ВидеоИқтисодҶомеа

БА ҲАР ОИЛА – 600 СОМОНӢ: ТО СОЛИ НАВ БА НИМ МИЛЛИОН ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ТОҶИКИСТОН КУМАКПУЛӢ МЕДИҲАНД

Бино ба иттилои расмӣ, қарор аст, алакай то поёни соли 2022 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба қариб ним миллион сокинони муҳтоҷу камбизоати ҷумҳурӣ кумакпулии яквақта расонда шавад.

Хабаргузории расмии “Ховар” хабар дод, ки ироаи кумакҳои молиявӣ ба чунин шумораи бузурги аҳолии камбизоат ва муҳтоҷ дар таърихи Тоҷикистон  бори аввал сурат мегирад.

Ин хабаргузорӣ навишт, ки  ҳукумати Тоҷикистон алакай рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишварро тасдиқ кард ва тасмим гирифт, ки ба онҳо кумакпулии яквақтаи ҳадди ақалли музди меҳнат супорид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ алакай қарори дахлдорро ба имзо расонида, ба «Амонатбонк» дастур додааст, ки ин маблағҳоро ба аҳолӣ пардохт намоянд. Гуфта мешавад, ки маблағҳо ба кортҳои бонкӣ гузаронида шуда, ё дар шакли пули нақд дода мешаванд ва интизор меравад, ки маблағҳо алакай то охири соли равон ба эҳтиёҷмандон дастрас шаванд. Ҳаҷми кумакпулӣ барои ҳар оила 600 сомониро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар паёми солонааш хабар дод, ки и бори аввал дар таърихи кишвар 475 ҳазор шаҳрвандони эҳтиёҷманд кумаки молиявӣ дар шакли кумакпулии яквақта мегиранд. Ӯ гуфт, барои ин  аз будҷа 285 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин кумакҳои молиявӣ ба кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ дода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфт, ҳарчанд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар солҳои охир хеле коҳиш ёфт, боз ҳам 22 фоизи аҳолӣ дар зери хатти фақр ба сар мебарад. Тибқи ченакҳои байналмилалӣ, оилаҳое фақир ба шумор мераванд, ки сатҳи даромадашон ба сари ҳар узви ин оила аз як доллар дар як шабонарӯз камтар бошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба ҳукумат ҳамчунин дастур дод, ки ба хотири дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 июли соли 2023 ҳаҷми кумакҳои моддиро ба қишри эҳтиёҷманд афзоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, маблағи кумакпулӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд аз 512 сомонии кунунӣ ба 836 сомонӣ расонида мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button