Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ 62-СОЛАИ ВАРЗОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 декабри соли 2022 як мошини тамғаи “Тойота RAV 4, ки аз ҷониби як сокини 62-солаи ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзоб идора мешуд, бо сабабҳои номаълум дар қаламрави маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба канали дериватсионии Душанбе, сарозер шудааст.

Дар ин бора рӯзи 18-уми декабр, соати 13:06 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд.    

Дастаи имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, бо қарори роҳбарияти Кумита як дастаи иловагӣ аз Маркази наҷоти Кумита бо як адад автокран низ ба ҷои воқеа сафарбар карда шуд.

Соати 19:40 мошинро бо ҷасади ронандааш аз қаъри канал бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хешовандонаш супорида шуд. 

Аз ин пеш ВКД хабар дод, ки рӯзҳои 17 ва 18 декабр дар ду садама дар канори Ҳисор ва дар  Саразми Панҷакент се нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар деҳаи Гачаки Ҳисор шаби 17 декабр ронанда ва мусофири “Жигули” дар натиҷаи ба дарёи Хонақоҳ чаппа шудани мошин ҷон бохтаанд ва дар рӯзи 18 декабр дар Саразм бархӯрди “Опел” бо “Хафей” сабабгори марги ронандаи “Хафей” шудааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button