ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАСТГИР ШУДАНИ 3 ҚИМОРБОЗ ДАР ҶАРАЁНИ АМАЛИЁТИ МАХСУС (ВИДЕО)

Милитсияи шаҳри Душанбе  рӯзи 28 декбари соли 2022 хабар дод, ки дар пайи нашри видеои бозии “алик-малик” дар назди бозорҳои “Ганҷина ва “Саховат” ин дафъа се нафарро дастгир ва ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ин видеоро як рӯз қабл нашр карда буд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» падидаи номатлуб ва ғайриқонуниест, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасанд. Гарчанде кормандони мақомоти милитсия пайваста рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида, чунин афродро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд, ҳам вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз такроран ба ин амали мардумфиребона машғул мегарданд.


  Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст.
  Аз ҷумла, дар ҷараёни ин амалиёти санҷишӣ 3 қиморбоз шаҳрвандон; Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи тавалудаш 08.09.1995;

Ризоев Комил Нуралиевич, санаи таваллудаш 15.10.1984

ва Шарофиддини Иноятшоҳ, санаи таваллудаш 26.11.2000 дастгир карда шуданд.

Милитсияи Душанбе мегӯяд, ҳарчанд ин 3 нафар қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷиҳати минбаъд такрор накардан расман огоҳт гирифта бошанд ҳам, вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд.
  Вобаста ба ин, нисбат ба ин 3 қиморбоз барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои додгоҳ нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯзӣ таъин карда шудааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт хостааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсия ирсол намоянд.

https://www.facebook.com/groups/httpdushanbepolice.tj/posts/541619571208532/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button