ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ШОИРИ ТОҶИК АБДУВОҲИД ҶАББОРПУР МЕГӮЯД, МАҚОМОТ ӮРО ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Абдувоҳид Ҷабборпур, шоири тоҷики муқими Русия, ки бо ҳамлаҳояш ба мухолифин ва мунтақидони ҳукумат ном бароварда буд, рӯзи 25 декабри соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба далелҳои барояш ҳанӯз номаълуме ӯро ҷустуҷӯ доранд ва талаб кардаанд, ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад.

Абдувоҳид Ҷабборпур, ки чандин сол боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, рӯзи 25 декабр  дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД дар водии Зарафшон (УБОП) ба мудири мактаби деҳаашон занг зада, амр додаанд, ки ӯ ҳар куҷо бошад, барои бозпурсӣ ба назди онҳо ҳозир шавад.

Сабабашро ягон шарҳ надодаанд, ки оё аз ман чӣ мехоҳанд? Имрӯз ба модарам занг задам ва модарам хабардорам кард, ки УБОП туро ҷустуҷӯ дорад. Ҳама медонанд, ки ман ягон бор лаб ба танқиди роҳбари давлат ё ягон корманди ҳукумати Тоҷикистон накушодаам, балки баракс мухолифини ҳукуматро ошкоро танқид мекардам”, – гуфт Абдувоҳид Ҷабборпур.

Хонаводаи Абдувоҳид Ҷабборпур дар деҳаи Ҳафтрӯд (собиқ Қиёқлӣ) дар ҷамоати Шинг дар канори шаҳри Панҷакент ба мебаранд.

Абдувоҳид Ҷабборпур, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст, дар солҳои охир чандин шеър бо мазаммату танқид аз созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24” нашр кардаааст.

Ӯ ҳамин тавр, бо тавсифи ҳукумат, аз ҷумла дар ситоиши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, чандин шеър нашр карда ва ба гуфтаи худаш, “тӯли 4 сол ман пуштибонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон бо наҳзатиҳову “Гурӯҳҳи 24” мубориза бурдам, наҳзатиҳо бо фейкҳояшон аз кӯдаки гаҳвора будаи ман то бибии зери қабр будаамро дашном доданд, ин қадар тавассути мессандҷер дашному ҳақорат фиристодаанд, ки ҳисоб надорад… Дар охир як сари мӯ ҷуз зарар аз касе чизе надидаам, ҳатто шеъре, ки ба шаҳрдории Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида будам, инқадар аз наҳзатиҳо ба ҳар як ҳарфи ин шеър дашном шунидаам, рӯзе то 50 фейки наҳзатиро блок кардам…”

Ба ин далел, ин шоири тоҷики муқими Русия мегӯяд, ҳеҷ намефаҳмад, ки ба кадом далел УБОП аз паси кофтукоби ӯ шудааст?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла УБОП, ин даъвои шоири тоҷикро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аз ин маълум мешавад тамоми он касоне ки аз ҳукумат таъриф мекунанду ҳимоят, чӣ фейкӣ ва чӣ бо исму расми мушаххас худҷӯш ва мардумӣ нестанд, балки ҳамаи инҳо супоришию ҳукуматӣ аст. Яъне ҳукумат дигар ҳомии мардумӣ надорад. Ин ҳақиқат фош шуд. Зеро инҳо диданд, ки як одам чанд сол аз ҳукумат ҳимоят мекунад аммо ба ягон мақомот вобаста нест ва музде дар ивази ин муздурӣ дарёфт намекунад, шубҳа карданд ва аз пайяш шуданд. Ин аломати ошкори заъфи ҳукумат ва надоштани ҳомии мардумӣ аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button