ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

БА ПЕШИ ДАЛЕРУ ЗАВҚИБЕК… АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО НИЗ БА ЗИНДОНИ “1-УМ СОВЕТСКИЙ” БУРДАНД

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти зиндонии тоҷикро субҳи 28 декабри соли 2022 ба маҳбаси №4, маъруф ба зиндони “1-ум Советский”, ки дар маҳаллаи ҳамноми пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст, интиқол додаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, Абдуллоҳ Ғурбатӣ 15 рӯзи аввал дар ин маҳбас дар карантин қарор хоҳад дошт ва танҳо баъди он хешовандонаш имкони дидор бо ӯро пайдо хоҳанд кард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ин маҳбас ҳамроҳ бо Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ, боз ду журналисти маҳкумшуда адои ҳукм хоҳад кард. Дар як маҳбас адои ҳукм кардан аз ҷумлаи хоҳишҳое буд, ки дар аввали моҳи декабр Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар мулоқот бо гузоришгари вижаи Созмони Милал Мери Лоулор зимни боздиди ӯ аз Тоҷикистон ва мулоқоташ бо чанде аз маҳбусони сиёсӣ садо дода буд.

Интиқоли Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба маҳбас дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 16 декабр додгоҳи шаҳри Душанбе 7,5 соли ҳукми зиндони ӯро бетағйир боқӣ гузошт.  Баъди рад шудани шикояташон, Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ки бо ҳамин ” ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо  (зиндон) интиқол дода мешавад”.

Шарипов гуфт, бо ин вуҷуд, онҳо ният доранд ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят баранд. Ҳарчанд умед ба имкони бозбинии ҳукми зиндони Ғурбатӣ ва дигар журналистони дар ин авохир зиндонишудаи тоҷик торафт камтару камтар мешавад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро аввал ба таҳқиру латтукӯби корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо мухолифин айбдор карданд. Худи Ғурбатӣ ин иддаоро қотеъона рад карда, гуфтааст, на узви ҳизби наҳзат асту на милисаро ягон чӯртӣ задааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ моҳи июн дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст…

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 4 октябр дар як мурофиаи амалан пушти дарҳои баста, ки дар бинои СИЗО доир шуд, Ғурбатиро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Баъди ду ҳафтаи ӯ, ҳамин додгоҳ, боз ҳам пушти дарҳои баста ва боз ҳам дар даруни СИЗО Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Дар моҳҳои охир  дар Тоҷикистон дастикам 10 журналисту блогер, аз ҷумла 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон (Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев), журналистон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳабс шуданд. Аз ин шумор Улфатхоним Мамадшоева ба 21 сол, Рамзес Шогунов ба 13 сол, Комчек Мирзоев ба 10 сол ва Хушом Гулям ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (собиқ КГБ) ва журналист, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳарсе ба 7 соли зиндон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон ҳукми зиндони ин журналистони тоҷикро беасос номида, аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки журналистони дастгиршударо озод карда, дигар монеи фаъолияти озодонаи аҳли матбуот нашаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button