ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ДУ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ ДАР ПАЙИ ВИДЕОИ ПУРСАРУСАДОИ ДУХТАРҶАНГ ДАР ИСФАРА (ВИДЕО)

Рӯзи 17 декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад. Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд.

Ман ин корро намекунам, кардагӣ ҳам набудам, апаҷон”, – тавба мекунад ҷабрдида дар пеши он ду нафар, вале онҳо ҳамчунон ӯро гаштаю баргашта ба даруни оби сард тела медиҳанд.

Маълум нест, ки чӣ кори ин духтари ҷабрдида боиси чунин бадрафтории он ду нафар нисбат ба вай шудааст? Вале бисёриҳо дар зери ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафторро боз як аломати дигари уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа номида, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин духтаронро пайдо карда, барои ин муҷозоти худсарона, ё “самосуд” ҷазо бидиҳанд.

Алакай субҳи 18 декабр маркази матбуои шуъбаи якуми милитсияи шаҳри Исфара бо нашри як иттилоияи вижа хабар дод, ки шахсияти иштирокчиёни ин ҳодиса муайян гардид. Ҳамаи онҳо ноболиғ буда, ду духтари яке 14- ва дуюмӣ 16-сола як духтари 14-соларо чунин озор додаанд.

“Баҳри муайяну дастгир ва ба таври объективона мавриди санҷиш қарор додани қазияи мазкур кормандони самтҳои оперативию тафтишотии милитсияи ШВКД 1-и ҶТ дар шаҳри Исфара сафарбар карда шуда, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ субҳи санаи 18 декабр ҷавонондухтарони авбошро дар манзилҳои истиқоматишаон боздошт ва дастгир карда, ба мақомоти милитсияи шаҳри Исфара дастрас намуданд.

Онҳо:

Бегимова Меҳрона, санаи таваллудаш 01.02.2008, истиқоматкунандаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара.

Рузматова Мавзуна, санаи таваллудаш 21.11.2006, истиқоматкунандаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Исфара.

Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шудааст, ки ҳодиса рӯзи 27 ноябр рух додааст.

“Тахминан соатҳои 14:30 дақиқаи санаи 27.11.2022 сол ба кӯчаи Ибод Файзуллоеви шаҳри Исфара, рӯ ба рӯи ошхонаи “Лола”, якҷоя бо ҷабрдида Шоҳона рафта, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтарро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта баъди чанд руз гузаштан аз ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст”, – гуфта мешавад дар идомаи хабар.

Милитсияи Исфара гуфт, нисбат ба духтарони дастгиршуда чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Вале милитсияи Исфара ҳам дар бораи сабаби аз гиребони он духтар гирифтани ин ду сокини шаҳраки Шӯроб дар иттилоияаш чизе нагуфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. МО ба пеш мерам, турку афранги мешаем. Фарҳангу одоб, ҳаёву иффат, ғурури милли дигар зарур нест. Мо чоплусу бенанг, даюсу ватанфуруш мешавем. Мо амрикоиву афранги мешавем. Мо ба пеш меравем, мо аз асли худ ва ислом дур мешавем. Мо “замонавӣ” мешавем.Инҳо ҳама оғоз аст. Акси садоро баъд аз даҳсолаҳо хоҳед шунид.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button