ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ҲАМЛА БА ЖУРНАЛИСТ ВА ФИЛМСОЗИ ТОҶИК БОБОҶОН МЕҲТОҶИЁН ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Бобоҷон Меҳтоҷиён, журналист ва филмсози тоҷик, ки қаблан дар шабакаи “ТВ Синамо” ва ҳоло дар киностудияи “Тоҷикфилм” ва созмони байналмилалии “Табибони бидуни марз” (“Médecins Sans Frontières”, MSF) кор мекунад, рӯзи 25 декабри соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ахиран дар наздикии ҷои кораш ҳадафи ҳамлаи авбошона қарор гирифт, вале бо гузашти беш аз як ҳафта то ҳол нафарони гунаҳкорро дастгир накардаанд.

Бобоҷон Меҳтоҷиён аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки қазияи ӯро мӯшикофона таҳқиқ ва гунаҳкоронро дастгир карда, бовариашро ба ибораҳои “Душанбе  – шаҳри ором” ва “Душанбе – шаҳри бехатар” баргардонанд ва собит кунанд, инҳо шиорҳои ҳавоӣ нестанд.

Ӯ менависад, ҳоло дар вазъе қарор дорад, ки бодҳои андеша оҳиста-оҳиста аз зеҳнаш боварӣ ба ибораҳои “Душанбе  – шаҳри ором” ва “Душанбе – шаҳри бехатар”-ро дур карда истодаанд.

Зеро дар гӯшаи ин шаҳр як шоме хона мерафтам, тақрибан 800 метр аз ҷои корам дуртар шуда будам. Ногуфта намонад, ки маҳалли кориям ҳамагӣ 2,5 километр аз маркази шаҳр дур аст. Ба пуштам назар кардам, ки шабаҳи одаме дар торикӣ аз дур пайдо шуд, ки ба ҳамин роҳи ман меомад ва ду нафари дигар ҳам қад-қади роҳи мошингард баробари он шабаҳ меомаданд. Фикр кардам раҳгузаранд, вале на. Ҳис кардам, ки онҳо маро таъқиб доранд. Баробари дар паҳлӯям рост шудан, маълум шуд, ки он шабаҳи ҷавонест, ки тақрибан 20-25 сола аст ва дар пушти сараш камтар мӯй давондааст. Дар як даст сигор дошт ва дасти дигарашро дар ҷайби курткаи ҷигарӣ гузошта буд. Дар паҳлӯям рост шуд ва савол кард, “Куҷо меравӣ?”. Гуфтам: “Хона меравам”. Дар баробари саволу ҷавоби дубора чунон маҳкам ба чашми ростам зад, ки дигар чизеро надидам. Аз биниям хун ҷорӣ шуд. Аллакай дуи дигар ҳам омада пешамро гирифта буданд. Дар ҳолати шок ва изтироб насиҳати Брюс Лиро ба ҷо овардам. Яъне фирор кардам. Ба сӯи корхона. Онҳо маро таъқиб мекарданд. Поёнтар раҳгузарон рафтуомад доштанд ва касе аҳамияте ҳам намедод, ки чӣ гап аст? Ҳама аз дидани ин манзара кӯшиш мекарданд бетараф бошанд. Дунёи бераҳм...” – нақл мекунад Бобоҷон Меҳтоҷиён.

Ӯ мутмаин аст, ки лаҳзаи фирораш бояд дар камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт шуда бошад. Баъди аз чанголи он авбошон раҳо шудан Меҳтоҷиён ба мақомоти милитсия занг задааст, вале бо гузашти беш аз як ҳафта, ба қавли маъруф, “на пай асту на Ҳайдар».

Меҳтоҷиён рӯзи дигар барои ташхис ба  бемористон рафтааст ва духтур гуфтааст: “Худо раҳматро хӯрдаасту зарба рост ба чашм нарасидааст. Вагарна чашмат дигар намедид”.

Бобоҷон Меҳтоҷиён менависад, ин суол ӯро азият медиҳад, ки чаро маро заданд ва барои чӣ?

Шояд ба корам рабт дошт ё магар ба касбам, ки дипломи рӯзноманигорӣ дорам ва ё онҳо авбоше беш набуданд. Хулоса, то ба ҳол ин саволҳо зеҳнамро ором намегузоранд.  “Аблаҳе гар аз бом биафтад гардани мо бишканад”- гуфтаанд. Инак беш аз як ҳафта мешавад, ки дар ба дари беморхонаҳоям ва кормандони тиб ҳолати «рӯсурхиам»-ро дида аз ман ибо мекунанд. «Духтур», «дору», «харидани дору», «роҳ», «чанд пул мешавад?», «кай биоям?», «эҳтиёт кунед» ин аст он ҳама ташвиши ман тӯли ин муддат…”

Ӯ меафзояд ҳолати ҷисмонияш кам–кам ба эътидол омада истодааст, вале ҳолати равониаш ҳанӯз ҳам хуб нест ва чашми зарбхӯрдааш ҳоло ҳам хира мебинад, зеро зарбаи сахт ба мардумаки чашм таъсири худашро расонидааст.

Журналисти тоҷик мутмаин аст, ки “агар ҷилави ин гуна авбошон сари вақт кашида нашавад, шояд ҷони даҳҳо тани дигар дар хатар монад. Аз тарафи дигар мисли ман онҳо низ ба мафҳуме чун “Душанбе шаҳри бехатар” ва ё “Душанбе шаҳри ором” дигар эътимод накунанд. Барои ҳамин, аз гӯшту пӯсти ин гуна шӯрапуштон ва ё хатохӯрдагони ҷанинӣ набояд гузашт. Мехоҳам бидонам, ки онҳо авбош буданд, то барои ғорат кардани мардум гоҳ- гоҳ он ҷо менишинанд? Кистанд онҳо? Барои чӣ?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button