ВидеоИқтисод

ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ҲИСОР СОҲИБИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ШУДАНД (21 АКС)

Маркази матбуоти раиси шаҳри Ҳисор хабар дод, ки дар арафаи Соли нав бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили шаҳрдории Ҳисор дар мавзеи Чашмасори ҷамоати деҳоти Сомон ва  мавзеъҳои Сангчашма, Дарозӣ, Гули Сурх, Ҳофизкада, Шоҳамбарӣ, Алмосӣ, Бобосурхон ва Сайидони ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба 217 нафар аз сокинони ниёзманди ин минтақа, ки барои гирифтани қитъаи замин дар навбат буданд, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Шаҳрдорӣ гуфт, қитъаҳои замин ба сокинони дар воқеъ ниёзманд аз ҷумлаи омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаводаҳое, ки 3-4 ва ё  оилаҳои аз ин ҳам бештар якҷоя зиндагӣ доранд ва аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии шаҳрдории Ҳисор ниёзманд эътироф шудаанд,  дода шуд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки тақсимоти қитъаҳои замин шаффофу одилона баргузор гардида, дар навбатбудагон бо усули қуръапартоӣ соҳиби талони рақамгузоришуда ва қарори замин шуданд.

Шаҳрдори Ҳисор Қосими Раҳбар шаҳрвандонеро, ки дар остонаи Соли нав соҳиби замин шуданд, муборакбод гуфт, таъкид кардааст, ки  бо вуҷуди саросар кӯҳсор будани Тоҷикистон ва кам будани замин, ҳукумат барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд.

Қосими Раҳбар аз сокиноне, ки соҳиби қитъаҳои замин шуданд, даъват кардааст, ки манзилҳои истиқоматии хешро дар такя ба усулои зебои меъморӣ бунёд намоянд ва минтақаҳои пешбинишуда барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро тасарруф накарда, оқилона истифода намоянд.

Маркази матбуоти шаҳрдории Ҳисор зикр кардааст, ки ба  мақомоти ин минтақа танҳо дар 11 моҳи соли 2022-ум 1548 шаҳрванд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 312 нафар зиёд мебошад.

Дар умум соли 2022 ба 641 оилаи ниёзманд дар Ҳисор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардидааст. Майдони умумии ин қитъаҳои замини тақсимшуда, ба ҳисоби мақомот, беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.

Шаҳри Ҳисор дар 25-километрии ғарби Душанбе ҷойгир шудааст. Танҳо дар шаҳри Ҳисор наздики 30 ҳазор нафар ва якҷо бо ҷамоатҳояш дар ин минтақа беш аз 300 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Аксҳои бештар дар инҷост: Маркази матбуоти раиси шаҳри Ҳисор

https://www.facebook.com/groups/240938064894855/posts/471062768549049/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button