ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ РУСИЯ БАРОИ ҲАМЛА БА МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Як сокини вилояти Новгороди Русияро дар шаҳри Маскав бо гумони даст доштан дар ҳамла ба як муҳоҷири 21-сола аз Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ин ҷавони тоҷик, ки дар шаҳраки Кудрово дар канори Петербург зиндагӣ мекард, шоми 16 декабри соли 2022 дар парковка ё таваққуфгоҳи фурӯшгоҳи “Мега Дибенко” дар канори шаҳри Санкт-Петербург ҳадафи ҳамлаи як гуруҳи иборат аз тақрибан 10 нафар қарор гирифт. Дар пайи ин занозанӣ ҷавони тоҷикро бо захми корд дар ноҳияи қалбаш дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд.

Бино ба хабарҳо, сокини 27-солаи вилояти Новгородро дар натиҷаи ҷустуҷӯ аз назди Маркази эҷодиёти кӯдакон дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд ва бояд акнун ба вилояти Ленинград интиқолаш бидиҳанд. Бино ба фарзияи пешакии тафтишот, сабаби муноқиша баҳси онҳо барои ҷои кор шудааст. Ҷавони тоҷики кордхӯрда дар як ширкати ғизорасон кор мекардааст.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, шоми ҷумъа, 16 декабри соли 2022 шоҳидон ба пулиси ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия занг зада, дар бораи як занозании гуруҳӣ дар парковка ё таваққуфгоҳи фурӯшгоҳи “Мега Дибенко” дар канори шаҳри Санкт-Петербург хабар доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, як гуруҳи иборат аз тахминан 10 нафар як ҷавонро бо калтаку корд латтукӯб карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Ин муҳоҷири тоҷик ҳанӯз соли 2021 бо нияти кор ба Русия омада, дар шаҳраки Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Фурӯшгоҳи “Мега Дибенко”, ки дар дохилаш ҳипермаркети “Ашан” ҳам ҳаст, ҳамчунин дар паҳлуи шаҳраки Кудрово ҷойгир шудааст.

Дар робита ба ҳамла ба муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба сокини дастгиршудаи Новгород бар асоси ин банди қонун то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки муҳоҷирон чанд вақт боз мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button