ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПЕЛЕ – ШОҲИ ФУТБОЛ

Машҳуртарин ситораи футбол, устураи ҷаҳони варзиш, Пеле, рӯзи 27-уми декабри соли 2022 дар сини 82 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт. 

Пеле аз соли 2021 инҷониб аз бемории саратон ранҷ мебурд.  Пас аз ҷарроҳии бебарори моҳи октябри соли 2021, ки барои бурида гирифтани ғадуди бар асари саратон пайдошуда, дар рӯдаи ғафси ӯ сурат гирифт, такроран чанд дафъа бистарӣ шуда буд.

Вале пас аз мубтало шудан ба КОВИД-19 вазъи саломатии ӯ рӯз ба рӯз бадтар шудан гирифт. Пеле охирин маротиба моҳи ноябри соли 2022 дар бемористони Алберт Эйнштейн дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия бистарӣ гардид. Табибон он замон аз ҷараёни нодурусти кори дил ва гурдаи ӯ хабар дода буданд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар низ борҳо ҳаводоронаш акси бузурги Пелеро бо худ ба майдон дароварда, аз ҷаҳониён хоста буданд, то барои шифо ёфтани шоҳи футбол дуо кунанд.

Пеле ягона футболбоз дар таърихи футбол аст, ки 3 маротиба ҷоми ҷаҳонии футболро бурда ва 3 маротиба дар ҳайати тими миллии худ қаҳрамони ҷаҳон гаштааст.

Ӯ аввалин маротиба замоне ҳанӯз 17 сол дошт, дар соли 1958 ҷоми ҷаҳонро ба Бразилия бурда буд. Ҳамин тавр солҳои 1962 ва 1970 низ ба Пеле муяссар гардид, то барандаи ҷоми ҷаҳон шавад.

ФИФА  ӯро “беҳтарин футболбози асри 20” ва Кумитаи байналмиллалии олимпӣ “беҳтарин варзишгари асри 20”, инчунин Бразилия “сарвати миллӣ” эълон кардаанд.

Номи аслии Пеле Эдсон Арантис ди Насименту буда, ӯ санаи 21-уми октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корайсонс, дар ҷанубу шарқии Бразилия дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст.

Гуфта мешавад, ҳатто оилаи ӯ тавони харидани тӯбро надоштааст ва падараш аз ҷӯробҳои кӯҳна як чизи ба тӯб монандро сохта, бо он ба Пеле бозии футболро омӯзонидааст.

Лақаби “Пеле”-ро  бошад ба ӯ ҳамсинфонаш додаанд ва ҳатто то ба имрӯз на худи Пеле ва на ҳамсинфонаш намедонанд, чаро ӯро “Пеле” номидаанд ва он чӣ маъно дорад?

Пеле бозии ҳирфавиро дар синни 15 солагӣ, яъне аз соли 1956 оғоз намуда, охирин маротиба, соли 1977 ба майдон баромадааст.

Дар умум Пеле дар тӯли 21 сол дар 1116 бозӣ иштирок намуда, 1091 гол задааст. Дар ҳайати тими миллии Бразилия бошад, 92 бозӣ анҷом дода, 77 гол ба самар расонидааст.

Ӯро то ба ҳол ягона бозигаре медонанд, ки “аз майдон бе задани гол берун нашудааст”.

Номи Пеле ба нафароне, ки ҳатто аз футбол чизе намедонанд, ошност. Чун Пеле пас аз рафтан аз саҳнаи футбол гӯшанишиниро ихтиёр накарда, даст ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ зад.

Ӯ дар соли 1990 сафири Созмони Милали Муттаҳид дар масоили ҳифзи муҳити зист ва намояндаи ЮНЕСКО оид ба корҳои хайр эълон гардид.

Инчунин Пеле аз соли 1995 то соли 1998 ҳамчун вазири варзиши Бразилия ифои вазифа намуда, хеле кӯшиш ба сарф дод, то фасод дар варзиш, махсусан дар футболро решакан кунад.

Ӯ соли 1981 бо ҳамроҳии Силвестер Сталоне дар филми “Фирор барои ғалаба” низ нақш бозӣ карда буд.

Соли 2016 бевосита бо кӯшишҳои Пеле Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия баргузор гардид. 

Пеле 3 маротиба оиладор шуда, соҳиби 5 фарзанд аст. 

Хабари марги Пеле дар саросари ҷаҳон аксарияти одамонро рӯҳафтода кард.

Президенти Фаронса Эмануел Макрон бо шунидани хабари марги Пеле дар саҳифаи Твиттери худ чунин навиштааст: “БОЗӢ. ШОҲ. АБАДИЯТ”.

Мбапе, ки аксарият ӯро дар баробари Лионел Месси футболбози беҳтарини соли ҷорӣ медонанд, дар Твиттери худ навиштааст, ки “Шоҳи футбол моро тарк кард, вале мероси ӯ барои башарият абадист”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button