СиёсатҶанг дар Украина

ЗЕЛЕНСКИЙ БОЗГАШТ БА МАРЗҲОИ СОЛИ 1991-РО ШАРТИ МУЗОКИРОТ ВА СУЛҲ БО ПУТИН НОМИД

Президенти Украина Владимир Заленский рӯзи 15-уми декабри соли 2022  дар мусоҳибаи худ бо нашрияи пурнуфузи “The Economist”  “бозгашти Русия ба марзҳои соли 1991-ро шарти асосӣ барои оғози музокироти сулҳ бо Путин” номид.

Ӯ ба ин бовар аст, ки танҳо Путин метавонад ин корро кунад ва ҳамаи масъулият ба гардани ӯст. “Бубинед, воқеан, кӣ метавонад даст аз ҷангу куштор бардораду рӯ ба дипломатия орад, танҳо Путин масъулияти ин корро ба ӯҳда дорад ва ҳама чиз аз ӯ вобаста аст”, гуфт Зеленский.

Ӯ дар идома меафзояд, ки “дар инҷо (Украина) касе барои ба Русия додани қисмате аз вилоятҳои Украина розӣ нест ва мардум ҳатто омодаи муомила ё компромиссе бо ин шартҳои гузоштаи Путин ҳам нестанд.

Мушкилӣ инҷо танҳо дар сари замин нест, балки фаротар аз ин аст. Ҳеҷ кас дар Украина намехоҳад бо таҷовузгарон, ки даст ба ваҳшигариҳои гӯшношунид заданд, сару кор дошта бошад. Мардум нисбат ба Русия нафрат пайдо кардаанд. Ин нафрат аз куҷо сарчашма мегирад?! Ҳоло дар Украина оилае намондааст, ки дар ҷанге, ки Русия сар кард, касеро ва ё чизеашро аз даст надода бошад”.

Ҳамчунин Заленский бар он пойфишорӣ дорад, ки “нерӯҳои Русия бояд хоки Украина тарк кунанд. Набояд онҳоро чи тавре, ки ҳаст ба ҳолашон гузошт. Русия қисматҳои зиёди вилоятҳои Донбасс, Луҳанск инчунин нимҷазираи Қримро ғасб кард. Ҳеҷ як нафар дар Украина инро намебахшад. Мо бояд ба марзҳои соли 1991-и Украина баргардем”.

Дар масъалаи баҳонаи Путин барои оғози ҷанг, Заленский гуфтааст, “Путин аз мо кафолати амнияти Русияро мехоҳад. Мо ки узви НАТО нестам. Чи гуна аз мо инро талаб мекунад?,  боварнакарданист. Агар Путин даст ба ҷанги тамомаёр намезаду манотиқи ғасбкардаашро ба Украина бармегардонд, касе ба мо кумаки низомӣ ҳам намекард”. 

Рӯзи 12-уми декабр Владимир Заленский дар суханронии худ дар нишасти G20 аз 3 гоми муҳим дар соли 2023 барои расидан ба сулҳ дар Украина гуфта буд:

Қадами аввал  – дастрас кардани тӯпу тонкҳои замонавӣ ва мушакҳои дурпарвоз.

Қадами дуввум – дастгирии молӣ,  таъмини суботи энергетикӣ ва иҷтимоӣ. 

Қадами севвум – иҷрои “тарҳи сулҳ”, ки Заленский 15-уми ноябри соли 2022 дар нишасти G20 баён карда буд.

Ин тарҳи сулҳ иборат аст аз:

– Бехатарии радиатсионӣ ва ҳастаӣ.

– Амнияти озуқаворӣ.

– Озод кардани ҳамаи асирон ва ихроҷшудагон.

– Татбиқи оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва барқарор кардани суботи ҷаҳонӣ.

– Хурӯҷи нерӯҳои Русия аз хоки Украина ва қатъи амалиёти ҷангӣ.

– Барқарор кардани адолат.

– Мубориза бар зидди маҳвсозии наботот ва ҳайвонот.

– Пешгирӣ аз ташдиди муносибатҳои байни кишварҳо.

Ниҳоӣ кардани раванди хатми амалиёти ҷангӣ.

Аммо ин “3 гоми муҳим”-ро сухангӯи Путин, Дмитрий Песков “чун идомаи раванди амалиёти ҷангӣ” донист.  Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бошад, ин “тарҳи сулҳ”-и Заленскийро “ғайривоқеӣ” ва “густохона” хонд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button