ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

12 СОЛ ҲУКМИ СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ҚУБОДИЁН БАРОИ ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОН БА САФФИ ДОИШ

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиён Сафар Каримовро бо ҷурми барои рафтан ба Сурияву Ироқ ва пайвастан ба саффи созмони террористии ДОИШ даъват кардани шаҳрвандони дигар ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Додгоҳ ҳукми Каримовро ҳанӯз рӯзи 4 ноябр содир кардааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20 декабри соли 2022, баъди қувваи қонунӣ гирифтани ҳукмаш, бархе тафсилоти парвандаи ин сокини солхӯрдаи ноҳияи Қубодиёнро нашр кард.

Худи Сафар Каримов ваё адвокату наздиконаш барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додситонӣ, Каримов Сафар Шомуратович, санаи таваллудаш 24.07.1962, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, давоми солҳои 2004-2016 мунтазам бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав, пойтахти Русия рафта, дар Русия бо ақида ва ғояҳои ифротии созмони террористии  «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДОИШ), ки аз 15 апрели соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин кишвар  ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф  шуда, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, шинос шуда, онҳоро барои худ дуруст шуморида, пазируфтааст ва “дар шууру иродааш ҷой кардааст”.

Минбаъд, Каримов С.Ш. ҷиҳати зиёд кардани аъзои ДОИШ ва ҷалби шаҳрвандон ба он, бо ташвиқ ва тарғиби ақидаҳои ташкилоти террористии мазкур машғул шуда, дар ҳудуди шаҳри Маскав дар натиҷаи ташвиқот ва даъватҳои мунтазам шаҳрвандон Ҳасанов Ғ.А. ва бародараш Ҳасанов А.А., ақида ва ғояҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ»-ро қабул кардаанд. Ба ин далел барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта, нисбат ба Сафар Каримов бар асоси моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз 3 феврали соли 2017 ӯ зери ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дода буд.

Сафар Каримов дар ниҳоят моҳи августи соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Озинкии вилояти Самараи Русия дастгир гардид, вале аз моҳи август то моҳи ноябри соли 2017 дар боздоштгоҳи №1 дар Самара боз ҳам ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои ифротии ДОИШ идома дода, шаҳрвандони Русия Архипов Д.К., Алпатов А.И., Петров В.Э. ва Кузмич Г.А.-ро барои шомил шудан ба сафи аин созмони террористӣ ва сафар ба Сурия ва Ироқ даъват намудааст.

Зоҳиран ба ҳамин далел, Сафар Каримовро ибтидо дар Русия ба додгоҳ кашонда, танҳо баъди адои ҳукми зиндонаш ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Моддаи 401, иловаи 1 ҳамчун ҷазо барои ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар ба доми мубаллиғони ба ном “ҷиҳод” афтода, ба кишварҳои ҷангзадае, чун Сурияву Ироқ ва Афғонистон рафта, ба саффи созмонҳои ифротию террористӣ, асосан ба ДОИШ пайвастанд. Бино ба ҳисобҳо, дар Сурияву Ироқ беш аз 400 тан аз зодагони Тоҷикистон, ки дар саффи ДОИШ меҷангиданд, кушта шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, аксари ин шаҳрвандони тоҷик ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми мубаллиғони созмонҳои ифротию террористӣ афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button