ВидеоҲуқуқи инсон

АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДА БА 7 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 26 декабри соли 2022 дар як мурофиаи пушти дарҳои баста, ки дар бинои СИЗО ё боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе доир шуд,  журналисти тоҷик  Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2)  ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли  Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари журналисти зиндонӣ хабар дод. Абдукарим Пирмуҳаммадзода хабар додааст, ки дар рӯзи эълони ҳукм ҳамсару фарзандони рӯзноманигорро ба толори додгоҳ роҳ додаанд ва додгоҳ вале ӯро бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3  ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистааст.

Худи Пирмуҳаммадзода қаблан ин иттиҳомро шадидан рад карда, гуфта буд, ки зери фишори шиканҷа маҷбур шуда буд, ки “иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомотро ба дӯш бигирад”.

Ӯ ҳамчунин дар номаи аз СИЗО, ки моҳи октябр ба дасти расонаҳо расид, гуфта буд, ки ба мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад ва хуб медонад, ки ҳукми ӯ ҳанӯз пеш аз боздошташ “дар долонҳои ҳукумат навишта шудааст”.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари ӯ низ гуфт, ки аз 7 сол ҳукми бародараш розӣ нестанд: “Ҳукм ноодилона аст. Бо хулосаи додрас розӣ нестем. Худаш қаблан ва ҳангоми мурофиа низ иттиҳомро беасос номидааст”.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 16 декабр аз додгоҳ барои Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон талаб карда буд. Худи журналист дар сухани охиринаш бори дигар иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо бепояву беасос номида, рад карда буд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 44 сол ва 4 фарзанд дошта, қаблан дар радио кор мекард. Номи ӯ моҳи ноябри соли 2020 замоне вирди забонҳо шуд, ки бо нашри як видео дар Рӯзи президент аз бедодгариҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ронандагони такси шикоят кард.

Пирмуҳаммадзода  дар аввали моҳи июли соли 2022, дар пайи нашри чанд муроҷиатнома бо талаби озодии журналистони мустақил Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки 15 июн ба ҳабс гирифта шуданд, аз ҷониби маъмурони УБОП дар манзилаш дар канори шаҳри Ваҳдат дастгир шуд. Маъмурони УБОП аз Ваҳдат баробари ӯ Завқибек Саидаминиро, ки ӯ ҳам бо талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ садо баланд карда буд, дастгир карданд.

Аз ин чор нафар Далери Имомалӣ ба 10 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода ба 7солӣ маҳкум шуданд. Мурофиаҳои ҳамаи онҳо дар бинои СИЗО пушти дарҳои баста ва бе иштироки аҳли ҷомиа ва журналистон доир шуданд.

Дар умум дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон беш аз 10 блогеру журналист ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардида, ин боис шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро “кишвари зиндони журналистҳо” биноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ҳукми журналистону блогерҳои зиндонишудаи тоҷикро ғайриодилона номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ҳамаи журналистҳои боздошту зиндонишударо озод карда, таъқиби матбуотро бас кунад. Душанбе то кунун ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button