Хабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ВКД ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЛЛОБӢ АЗ НОМИ ШИРКАТИ “ГАЗПРОМ”

ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 декабри соли 2022 бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмиаш шаҳрвандонро аз як доми қаллобон бо сӯиистифода аз номи ширкати русии “Газпром” ҳушдор дод.

Дар ҳушдор чунин гуфта шудааст:

“Ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст.

Гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ қайд менамояд, ки Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд
”.

Аз ин пеш мақомоти Тоҷикистон аҳолиро аз наафтодан ба доми қаллобоне ҳушдор дода буданд, ки бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ сокинонро фиреб медоданд. Вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button