ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонРӯйдодҳои Бадахшон

МАҲАЛЛАИ ФУРУДГОҲИ ХОРУҒРО БА НОМИ ПОЛКОВНИК ХОЛИҚНАЗАРОВ ГУЗОШТАНД

Бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27 декабри соли 2022 маҳаллаи Фурудгоҳи маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзанди  далеру шуҷои Ватан шодравон Олимназар Холиқназаров ба номи ин полковники Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар ин бора шаҳрдории Хоруғ хабар дод.

Полковник Олимназар Холиқназаров ва капитан Шералӣ Раҳимов — ду зодаи вилояти Бадахшон — дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуданд.

Шаҳрдории Хоруғ дар шарҳи тасмими ба номи полковник Холиқназаров гузоштани маҳаллаи Фурудгоҳ гуфт: “Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузории заҳматҳои ҷавонмардонаву садоқати ватандӯстонаи як фарзанди сарсупурдаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбии худ содиқ монд, роҳандозӣ гардид. Ташаббуси мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, инчунин садоқату вафодорӣ ба Ватан — модар ва хоки муқаддаси Тоҷикистон равона гардидааст”.

Ҳамзамон хабар омад, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар мактаби миёнаи № 8-ро ба номи сарбози низ дар марз бо Қирғизистон ҳалокшуда Аслан Мениқулов гузоштанд.

Шаҳрдории Бохтар хабар дод, ки бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳр ба номи Мениқулов Аслан Сайдуллохонович номгузорӣ шуд.

Зодаи шаҳри Бохтар Мениқулов Аслан низ моҳи сентябр дар марз бо Қирғизистон кушта шуд. Ӯ соли 2021 баъди хатми ҳамин мактаби №8 бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафта, бино ба иттилои шаҳрдории Бохтар, “баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳангоми муноқишаҳои  байни сарҳадӣ аз худ далерию ҷасурӣ нишон дода, ҷон супурд”.

Муноқишаи хунину мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон асосан дар марзи Исфараву Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак аз ҳарду тараф беш аз 140 кушта ва ҳудуди 450 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғистон, балки дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо чизе бештар аз 630 километраш пурра таъйин ва аломатшгузорӣ шудааст ва дар қитъаҳои баҳсии номуайяншуда ҳар сари чанд вақт бар сари тақсими обу замину чарогоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Раисиҷумҳури  Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран гуфт, ки онҳо мехоҳанд алакай то поёни соли 2022 бо Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилоти марзӣ ба тавофуқ бирасанд. Ӯ ахиран гуфт, тавофуқ дар ин масъала шояд то миёнаҳои соли 2023 ба даст биояд.

Аслан Мениқулов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button