ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

“МАРО ГОВСУД КАРДЕД!” ШАШУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН БАРОИ ОШИ ХУДОИИ БОҚИР

Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ ва язнаи Ораз Вазирбеков, раҳбари зиндонишудаи ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русия ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Мақомот дар бораи боздошту парванда ва ҳукми ӯ то ҳол ягон шарҳ намедиҳанд.  Вале Радиои Озодӣ  бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Хоруғ ҳукми Абдолбековро рӯзи 22-юми декабри соли 2022 эълон кард.

“Ҷараёни мурофиа бо ҳузури пайвандон, аммо бе вакили мудофеъ гузашт,” – гуфтааст як манбаъ ба шарти фош нашудани номаш. Ба қавли ҳамсуҳбати Озодӣ, додгоҳ Абдолбековро расман ба “тундгароӣ” (қисми дувуми моддаи 307) ва “истеҳсолу нигоҳдорӣ, интиқоли мол ва маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” (моддаи 209-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор донист.

Худи Абдолбеков дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаи парванда иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо беасос донистааст. Ба қавли яке аз пайвандонаш, ки дар мурофиа ҳузур дошт, Тоҳир Абдолбеков хитоб ба додрас гуфтааст, “маро говсуд кардед!”

Тоҳир Абдолбеков, шавҳари хоҳари Ораз Вазирбеков, раиси собиқи ЖКХ шаҳри Хоруғ ва вакили собиқи маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки вақтҳои охир ба тиҷорат машғул буду дар Хоруғ чанд мағоза дошт, моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва билофосила ба “ифротгароӣ” ва “ёрӣ расондан ба эътирозгарони Хоруғ” айбдор шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдолбековро аз ҷумла ба он гунаҳкор мекарданд, ки гӯё оши худоӣ ва дигар маъракаҳои мотами лидерҳои ғайрирасмии кушташудаи Хоруғ, аз ҷумла оши худоии Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро додааст. Иттиҳоми дигари зидди ӯ ҳамкорӣ ва тамос бо Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Хоруғ буд. Аммо  Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, ин иддаоро рад карда, гуфта буд, бо Тоҳир Абдолбеков на ҳамкорӣ, балки ихтилофи сиёсӣ дошт.

“Абдолбеков узви ҳизби ҳокими халқии демократӣ буд, ман муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Дар маъракаҳои сиёсӣ рақиб будем. Вақте узви Маҷлиси вилоятӣ шуд, муносибат боз ҳам бадтар буд. Аз соли 2015 ба ин тараф ҳеч тамосе байни мо вуҷуд надошт,” – гуфта буд Шерзамонов.

Бисёриҳо парвандаи Абдолбековаро ба додарарӯсаш Ораз Вазирбеков рабт медиҳанд. Вазирбеков, ки яке аз раҳбарони пурнуфузи диаспораи помириҳо дар Русия дониста мешуд,  дар поёни моҳи июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав  дастгир гардида, ба Душанбе оварда шуд ва дар аввали моҳи ноябр ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Тафсилоти ҳукми ӯ то ҳол расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои ғайрирасмӣ, додгоҳ ӯро ба ифротгароӣ, даъват ба сарнагун кардани ҳукумат ва аз худ кардани кумакҳоти хайрия гунаҳкор шинохтааст. Худи Ораз Вазирбеков дар додгоҳ ин иттиҳомотро рад кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button