ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДЕҲАИ ОБИ ШИФО

Шаби 21-уми декабр, тахминан соати 23:00, дар ҳудуди деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ бар асари ба симчӯби канори роҳ бархӯрдани мошини тамғаи “Лексус-350”, ин мошинт даргирифта, дар натиҷа, як зани мусофири 63-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, ронанда ва як мусфири дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ кардаанд.

ххххххххххххххххх

Аз як сокини 29-солаи шаҳри Истаравшан 24 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд.



Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23.12.2022

Ҳодисаи нақлиётии марговар

029

21-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-350”, Гулов Умар Сангалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дар дохили автомашина сӯхтор ба амал омада, худи ронанда Гулов У.С ва мусофиронаш Самадов Қосимҷон, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи мазкур ва 1 нафари шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Юсупова Саломат Артиқовна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунӣ

005

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 24 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button