ТаърихЧеҳраҳо

ПАДАРИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ КӢ БУД?

Одил Нозир

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Дар бораи рӯзгору осори академик Бобоҷон Ғафуров зиёд навиштаанд, вале бевосита зиндагиномаи аллома дар нигоштаҳои Аҳрор Мухторов, Усмонҷон Ғаффоров, Ҳайдаршо Пирумшоев, Иброҳим Усмонов, Шариф Ҳамдампур… муфассал инъикос шудааст. Дар ин нигоштаҳо, ёддошту хотираҳо ва мақолаҳое, ки банда хондаам, дар бораи гузаштагони Бобоҷон Ғафуров ҳарфи зиёде нест. Фақат дар бораи модари аллома шоира Розия Озод ва нақши эшон дар сарнавишти Бобоҷон Ғафуров таълифот фаровон аст…

Шаҷараи авлодии Бобоҷон Ғафуров аз Сангин оғоз мешавад.

Мувофиқи маълумотҳо Сангинбой ва гузаштагонаш аз азал дар маҳаллаи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекарданд. Аз кӯҳистон ба Фарғона муҳоҷир шудани онҳо дар ягон ҷо зикр нашудааст. Сангинбой чун гузаштагонаш бофанда буд, вале оҳиста оҳиста вақте фарзандонаш калон шуданд, аз уҳдаи таъмини як оилаи калон баромадан ба ӯ душворӣ меовард. Ҳамин аст, ки ӯ аз пайи мустақил кардани фарзандон шуд. Ӯ чор писар дошт: Абдулло, Умар, Машариф ва Ғафур. Сангинбой мувофиқи суннатҳои мардуми Хуҷанд ба Робиа ном духтари Бойматбойро аз маҳаллаи Чоршанбеи Хуҷанд хостгор шуда, ӯро барои писари калониаш Абдулло келин мекунад. Чун ҳавлии Сангинбой барои иқомати як оилаи дигар тангӣ мекард, Абдулло ба Исфисор кӯчид. Сабаби кӯчидани ӯ ба ин деҳа, рушду равнақи он баъди омадани қатори роҳи оҳан буд. Абдулло дар Исфисор қассобӣ мекард ва баъдан дӯкони гӯшт ҳам кушод. Як порча замин харид ва ба ҳамин васила зиндагии худашро пеш мебурд.

Вале ба воя расидани 3 писари баъдӣ низ ба Сангинбой зӯрӣ мекард. Бинобар ин, писари дигари ӯ Ғафур низ ба Исфисор ба назди бародар омад. Дар хонаи бародараш Абдулло вай бо духтари дуюми Бойматбой Розия шинос ва ба ӯ меҳр пайдо кард. Дере нагузашта Ғафур бо Розияи 15-сола оиладор шуд. Ҳамин аст, қиссаи ба Исфисор кӯчидани Ғафури Сангини Хуҷандӣ,падари Бобоҷон Ғафуров.

Ғафур касби асосӣ надошт. Боғбонӣ, бофандагӣ ва корҳои вазининро анҷом медод, ки оилаашро таъмин кунад. Баъди бо Розия хонадор шудан бо кӯмаки бародараш Абдулло дар паҳлӯи вокзали роҳи оҳан як порча замин харида, хонаи лоин ҳам сохта буд. Бо гузашти солҳо дар оилаи Ғафуру Розия пайи ҳам фарзандон таваллуд шуданд: Бобоҷон, Мӯъминҷон, Олимҷон, Тоҷинисо ва Зебуннисо…

Маблағи аз боғбонӣ ва корҳои сиёҳ пайдо мекардаи Ғафур ба таъмини оила намерасид. Бинобар ин ҳамсараш Розия маҷбур буд, ки дар хонаи одамони сарватманд хизматгорӣ кунад ва фарзандонаш низ ба корҳои ҳархела бароянд. Бобоҷон Ғафуров дар вокзал боркашонӣ мекард, аз Хуҷанд майда-чуйда харида, дар маҳаллаҳо мефурӯхт… Дар чунин шароит бахти Ғафур омад карду дар вокзал ба кор даромад. Вале ин аҳволи ин оиларо беҳтар накард…

Мувофиқи навиштаҳои Бобоҷон Ғафуров, Тоҷинисо Ғафурова ва Нинел Бобоҷоновна Ғафурова, падари аллома Ғафур марди ҳалолхӯр, ҳалолкор, заҳматкаш ва фидоии оилаву фарзандон буд. Ҳамин аст, ки вазнину сабук нагуфта кор мекард, то аҳли оила сер бошанд.

Афсӯс, соли таваллуди Ғафур маълум нест. Аксе аз ӯ ҳам ба ёдгор намондааст. Вале дақиқан, ӯ соли 1935 аз олам мегузарад.

Як лаҳзаи дигарро бояд хотиррасон кунам. Вақте Бобоҷон Ғафуров аввал ба Тошканд ва баъдан ба Москва ба таҳсил меравад ӯ дар деҳа оиладор буд. Ҳамсари тоҷики исфисорӣ дошт. Ҳамсари Ғафуров ҳомиладор мешавад ва дар як шаби боронӣ ӯро дарди таваллуд мегирад. Дояҳои маҳаллӣ ӯро таваллуд кунонида наметавонанд. Дар Исфисор он вақт таваллудхона ва табибони касбӣ набуданд. Ғафур маҷбур мешавад, ки ба шиддати борон нигоҳ накарда, келинро ба Хуҷанд барад. Дар роҳи Хуҷанд келин таваллуд накарда ҷон медиҳад. Ғафур то дами марг аз фарзандаш Бобоҷон шарм мекард, ки ҳамсару фарзандашоро наҷот дода натавонист…

Баъдан Бобоҷон Ғафуров ду маротибаи дигар оиладор мешавад: бори аввал ба Карима Одиловаи кабардин ва бори дуюм ба Капитолинаи рус.

Академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи шоҳасари “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Бобоҷон Ғафуров аз соли 1946 то 1956 тӯли 10 сол котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон  ва амалан раҳбари якуми ин ҷумҳурӣ буд ва сипас дами маргаш дар соли 1977 раҳбари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав буд. Дар вилояти Суғд як шаҳр ва бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шудаанд. Ӯ яке аз барҷастарин роҳбарони Тоҷикистон эътироф шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button