ПОЙТАХТИ ҶОВИДОН: САЙРИ ДУШАНБЕ БО НУРҲОИ ХУРШЕД

Ато Мирхоҷа
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
ПОЙТАХТИ ҶОВИДОН
Эй Душанбе !
Аз тамоми шаҳрҳои рӯи дунё хуб,
Аз тамоми шаҳрҳои рӯи дунё беҳ.
Шаҳри хуршедӣ,
Шаҳри сулҳ астиву Ваҳдат.
Баски ҳар субҳ
Офтобат медамад аз шаҳри Ваҳдат,
Мерасад дар кӯчаи Айнӣ,
Мефишонад нури раҳмат,
Меравад бар чашмбӯси ҳайкали чун кӯҳи Сомонӣ,
Медурахшад, медиҳад ӯро шаҳомат.
Мерасад дар кӯчаи Сино,
Мекунад моро ба нури худ табобат.
Пас ба пои Рӯдакӣ сар мениҳад дар кӯчаи ӯ,
Шеърхонон медиҳад моро муҳаббат.
Шомгаҳ доман кашад дар кӯи Фирдавсӣ,
Менишинад дар ҷабини нозанинаш,
Чор сӯро мекунад пур аз тароват.
Эй Душанбе!
Аз тамоми шаҳрҳо хушрӯ,
Аз тамоми шаҳрҳо дилҷӯ.
Гар нигини мулки кӯҳистон бувад Хоруғ,
Гар Хуҷанди мо тирози ин ҷаҳон аст.
Гар бувад Кӯлоби мо маҳди ҷавонмардӣ,
Бохтар гар шаҳри файзу ҷуду эҳсон аст,
Гар Ҳисори мо биҳишти Тоҷикистон аст,
Нораку Роғуни агар нерӯи мо бошанд,
Рашти мо гар маркази одобу имон аст,
Эй Душанбе!
Ту нигини сад куҳистонӣ чу Хоруғ,
Чун Хуҷанди худ тирози ин ҷаҳонӣ,
Мисли Кӯлобат туӣ маҳди ҷавонмардӣ
Ва мисли Бохтар пурҷуду эҳсонӣ.
Чун Ҳисори худ биҳишти Тоҷикистонӣ
Ва чун Роғуну Норак нерӯи миллат,
Ба мисли Рашт ту гаҳвораи одобу имонӣ!
Эй Душанбе!
Баҳри ман
Ту на танҳо аз тамоми шаҳрҳо,
Бал аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳонӣ беҳ.
Байни садҳо давлати дунё
Ту ҳастӣ давлати ман!
Сарвати ман,
Савлати ман,
Қуввати ман,
Қудрати ман,
Нози ман, ҳам неъмати ман!
Эй Душанбе,
Пойтахти Тоҷикистон –
Коргоҳу боргоҳи Пешво Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи кории ҷаҳон сар мешавад гар аз душанбе
то ба шанбе,
Пешвои тоҷиконро ҳафт рӯзи ҳафта
Худ рӯзи душанбе аст,
Баски шаҳри ӯ Душанбе аст,
Ишқу армонаш Душанбе аст,
Рӯзи саъду рӯзи осонаш душанбе аст.
Эй Душанбе,
Озмоишгоҳи Айнӣ,
Озмоишгоҳи Шотемур,
Озмоишгоҳи Махсум,
Озмоишгоҳи Бобоҷон Ғафур.
Маскани эҳёи давлатории тоҷик,
Маскани бедории тоҷик.
Парваришгоҳи Улуғзода,
Турсунзода, Боқӣ,
Осимию Миршаккар,
Муъмину Бозору Гулрухсору Лоиқ…
Парваришгоҳи занону мардҳои фавқулода,
Ҳар яке фоиқ.
Ҳар яке умре барои Тоҷикистон
Борҳо чун Улҷабоев гашта бо бадхоҳи миллат
Тан ба тан мушту гиребон.
Ҳар яке чун Талбаки Лола
Борҳо кардаст хомуш оташи ҳар гуна зиллат.
То ки тоҷи Тоҷикистон бар сараш монад,
То Душанбе меҳвараш монад.
Эй Душанбе,
Ифтихори ҳар душанбегӣ,
Нангу ори ҳар душанбегӣ,
Мисли гул парварданат
Бошад шиори ҳар душанбегӣ.
Бо қарори шаҳриёрат зистан
Бошад қарори ҳар душанбегӣ.
Эй Душанбе,
Аз тамоми пойтахтон беҳ!
Пойтахти мо агарчи буд бисёр,
Гаҳ Бухоро буду гоҳе Балх,
Гоҳе Ғазна, гоҳе Марв,
Гоҳе Исфаҳону гаҳ Самарқанд,
Рӯзи мо аммо дар онон буд талх,
Ҳеҷ як дар мо начарбиданд.
Шоҳҳои мо ҳама
Дар пои тахти хеш афтиданд.
Эй Душанбе,
Пойтахти охирини миллати мо,
Шаҳсутуни устувори давлати мо,
Мо туро аз ҷонҳои худ бино кардем,
З-орзуҳои худ,
Аз армонҳои худ бино кардем.
Мо туро аз кӯҳҳои худ бино кардем,
Мо туро аз рӯҳҳои худ бино кардем.
Эй Душанбе,
Пойтахти ормони мо,
Пойтахти ҷовидони мо!