ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ГИРДИ ҲАМ ОМАДАНИ МАРДУМ ДАР КӮЛОБ ДАР ПАЙИ МАРГИ ЯК СОКИНИ ИН ШАҲР ДАР БОЗДОШТ (ВИДЕО)

Рӯзи 3 январи соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо нафар дар назди бинои морг ё мурдахонаи ин шаҳр ҷамъ омада, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашондани милисаҳои гунаҳкор дар марги сокини кӯчаи Даминзода (собиқ Кӯйбишев) Абдуқаҳҳор Розиқовро талаб карданд. Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, санаи таваллудаш 28.02.1986, падари ду фарзандро, ба гуфтаи наздиконаш, шаби гузашта кормандони бахши корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб бо гумони фурӯши маводи мухаддир дастгир карда бурданд ва баъди чанд соат ба онҳо хабар додаанд, ки мурдаашро аз морг (мурдахона) бигиранд.

Вале ВКД дар иттилоияаш сабаби марги ӯро … истеъмоли маводи мухаддир номид ва гуфт, Абдуқаҳҳор Розиқов гӯё дар роҳ ба қисми милиса аз амфетамин (кристалл), ки қабл аз боздошташ истеъмол карда буд, ҷон додааст.

Наздиконаш мегӯянд, дастикам се корманди милитсия бо номҳои Ҷамшед Кароматов, Шамшод ва Зафар Абдуқаҳҳор Розиқовро бераҳмона шиканҷа додаанд, ки иттиҳоми ба як сокини Ҳисор гӯё маводи мухаддир фурӯхтанашро ба гардан бигирад. Онҳо мегӯянд, ки дар тамоми бадани Абдуқаҳҳор осори латтукӯб ва шиканҷа дида мешуд ва дасту пояшро ҳам бо сим баста будаанд.

Дар видеоҳои зиёде, ки давоми рӯз аз Кӯлоб ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, низ ҷасади марди ҷавоне дида мешавад, ки дар дасту пояш осори латтукӯб дида мешаванд ва наздиконаш дар он видео мегӯянд, “бигзор тамоми ҷаҳон бубинад, ки ӯро зада зада куштанд”.

Ин сабт он чунон мудҳиш аст, ки идораи “Бомдод” аз нашраш худдорӣ мекунад.

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов ба “Бомдод” гуфт, он се корманди милиса Абдуқаҳҳорро маҷбур кардаанд, ки маводи мухаддир фурӯхтанашро ба калла бигирад, вале ӯ рад кардааст ва ба ҳамин далел, ӯро то мурданаш азобу шиканҷа додаанд.

Чанд манбаи “Бомдод” гуфт, дар пайи ҷамъ шудани мардум кормандони додситонии Кӯлоб он се корманди милиса  Ҷамшед Кароматов, Шамшод ва Зафарро дастгир кардаанд.

Абдуқаҳҳор Розиқов, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, дар шаҳри Кӯлоб аз бачаҳои бонуфуз ба шумор мерафт. Ӯ қаблан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда, ҳоло низ шартан дар озодӣ қарор дошт ва бояд ҳар ҳафта дар идораи милиса ҳозир шуда, нишон медод, ки дар маҳалли зисташ, яъне шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Онҳо мегӯянд, падари Абдуқаҳҳор вафот карда буд ва ӯ ҳамчун фарзанди калонӣ саробони асосии оилаашон ба шумор мерафт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 3 январ бо нашри як иттилоияи вижа  барои ташхиси додгоҳӣ ба маркази ташхиси додгоҳию тиббии шаҳри Кӯлоб супоридани ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқов ва идома доштани санҷиши ин қазия аз ҷониби додситонии минтақаи Кӯлобро тасдиқ кард, вале дар бораи боздошти се корманди милиса дар робита ба марги Розиқов чизе нагуфт.

ВКД дар иттилоияаш сабаби марги ӯро … истеъмоли маводи мухаддир номид.

Бино ба фарзияи ВКД, қазия аз он ҷо оғоз ёфт, ки рӯзи 2-юми январи соли 2023 кормандони милисаи гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб сокини маҳаллаи Хоҷамӯсои шаҳри Ҳисор Пиронов Акбар Самадқуловичро, ки  пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шуда буд, ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир карда, аз хонаи ӯ 356 грамм ҳашиш ёфтаанд. Пиронов гӯё нишондод додааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро дар ивази 5 ҳазор сомонӣ аз сокини кӯчаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов, ки ӯ ҳам пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, харидааст.

ВКД мегӯяд, 3-юми январи соли 2023, Розиқов Абдуқаҳҳор дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, ҳангоми азназаргузаронии хона як миқдор ҳашиш низ гӯё ёфта бошанд.

 “Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Иддаое ки наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бар асари латтукӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button