокуратураи Кӯлоб Исмоили Зарифӣ” ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод”.

Додситонӣ гуфт, қаблан аризаҳои Одинаев Р.М. аз 23.12.2021, аз 17.01.2022, аз 25.04.2022, аз 13.05.2022  ва муроҷиаташ ба дастгоҳи президент аз 24 июни соли 2022 нисбат ба ҳукми додгоҳи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мақомоти додситонии кул мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳукми додгоҳ асоснок ҳисобида шудааст.

“Санаи 19 декабри соли 2022 муроҷиати такрории Одинаев Р.М. нисбат  ба амалҳои ғайриқонунии ёрдамчии прокурори шаҳри Кӯлоб Исмоил Зарифӣ, ки тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ ворид гардидааст, ки он феълан мавриди баррасӣ қарор дорад”, гуфта мешавад дар вокуниши Додситонии кул.

Рустам Одинаев рӯзи 3 январи соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат, ӯро ба додситонии Кӯлоб даъват карда, баёноташро гирифтаанд.

“Як корманди додситонӣ гуфт, бинавис, ки чӣ мехоҳӣ? Ман навиштам, ки Исмоили Зарифӣ доғи судии маро тоза кунад ва зарари расондаашро барқарор кунад. Дар охири баёнотам навиштам, ки дигар ба Аллоҳ месупорам ин кормандашонро”, нақл кард Рустам Одинаев.

Додситонии кул дар вокунишаш, ки бо номи “Худкардаро даво нест…”  нашр шуд, ҳамчунон исрор меварзад, ки  гуноҳи Рустам Одинаев дар додгоҳ ба гарданаш дайн шуд ва ӯро барои фурӯхтани 18 номгӯ маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта, аз ҷумла 13 адад оби ташнашикани «Sprite», 11 қуттӣ равғани офтобпараст, як йогурт, 17 кулчақанди “Фаровон”, 6 қуттӣ қаймоқ ва ҷурғот, 3 шоколади тамғаи “Степ”, 8 қаҳваи «Hot Drops», 37 вафлии “Wafers”, 9,5 кг ҳасибҳои гуногун, бо арзиши умумии 1046 сомонӣ бо ҳукми додгоҳишаҳри Кӯлоб аз 13 январи соли 2022 бар асоси қисми якуми  моддаи 209 КҶ ҶТ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастанд.

Додситонӣ гуфт, Рустам Одинаев 6000 сомонӣ маблағи ҷаримаро қисм-қисм то 10 декабри соли 2022 ба давлат супоридааст.

Ва аммо Рустам Одинаев, соҳибкори 35-сола аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, корманди прокуратураи Кӯлоб танҳо барои “натиҷа” ба зидди вай парванда кард. Ӯ мегӯяд, маҳсулоте, ки прокурор Исмоили Зарифӣ гӯё ёфту санад кард, дар асл “чанд пичину вафлие буд, ки барои баргардонидан ҷудо карда шуда буд ва дар савдо набуд”. Рустам Одинаев мегӯяд, чунин бархӯрд нисбат ба соҳибкорон барои “чанд пичину вафли” аҳли тиҷоратро рӯҳафтода ва дилсард мекунад ва ӯ ҳам он қадар дилшикаста шуд, ки дари мағозаашро баст ва аз идомаи соҳибкорӣ дасту дил шуст. Фақат ҳамин як коргари прокуратураи Кӯлоб ба ман беш аз 7 ҳазор сомонӣ зарар расонд. Бо харҷҳои дигар дар умум қариб 15 ҳазор сомонӣ зарар кашидам ва қарздор шудам. Ҳоло дигар бекорам ва намедонам, ки чӣ кор кунам ва пули ҷаримаро аз куҷо бисупораму оилаамро аз куҷо таъмин кунам?” – гуфт ӯ.

Рустам Одинаев моҳи декабр бо нашри як матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки “аз 9 декабри соли 2022 cap карда ман соҳибкориамро  дар шаҳри Кӯлоб қатъ кардам. Аз дасти корманди прокуратураи шаҳри Кӯлоб Исмоили Зариф И. дигар ба соҳибкорӣ машғул намешавам”.

Рустам Одинаев ҳамин тавр, бо ирсоли як нома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгарии кормандони мақомоти шаҳри Кӯлоб, бавижа ҳамин корманди прокуратура Исмоили Зариф, нисбат ба соҳибкорони маҳаллӣ шикоят карда, навиштааст, Исмоили Зариф “аз рӯи хусумат” ӯро барои чанд маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ  ҷарима баст ва ӯ маҷбур шуд, ки аз бонк қарз гирифта, ин ҷаримаро пардохт кунад.

Рустам Одинаев навишт, чунин муносибати бад боис шуд, ки соҳибкориро дигар пурра қатъ кунад.

“Нисбати мо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард, болои ин доғи судӣ гирифтем ва боз ҷарима карданд. Гӯё ки ман ҷинояткор ҳастам. Ман дар як сол ба давлато то 13 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат пардохт мекардам. Аммо ман соҳибкориамро қатъ кардам аз дасти чунин корманд,  ки ба мо зарар расонид. Танҳо ба ман не, ба давлат ҳам зарари худро расонид. Агар чунин корҳо давом кардан гирад зарбаи сахт ба иқтисодиёти давлат мебошад…”– навиштааст Рустам Одинаев дар номааш ба президент.

Ӯ дар номааш аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, Исмоили Зарифро, ки ҳоло дар додгоҳи шаҳри Кӯлоб кор мекунад, барои ин “зараррасониаш” аз кор бигирад.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷуз аз маҳсулоти зудвайроншаванда, барои боқӣ маҳсулот муҳлати истифода, ки дар қуттияш нишон дода мешавад, дар асл танҳо муҳлати тавсиявии истифодаи ин маҳсулотро дар назар дорад ва гузаштани ин муҳлати тавсиявӣ ба маъное нест, ки он маҳсулоти комилан ғайри қобили истеъмол ё ғайри қобили истифода шуда бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҳатто Аврупо, аз ҷумла дар Чумҳурии Чех, шабакаи мағозаҳое амал мекунанд, ки бо нархи нисбат ба мағозаҳои маъмулӣ хеле арзонтар сирф маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузаштаро мефурӯшанд.

Ва барои “чанд пичину вафли” чунин ҷазои сахт додани соҳибкорон ва он ҳам ба далелҳои илман собитнашуда, ба ақидаи иқтисоддонҳо, ҷазое беш аз ҳад ба назар мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button