ВидеоДин ва боварҳоКоррупсияТоҷикистон

5 СОЛУ 4 МОҲ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 4 МАНСАБДОРИ НОҲИЯИ ПАНҶ БАРОИ ҲАМКОРӢ БО “ИСЛОҲ ТВ”

Додгоҳи вилояти Хатлон бо ҳукми худ аз рӯзи 9 ноябри соли 2022 мудири собиқи шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, хабарнигори ТВ “Ҷаҳоннамо” Абдураҳмон Иззатмандов ва ду мансабдори дигар аз ин ноҳия Зоидов Ҷ.Д. ва Шералиев М.-ро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2) ва дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ (моддаи 346, қисми 2) ба 5 солу 4 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Иззатмандов ҳамчунин барои тасарруфи маблағҳо ба андозаи 80 ҳазору 591 сомонию 40 дирам ҳангоми кор карданаш дар вазифаи сармуҳосиби мактаби миёнаи №43 бар асоси қисми сеюми моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 32 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 3 ҳазор доллар ба фоидаи давлат ҷарима баста шуда, ба муддати 3 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ низ маҳрум карда шудааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30 декабри соли 2022 дар шарҳи ин парвандаи пурсарусадо гуфт, ин 4 сокини ноҳияи Панҷ аз ҷумла ба ирсоли наворҳо ба сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ ТВ” айбдор дониста шуданд.

Худи маҳкумшудагон ваё наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзия ва шарҳи додситонӣ, Изатмандов Абдураҳмон Қудратович аз моҳи январи соли 2017 дар вазифаи хабарнигори шабакаи давлатии телевизионии “Ҷаҳоннамо” кору фаъолият намуда, моҳи майи соли 2020, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ, бо Зоидов Ҷ.Д., сокини ҳамин ноҳия, вохӯрдааст. Зоидов зимни вохӯрӣ иброз намудааст, ки дар асоси фармони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии ноҳияи Панҷ, таъин шудааст, вале раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақир ӯро ба кор қабул накардааст ва аз ин рӯ, бояд нисбати номбурда дар Интернет маълумотҳои бадномкунанда паҳн кунад.

“Изатмандов А.Қ. ба фикри Зоидов Ҷ., розӣ шуда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ғоя ва ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати Ислом”-ро, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) террористӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади ғараз нақшаи ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ муосидат намуданро таҳрезӣ намудаанд.

Минбаъд, онҳо баҳри амалӣ намудани ин нақша, аз моҳи майи соли 2020, акс ва видеонаворҳои дороӣ маълумотҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Панҷро, аз қабили фаъолияти китобхона, пахтасупорӣ, қасри фарҳанг ва ғайраҳоро ҳамчун маълумотҳои бадномкунанда нисбати раиси ноҳияи Панҷ, Шоҳиён З.Ф. дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” тавассути саҳифаҳои “Азия- плюс” ва “Сафар Саидов” ба гурӯҳи сомона (сайт)-и интернетии “Паёми мардум”, ки марбут ба ташкилоти экстремистӣ- террористии “ҲНИТ” мебошад ирсол ва паҳн намуда, ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ мусоидат намудаанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Ин ниҳод меафзояд, ки баъдан хабарнигори ТВ “Ҷаҳоннамо” Абдураҳмон Изатмандов аз моҳи феврали соли 2021 то моҳи майи соли 2022, мунтазам бо собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ, Боймуротзода М.Б., ки номбурда бинобар сабаби тағйироти кадрӣ аз мансаб озод шуда буд, вохӯрда, дар бораи тавассути шабакаи интернетӣ паст задани шаъну шараф ва паҳн намудани маълумотҳои бадномкунанда нисбати Асомиддинзода Ш., мудири амалкунандаи шуъбаи маорифи ин ноҳия маслиҳати пешакиро анҷом дода, ба номбурда якчанд фиттаи дар он наворҳои видеоии гузаронидани чорабиниҳои соҳаи маориф сабт шударо додааст.

Додситонӣ мегӯяд, “Боймуротзода М.Б. он видеонаворҳоро тавассути шабакаҳои интернетӣ ба сомонаи интернетии канали “Ислоҳ-нет” марбут ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати Ислом’ равон намудааст, ки сипас он моҳи майи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҲНИТ” Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, бо тахаллуси “Муҳаммадиқболи Садриддин” мақола зери унвонии “Шикояти панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо” пахш гардидааст”.

“Ислоҳ ТВ” як сомонаи оппозитсионист, ки дар Аврупо таъсис ёфта, дар бораи коррупсия дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мунтазам барномаҳо нашр мекунад. Муассис ва муҷрии барномаҳои “Ислоҳ ТВ” Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки дар Аврупо ба сар мебарад.

Дар ин авохир дар Тоҷикистон чандин нафарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо “Ислоҳ ТВ” ва ҳатто барои тамошои барномаҳои он ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button