ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

28 ВАЗИР БЕҲ АЗ 61? ҲАЙЪАТИ НАВИ ҲУКУМАТИ ӮЗБЕКИСТОН: НОМ БА НОМ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи Соли нав бо анҷоми як ислоҳоти маъмурии фарогир шумораи вазорату идораҳои давлатиро аз 61 то 28 вазорат кам кард. Мирзиёев гуфт, дар чорчӯби ин ислоҳот шумораи мансабдорон низ то 30% кам карда мешавад.

Ҳукумати нави Ӯзбекистон бар асоси ин ислоҳот алакай ташкил шуд. Ҳоло муруре мекунем, ки оё ба ҳайъати ҳукумати нави сарвазир Абдулло Орипов киҳо шомил шуданд ва киҳо – не?

Бар асоси фармони президенти Ӯзбекистон дар бораи ислоҳоти маъмурӣ аз 21 декабри соли 2022, дар заминаи вазорати молия ва вазорати рушди иқтисодӣ як вазоратхонаи иқтисод ва молия таъсис дода шуд, ки ба он раҳбари ҳамакнун собиқи Кумитаи давлатии боҷхона (гумрук) Шерзод Қудбиев роҳбарӣ хоҳад кард.

Вазорати мактабҳои олӣ бо вазорати инноватсияҳо ё навовариҳо дар як вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияҳо муттаҳид карда шуда, раҳбарии онро ба Иброҳим Абдураҳмонов, ки то кунун вазири инноватсияҳо буд, супурданд.

Ҳамчунин бархе салоҳиятҳои вазорати рушди иқтисодӣ, аз ҷумла масоили марбут ба маҳаллаҳо, ба вазорати меҳнат супурда шуда, ин вазорат акнун вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақр ном гирифтааст. Масъулиятҳои вазорати рушди маҳаллҳо низ ба ин вазорати нав вогузор шуда, Беҳзод Мӯсоев вазири шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақр таъйин шудааст. Ба ҷои Мӯсоев ба мақоми вазири тандурустӣ муовини аввали вай Амрилло Иноятовро таъйин кардаанд.

Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ба вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо табдили ном карда, як қисми салоҳиятҳои вазорати рушди иқтисодӣ низ ба он дода шуд. Ҷамшед Хоҷаев курсии раҳбарии ин вазоратро барои муовини аввалаш Лалил Қудратов холӣ кард, вале дар мақоми муовини сарвазир монд. Ҷамшед Қӯчқоров ҳам, ҳарчанд  вазорати рушди иқтисодии таҳти раҳбарии ӯро барҳам доданд, дар мақоми муовини сарвазир монд. Очилбой Раҳматов ва раиси Кумитаи занон ва оила Зулайхо Маҳкамова низ курсии муовини сарвазирро ҳифз карданд.

Вазоарти сохтмон ва вазорати хоҷагии коммуналӣ (ЖКХ) дар як вазорати сохтмон ва ЖКХ муттаҳид карда шуда, Ботир Зокиров, ки то ҳол вазири сохтмон буд, раҳбари ин ниҳоди нав таъйин шуд.

Кумитаи давлатии геология ба вазорати саноати кӯҳӣ ва геология табдил дода шуда, раҳбарии он дар дасти Бобур Исломов боқӣ монд. Дар заминаи ду кумитаи экология ва хоҷагии ҷангал вазорати захираҳои табиӣ таъсис ёфта, Азиз Абдуҳакимов, ки то кунун бар вазорати туризм роҳбарӣ мекард, вазири захираҳои табиӣ таъйин гардид. Худи вазорати туризм ба вазорати фарҳанг якҷоя карда шуда, дар заминаи ҳарду вазорати фарҳанг ва туризм таъсис ёфт. Овозхони шинохтаи ӯзбек Озодбек Назарбек, ки то кунун вазири фарҳанг буд, акнун ҳамчун вазири фарҳангу туризм ба кори худ идома медиҳад.

Ҳамин тавр, вазорати муассисаҳои томактабӣ ва вазорати муассисаҳои мактабӣ дар як вазорати воҳид муттаҳид карда шуд, Ҳилола Умарова, ки то кунун раҳбари Агентии мактабҳои президентӣ буд, ба мақоми вазири муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ таъйин шуд. Агриппина Шин, ки вазири муассисаҳои томактабӣ буд, муовини аввали Умарова таъйин шудааст.

Вазорати иттилоот ва мухобирот ба вазорати рушди рақамӣ табдили ном карда, Шерзод Шерматов раҳбари ин вазорт таъйин шудааст. Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов мақоми вазири энергетикаро пеши худ ҳифз кардааст. Вазорати варзишро ба вазорати варзиш ва ҷавонон табдил доданд ва Адҳам Икромов, ки вазири варзиш буд, раҳбари ин вазорати нав таъйин шуд.

Дастикам ду нафар аз вазироне, ки мансабҳои худро аз даст доданд, дар дастгоҳи президент мансаби нав гирифтанд: Вазири ҳамакнун собиқи молия Тимур Ишметов муовини аввали мушовири президент дар умури рушди соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ таъйин гардад, вазири собиқи маълумоти олӣ Абдуқодир Тошқулов муовини мушовири президент дар умури ҷавонон, илм, маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанг таъйин гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button