Ҳодиса

ФИРОРИ 6 МАҲБУСИ СОБИҚЕ, КИ ШИРКАТИ “ВАГНЕР” БА ҶАНГИ УКРАИНА ФИРИСТОДА БУД

Дар вилояти Ростови Русия 6 зархариди гурӯҳи “Вагнер”-ро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. 

Бино ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, “ин 6 нафар маҳбусоне будаанд, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекарданд”. Гуфта мешавад аз ин 6 нафар 3 нафараш шаҳрвандони Ӯзбекистон, 1 нафар шаҳрванди Русия, 1 нафар шаҳрванди Қирғизистон ва якеи дигар аз Беларус будаанд.

Бино ба гузоришҳо, “ин собиқ маҳбусон ва айни ҳол зархаридони “Вагнер” санаи 21-уми декабри соли 2022 аз тамрингоҳи низомии мутааллиқ ба “Вагнер”, ки дар вилояти ғасбшудаи Луҳански Украина  ҷойгир шудааст, фирор кардаанд. Онҳо мусаллаҳ буда, барои ҷомиа хеле хатарноканд”.

Бино ба фарзияи мақомоти Русия, “онҳо дар ҳудуди вилояти Ростов пинҳон шудаанд”. Пулис ба ин далел аз шаҳрвандон хостааст, ки “ҳангоми дидани шахсони  дар тан либоси ҳарбӣ, ба рақами 112 тамос гиранд”.

Пас аз талафоти ҳангуфти низомиёни Русия дар тирамоҳи соли 2022 дар ҷанг бо Украина, расонаҳо хабар доданд, ки гурӯҳи ЧВК “Вагнер” ва вазорати мудофиаи Русия маҷбур шудаанд, маҳбусонро аз маҳбасҳои Русия ҷамъу гир карда, ба таври иҷборӣ ҳамчун сарбоз ба майдони ҷанг фиристанд.

Ширкати “Вагнер” ба Евгений Пригожин, маъруф бо лақаби “ошпази Путин”, як нафари наздик ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад.

Ин ширкат соли 2013 таъсис дода шуда, ширкати хусусии ҳарбиест, ки бо ҷалби зархаридон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Либия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Украина ном баровардааст.

То моҳи октябри соли 2022 Евгений Пригожин ба ӯ тааллуқ доштани ин ширкатро инкор мекард ва ҳатто чандин маротиба рӯзноманигоронро барои ба ӯ мансуб додани “Вагнер” ба додгоҳ ҳам дода буд.  Вале пас аз ошкор шудани иштироки фаъолонаи зархаридони ин гурӯҳ дар ҷанги Украина ва нисбат ба артиши Русия беҳтар нишон додани зархаридони “Вагнер”, Пригожин таъйид кард, ки “Вагнер” ширкати хусусии ӯст.

Ҳатто, бино ба хабарҳо, Пригожин ҳоло худаш шахсан барои ҷалби маҳбусон ба зиндонҳои саросари Русия рафта, онҳоро бо ваъдаи афву озодӣ барои пайвастан ба “Вагнер” таблиғ мекунад.

Агарчи, ҷалби маҳбусон ба ҷанг ғайриқонунӣ аст ва қонунгузории Русия низ иҷозаи онро намедиҳад, то ба ҳол, ба гуфтаи фаъолони ҷамъиятӣ, аз зиндонҳои Русия ҳудуди 30  ҳазор маҳбусро ба ҷанг фиристодаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла маҳбусони зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд. 

Танҳо дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба гуфтаи хешу таборашон, “дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд вале, дар Украина дар майдони ҷанг кушта шуданд”.

Аз онҳо Бобоазиз Тӯйдиев ва Манучеҳр  Шодиев ном мебаранд. Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр  ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо  бошад дар ноҳияи Кӯшониён гӯронданд.

Наздикони Тӯйдиев ба расонаҳо гуфтанд, ки “ӯ моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда буд”.

Дар бораи ҳукми суди Шодов маълумоте дар даст нест. Танҳо дӯстонаш ба расонаҳо гуфтаанд, ки “ҳукми худро дар яке аз зиндонҳое, дар шаҳри Санкт-Петербург сипарӣ мекард”.

Ҳолати дигари пайвастани маҳбуси  тоҷикистонӣ ба гурӯҳи “Вагнер” аз зиндони  Русия пас аз тирпарронӣ дар Белгород ошкор шуд. Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар мешуд, то рафтан ба артиш дар як зиндон дар ҳудуди вилояти Брянск адои ҳукм мекард. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.

Нашрияи “Новая газета.Европа” ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 исми наздик ба 100  маҳбусеро нашр карда буд, ки дар поёни моҳи сентябр аз зиндони низомаш сахти №17, воқеъ дар ҷумҳурии Мордовия, ба саффи ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” ҷалб гардида, ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд.  Дар ин рӯйхат низ номи як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Шокирбек Саторовро, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд, пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” бо ваъдаи озодии пеш аз муҳлат аз маҳбасҳои Русия маҳбусонро ба саффи худ ҷалб карда, ба ҷанги Украина мефиристад.

Мақомоти Ӯзбекистону Тоҷикистон қаблан шаҳрвандони худро аз иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҳушдор дода буданд. Дар қонунгузории  Тоҷикистон барои чунин амал ҳамчун ҷазо то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Пригожин ва Путин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button