ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАИ ПУЛФИРИСТИИ “MONEYGRAM” ДАР ТОҶИКИСТОН

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2022, №146 бинобар сабаби ба охир расидани муҳлаташ амали иҷозатномаи MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк.) қатъ карда шуд. Раёсати Бонки миллӣ ба ин шабакаи бузурги пулфиристӣ аз 30 августи соли 2019 дар асоси моддаи 14.1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иҷозаи фаъолият дар ҷумҳуриро дода буд.

MoneyGram ширкати амрикоӣ буда, дуюмин шабакаи бузурги пулфиристӣ дар ҷаҳон дониста мешавад. Ин шабака дар беш аз 200 кишвари дунё фаъолият ва дар саросари ҷаҳон 347 ҳазор дафтару намояндагӣ дорад.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амалаш, иҷозатномаи боз як шабакаи пулфиристӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БЭСТ”-ро низ қатъ кардааст. Иҷозатномаи ин ширкати русӣ низ 30 августи соли 2019 дода шуда буд.

Дар асоси қарорҳои мазкур идораи низоми пардохти Бонкӣ миллӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намуда, ин ду шабакаро аз он феҳрист хориҷ намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 Маркази миллии протсессингиро ба кор дароварда, дар пайи он аз шабакаҳои пулфиристӣ талаб кард, ки дар Тоҷикистон аз нав сабти ном шуда, дар Бонки миллӣ депозит кушоянд. Бонки миллӣ дар пайи он “бозсозӣ”ба шабакаи “Золотая корона”, яке аз бузургтарин шабакаи пулфиристӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ, дигар иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро надод.

Шабакаҳои пулфиристӣ барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон, хеле муҳим ба шумор мераванд, чунки аксари муҳоҷирон маоши худро ба Ватан аз тариқи ҳамин шабакаҳо мефиристанд.

Соли 2021 танҳо аз Русия тавассути шабакаҳои пулфиристӣ ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар пул интиқол додаанд, ки қариб баробари буҷаи солонаи ин кишвар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button