ВидеоРӯйдодҳои БадахшонФарҳангҲуқуқи инсон

САШИ ЗАИФӢ, МУАЛЛИФИ ГИМНИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ТАРКИ ТОҶИКИСТОН КАРД (ВИДЕО)

Шоир, оҳангсоз ва овозхони шинохтаи помирӣ Саши Заифӣ ҳанӯз дар поёни тобистони соли 2022 тарки вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистон карда, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад. Дар ин бора рӯзи 2 январи соли 2023 бо такя ба чанд манбаи наздик ба Саши Заифӣ, пойгоҳи хабарии Pamir Daily News, ки асосан ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони ин нашрия, Саши Заифӣ бе ин ҳам чандин сол боз таҳти фишор аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дошт, вале баъди таъқиботи саросарии фаъолони помирӣ, ки аз моҳи ноябри соли 2021 вусъат гирифт,  бисёриҳо аз эҳтимоли зиндонӣ шудани Заифӣ тарс доштанд ва аз ин рӯ, наздиконаш ба ӯ маслиҳат доданд, ки фавран Тоҷикистонро тарк кунад.

“Ӯ хеле дар ҳаяҷон ва ҳолати сахти маъюсӣ қарор дошт ва ба ин далел, вазъи саломатиаш ҳам башиддат бад шуда буд. Мо ин ҳама муддат роҳҳоеро меҷустем, ки ӯро ба ягон макони амн барорем ва дар пайи муолиҷааш шавем. Ӯ қариб ним сол дар қаламрави як кишвари бетараф мунтазири виза (раводид) нишаст “, –  нақл кардааст яке аз дӯстони овозхони помирӣ.

Дар бораи ба кадом кишвари Аврупо паноҳ бурдани Саши Заифӣ чизе гуфта намешавад, вале дар аксе, ки Pamir Daily News  нашр кард, ин ҳунарманди зодаи Бадахшон дар даромадгоҳи қароргоҳи асосии идораи комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон сабт шудааст. Ин идора дар Қасри Вилсон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир шудааст.

Маълум нест, ки оё Саши Заифӣ дар Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ хоҳад пурсид ваё фақат барои муолиҷа омадааст? Худи овозхон то кунун дар бораи сабабҳои тарки Тоҷикистон карданаш ягон изҳорот надодааст, вале наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ ба роҳи худ ва эҷодиёташ идома доданист.

 Саши Заифӣ (номи аслиаш Шириншо Маъсумов)  яке аз машҳуртарин шоирону овозхонҳои мардумӣ дар Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ аз зодгоҳаш деҳаи Банайи ноҳияи Шуғнон хеле кам ба берун сафар мекард. Дар моҳи августи соли 2019 овозхони машҳур Далер Назаров ҳангоми боздидаш аз Бадахшон барои ошноӣ бо Саши Заифӣ махсус ба меҳмонии ӯ ба хонааш ба деҳаи Банай омад. Мухлисони Заифӣ  барои шиносоӣ ба хонаи ӯ омадани устураи эстрадаи тоҷикро боз як далели дигари эътирофи ҳунари ӯ маънидод мекунанд.

Далер Назаров дар меҳмонии Саши Заифӣ

Заифӣ асосан ба забони шуғнонӣ шеъру тарона менависад. Ӯ дар ашъораш дар бораи адолат, дин, озодӣ ва муҳаббат ба Ватан менависад ва ба фарқ аз дигар ҳунармандони тоҷик, ки аз даст задан ба мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ парҳез мекунанд, дар масоили сиёсӣ низ тарона мехонад.

Машҳуртарин таронаи Заифӣ – “Узум живч то эй Ватан” ҳатто гимни ғайрирасмии вилояти Бадахшон дониста мешавад ва тақрибан ягон маъракаи зодагони ин вилоят бидуни ин тарона намегузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button