Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ 67-СОЛА ДАР ШАҲРИНАВ, БОЗДОШТИ ҶАВОНЗАН БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ДУЗДИИ 7300 ДОЛЛАР АЗ ТАРАБХОНА

Нимаи дуюми рӯзи 30 декабр, тахминан соати 16:00, дар ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи Шаҳринав як дучархарони 67-сола зери чархи мошини “Опел” ҷон бохтааст.

хххххххххххххххххх

Зани 27-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июн аз як зани дигари сокини Душанбе бо роҳи фиреб 4 ҳазор доллар ва 42 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

ххххххххххххххххх

Марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 27 декабр, тахминан соати 23:00, дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт аз болои мизи нишасти марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 7300 доллар ва 5100 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 31.12.2022

Ҳалокати дучархарон дар пайи садамаи нақлиётӣ

002

30-юми декабри соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Хоҷаев Шаҳром Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Боев Зиёдулло, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Боев З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани зани 27-сола бо ҷурми қаллобӣ

032

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022, зани 27-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4 ҳазор доллари амрикоӣ ва 42 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

060

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи нишаст 7 ҳазору 300 доллари амрикоӣ ва 5 ҳазору 100 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти авбошӣ

001

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми декабри соли 2022, тахминан соати 12:00, аз ҳиссиёти авбошӣ дар кӯчаи Зарафшони пойтахт бо ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дарёфти 9 ҳазор дона маводи тарфгарӣ

006

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 9 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button