МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БА ИН ҲАМВАТАНАМОН ДАР НОВОСИБИРСК КУМАК КУНЕД, ТО ПУЛАШ НАСӮЗАД

Як ҳамватани мо аз шаҳри Новосибирски Русия ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат карда, дар ҳалли як масъала кумак пурсид.

Ин муҳоҷири тоҷик барои рӯзи 11 январи соли 2023 ба парвози Новосибирск – Тошканд чипта харидааст, вале азбаски корҳояш ба таъхир афтодаанд, маҷбур аст, ки дертар сафар кунад.

Азбаски ӯ ин чиптаро барои парвоз бо ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “S7” (“Сибирь”) бидуни ҳаққи баргардондан харида будааст, ҳоло танҳо коре, ки метавонад бикунад, чиптаашро метавонад ба номи каси дигар иваз кунанд, вале пулашро аз ширкати чиптафурӯшӣ, мутаассифона,  пас гирифта наметавонад.

Ин ҳамватани мо аз дигар муҳоҷироне, ки азми сафар ба Ватан доранд (ба Тоҷикистон ё Ӯзбекистон) хоҳиш дорад, ки ин чиптаро аз ӯ бихаранд.

Ӯ омода аст, ки чиптаро аз нархаш, ки 10 ҳазору 916 рубл буд,  поёнтар фарорар ва бо нархи боз 1000 рубл арзонтар, яъне бо нархи наздики 10 ҳазор рубл, ба номи каси дигар кунад.

Ҳавопаймои ширкати S7” (“Сибирь”) аз Новосибирск шаби 11 январи соли 2023, соати 22:40 ба вақти Новосибирск ба парвоз даромада, қарор аст, ҳамон шаб, соати 23:55 дар фурудгоҳи Тошканд фуруд биояд.

Аз онҳое, ки метавонанд ба ин ҳамватанамон дар ҳалли ин масъала ва насӯхтани пули чиптааш метавонад кумак кунад, хоҳиш мекунем бо ин рақам тамос бигиранд:

+7 923 502 05 49

Аз дохили Русия:

(8) 923 502 05 49

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button