ВидеоҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ДУШАНБЕ 7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЗАВҚИБЕК САИДАМИНИРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти журналисти зиндонии тоҷик Завқибек Саидаминиро сарфи назар карда, 7 сол ҳукми зиндони ӯро бетағйир боқӣ гузоштааст. Дар ин бора рӯзи 17 декабри соли 2022 дар Фейсбук бародари ӯ Сино Саидаминӣ хабар дод. Сино Саидаминӣ навишт, шикояти Завқибек дар додгоҳи Душанбе рӯзи 30 ноябр баррасӣ шуда буд.

Сино Саидаминӣ навиштааст: “ҲУКМИ БАРОДАРАМ БЕТАҒЙИР МОНД

30-юми ноябр Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди бародарамро бетағйир монд.

Бародарам Завқибек Саидаминӣро Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3-юми ноябри соли 2022 барои 7 сол равонаи ЗИНДОН НАМУДА БУД.

Баъди гузашти 27-рӯз аз ҳукми якум, Суди шаҳри Душанбе, ҳукмро бетағйир монд.

Бародарам Завқибек ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, БЕГУНОҲИЯШРО ИСБОТ КУНАД!

БАРОИ БАРОДАРАМ, КИ ҲОЛО САЛОМАТИЯШ ХУБ НЕСТ, ДУО КУНЕД БАРОДАРОНУ ДУСТОНАШ ТО САЛОМАТИЯШ ХУБ ШАВАДУ ҲАҚ БА ҲАҚДОР БИРАСАД.”

 Дар пайи рад шудани шикояташ, ҳукми  Завқибек Саидаминӣ ба иҷро даромада ва ӯро барои адои ҳукмаш алакай аз боздоштгоҳ ба  маҳбас интиқол додаанд. Вале Сино Саидаминӣ навиштааст, ки бародараш азм дорад, ки ба тамоми зинаҳои додгоҳӣ муроҷиат карда, “бегуноҳиашро исбот кунад”.

Журналисти собиқи ТВ “Тоҷикистон” Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8 июли соли 2022 аз сӯи кормандони шуъбаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат дастгир шуд. Муҳокимаи парвандаи ӯ рӯзи 11 октябр оғоз ёфт ва дар бинои СИЗО гузашт. Ба мурофиа намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон роҳ дода нашуданд. Ҳатто хешу табори наздики журналисти боздоштшуда (модару ҳамсараш ва бародараш) танҳо дар мурофиаи сеюм ва охирин иҷозати ҳузур пайдо карданд. Дар ду мурофиаи қаблӣ онҳо паси дар монда буданд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 3 ноябри соли 2022 Завқибек Саидаминиро  бар асоси моддаи 307 ба ҳамкорӣ бо ҳизбу созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор шинохта, ба 7 соли зиндон маҳкум кард.  Аммо Завқибек Саидаминӣ дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, “худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт”.

Ба наздикони Завқибек Саидаминӣ танҳо дар поёни моҳи октябр, баъди қариб 4 моҳи ҳабсаш муяссар шуд, ки бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд. Ба гуфтаи модараш Ҳабиса Ятимова, Завқибек тасбеҳи дар СИЗО барои ӯ сохтаро бо як шеъри эҷодкардааш бо номи “Барои очаҷонам” тақдим кард. Дар ин шеъри худ  Завқибек барои ба ҳарфи модар гӯш надоданаш узр мепурсад ва аз ҳама мехоҳад, ки “пеши Худо чу Яъқуби Набӣ сабр кунанд”:

…Ту бубахшо, Модаро, ки ман накардам хидматат,

Аз бароям дар ғаму нолону ҳам сарсонӣ ту.

Сабр кун пеши Худо, сабре чу Яъқуби Набӣ,

То биёяд назди ту фарзанди дар зиндони ту.

Завқибек Саидаминӣ 38 сол дошта, қаблан дар ТВ Тоҷикистон кор мекард. Солҳои охир ӯ ба тиҷорат ва маъракаҳои хайрия, аз ҷумла ҷамъоварии кумак барои кӯдакони ятим машғул буд ва чанд моҳи ахири қабл аз боздошташ дар Душанбе дар сохтмон кор мекард.

Завқибек Саидаминӣ ҳамзамон дар Интернет дар масоили доғи ҷомиа изҳори назар мекард ва ахиран канали худашро ҳам кушода буд.

Бовар меравад, ки ӯ ва журналисти дигари мустақил Абусаттор Пирмуҳаммадзода ба сабаби пуштибонии гармашон аз ҳамкасбони моҳи июн дастгиршудаашон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур алакай дар ду мурофиаи алоҳида Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол ва Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Як иттиҳоми асосии зидди ҳамаи онҳо ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, назири ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” аст. Ҳамаи ин 4 журналист ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24”, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд, низ ҳар навъ ҳамкорӣ  доштанашон бо ин 4 журналистро рад карда, онро иттиҳоме бофта ва танҳо як баҳона дар дасти мақомот барои тавҷеҳи таъқиби ин журналистон ва тарсондани журналистону блогерҳои дигар меноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, низ парвандаҳои ин 4 журналисти тоҷикро бофта ва беасос номида, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳамаи журналистонро зиндониро озод ва таъқибу тарсондани журналистонро бас кунанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button