ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ГАЧАК ВА САРАЗМ ВА 17 ҲАЗОР ДОЛЛАРО ДУЗДИДАНИ ЗАНИ ПЕШХИДМАТ

Шаби 17-уми декабр, тахминан соати 21:30, бар асари дар ҳудуди деҳаи Гачак ба дарёи Хонақоҳ чаппа шудани мошини тамғаи “ВАЗ-2109” ронандаи 39-солаи ин мошин ва як мусофири чилсолааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ххххххххххххх
Рӯзи 18-уми декабр, соати 11:20, бар асари бархӯрди ду мошини «Опел-Зафира» ва “Хафей” дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати Саразм ронандаи 44-солаи “Хафей” дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст.

хххххххххххх

Як  зани 26-солаи сокини пойтахт ба он айбдор мешавад, ки моҳи октябр ҳангоми ҳамчун пешхидмат кор карданаш аз хонаи як зани  53-солаи сокини шаҳри Душанбе  17 ҳазор долларро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.12.2022

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар Ҳисору Саразм

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

17-уми декабри соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, Бобокалонов Наҷмиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Гаҷаки шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Хонакоҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Бобокалонов Н.Х. ва мусофираш Холов Файзиддин Саидович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
18-уми декабри соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Соатов Ҷамшед Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хафей», таҳти идораи Муродов Бозорбой Маҳмашарифович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хафей» Муродов Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Ошкор шудани ҳолати дуздии 17 ҳазор доллари амрикоӣ

000

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, зани 26-солаи сокини пойтахт ҳангоми кору фаъолият намуданаш ба ҳайси пешхизмат дар манзили истиқоматиаш бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷевонаш 17 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button