ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МУҶОЗОТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ХУҶАНД – ЕКАТЕРИНБУРГ БАРОИ СИГОРКАШӢ ДАР ҲАВОПАЙМО

 Шоми 29 декабри соли 2022 баробари дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия фуруд омадани ҳавопаймои Хуҷанд – Екатеринбург як мусофири ин ҳавопайморо барои сигоркашӣ дар дохили ҳавопаймо дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти пулиси нақлиёти ҳавзаи федералии Урали Русия рӯзи 30 декабр хабар дод, ки тибқи ҳисоботи сархалабони ҳавопаймо, ин мксофир дар ҷараёни парвоз дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавопаймо сигор кашидааст”. Инниҳод мусофири дастгиршударо танҳо “марди 25-солаи зодаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздик” ном бурда, дар бораи шахсияти ӯ тафсилоти дигар надодааст.

Бино ба иттилоияи пулиси нақлиёти Урал, шоми 29 декабр, тақрибан соати 17, ба қисми навбатдории шуъбаи пулиси фурудгоҳи Колтсово занг зада, талабгори ирсоли кормандони пулис ба ҳавопаймое шуданд, ки тоза аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба Екатеринбург расида буд.

Вақте кормандони пулис ба назди ҳавопаймо рафтанд, аъзои экипаж ба дасти онҳо як марди  25-соларо супурда, хабар додаанд, ки ин мусофир дар ҷараёни парвоз дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавопаймо сигор мекашид ва ба амри аъзои экипаж гӯш намедод.

Ин мусофири қонуншиканро ба шуъбаи пулиси нақлиёти фурудгоҳи Колтсово оварда, нисбат бюа ӯ  бар асоси ду банди Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия: моддаи 6.24, қисми 1 (кашидани сигор дар маконҳои мамнӯъ) ва моддаи 11,17, қисми 6  (саркашӣ аз иҷрои талаби сархалабони ҳавопаймо) ду протоколи қонуншикании маъмурӣ тартиб додаанд.

 Ба ин ҷавон барои сигоркашӣ дар дохили ҳавопаймо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 500 то 1500 рубл ва барои иҷро накардани талаби аъзои экипаж ҷарима ба маблағи аз ду ҳазор то 5 ҳазор рубл ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button