Хабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ ТАКСИ ДАР ДУШАНБЕ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ АЗ ИСТЕЪМОЛИ БАНГ МУСОФИР МЕКАШОНД…

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 16 декабри соли 2022 хабар дод, ки кормандони БДА дар пойтахт як ронандаи таксиро дар ҳоле дастгир кардаанд, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли маводи нашъадор мошин меронд.

Дар иттилоияи милитсия чунин гуфта мешавад: “Дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби нозирони бозрасӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақамҳои қайди давлатиаш 7032ТТ05, Назризода Абубакр Раҳмоналӣ, ки дар ҶДММ «Сайёҳон» ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст, бо гумони идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ боздошт карда шуд.   Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, воситаҳои нашъадори навъи бангдона истеъмол кардааст”.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назризода Абубакр тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон бо мақсади муайян намудани сарчашмаи паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.
Тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ  ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ карда шудааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол баробари 64 сомонӣ буд ва аз соли оянда ба 68 сомонӣ баробар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Уже настало время, для всех водителей при медосмотре каждый год, сдавать анализы мочи, на наркотики и психатропные вещества. Эта система выявит бтлее 50 % водителей не только такси и личного транспорта употребляют различные виды наркотических веществ. Хотите боротся с наркозависимимы берите пример с США, там на прием на работу сдают анализы мочи, и после каждую неделю. Для начала просто введите обязательную сдачу анализа мочи просто как дополнение к справке для вождения. Анализы принимайте у себя в ГАИ, но надо открыть независимую лабораторию. И пускай лаборатория проверяет анализы, вместе с сотрудниками по борьбе с наркотиками. Положительный результат вот вам и клиент для работы. Поверьте вы будете шокированы.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button