ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАРГИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ ҲАНГОМИ ШУСТАНИ БЕНЗИНКАШ ДАР ПЕТЕРБУРГ

Шаби 30 ба 31 декабри соли 2022 ҳангоми шустани як мошини бензинкаш дар нуқтаи мошиншӯӣ дар кӯчаи ба номи Ленин дар шаҳраки Шушарии ноҳияи Пушкино дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду коргар – яке аз Беларус ва дуюмӣ аз Тоҷикистон – ҳалок шудаанд.

Бино ба иттилои пулиси Санкт-Петербург, шоми ҷумъа, 30 декабр як мошини бензинкаши тамғаи Volvo FH  бо притсепи “Тонар”-ро барои шустушӯ ба ин нуқтаи мошиншӯӣ дар Шушарӣ овардаанд. Шустани бензинкашро ба ду коргари ин корхона, ки яке аз Беларус ва дуюмӣ аз Тоҷикистон будаанд, супурдаанд. Яке аз коргарон дари тсистернаро кушода, ногаҳон ба даруни он афтодааст. Коргари дуюм ба кумаки рафиқаш шитофта, кӯшиш кардааст, ки ӯро аз тсистерна берун бикашад, вале ӯ ҳам ба дарун афтодааст ва дар натиҷа ҳарду ба эҳтимоли ғолиб аз нафас кашидани ҳавои бензинолуда ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои манобеи нашрияи маҳаллии 47news, вақте ки кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расиданд, ҳарду коргари нуқтаи мошиншӯӣ алакай ҷон дода буданд.

Вале дар ҳоле ки бино ба иттилои расонаҳо, ба ин ду коргар тоза кардани дохили тсистернаро супурда буданд, зане, ки соҳиби ин нуқтаи мошиншӯист, ба нашрияи 78.РУ  гуфтааст, ки онҳо бояд танҳо беруни мошинро мешустанд, вале яке аз коргарон тасодуфан ба даруни тсистерна афтодаасту коргари дуюм ӯро наҷот доданӣ шудааст.

Иллати дақиқи марги ин ду коргарро бояд акнун ташхиси тиббию додгоҳӣ муайян кунад. Кумитаи тафтишот масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба марги ин ду коргар дар нуқтаи мошиншӯӣ дар Шушариро баррасӣ мекунад.

Бино ба гузоришҳои расида, яке аз коргарони ҳалокшуда аз Беларус ва дуюмӣ аз Тоҷикистон будаанд. Вале дар ҳоле ки бархе расонаҳо менависанд, ки шаҳрванди Беларус 50 сол ва ҷавони тоҷик 21 сол дошт, расонаҳои дигар синни онҳоро 53 ва 23 мегӯянд.

Шушарӣ (Шуша́ры) шаҳракест бо 126 ҳазор аҳолӣ дар ҳайъати ноҳияи Пушкинои шаҳри Санкт-Петербург. Шушарӣ дар канораҳои ҷанубии Петербург, тақрибан 18 километр дуртар аз маркази таърихии ин шаҳр ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button