ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

ЭЪЛОНИ ҲУКМИ АБДУРАҲМОН09, СУЛАЙМОН ОРЗУЕВ ВА ДУ ТОҶИКИ ДИГАР БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО “БОРОДА ТҶ” ДАР ОЛМОН (ВИДЕО)

Додгоҳи ҳавзаи Зост дар ғарби Олмон рӯзи 15 декабри соли 2022 ҳукми чор тоҷикеро, ки ба занозанӣ бо блогери тоҷики он замон муқими Олмон Музаффар Бобораҳматов, маъруф бо тахаллуси “Борода ТҶ” айбдор мешуданд, эълон карданд. Додгоҳ ин 4 нафарро дар авбошӣ ва расондани осеби сабук ба саломатӣ гунаҳкор шинохта, онҳоро дар умум ба маблағи беш аз 10 ҳазор евро ҷарима бастааст.  Ҳамчунин ду нафар шартан ба як солу ҳашт моҳ ва як солу се моҳи зиндон ва ҳамзамон ба 200 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум шудаанд. Вале додгоҳи Зост  ду блогери мунтақиди тоҷики муқими Олмон Сулаймон Орзуев ва Шерзод Мамадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон09-ро танҳо ҷарима бастааст.

Ҳарду блогер шаби 15 ба 16 декабр баъди эълони ҳукмашон дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки додгоҳ дар ҳоле онҳоро танҳо ҷарима баст, ки додситон аз додгоҳ барои Сулаймон Орзуев ҳамчун ҷазо як солу ду моҳи зиндон ва барои Абдураҳмон 09 як соли зиндон талаб карда буд.

Онҳо аз расонаӣ кардани номи ду нафари маҳкумшудаи дигар худдорӣ карданд ва гуфтанд, он ду нафар ягон фаъолияти сиёсӣ ё блогерӣ надоранд ва он шаби 17 феврали соли 2021 танҳо ба хотири ҳамраъйӣ ва намоиши ҷавонмардӣ ҳамроҳи онҳо ба хонаи Борода ТҶ  ба шаҳри Зост рафта буданд. Зост дар тақрибан 50-километрии шарқи шаҳри Дортмунд ва 120-километрии Дюсселдорф ҷойгир шудааст.

Сулаймон Орзуев ва Абдураҳмон 09 хабар доданд, ки тарафи дигари баҳс Борода ТҶ, ки алакай Олмонро тарк гуфта, ба Тоҷикистон баргаштааст, дар мурофиа иштирок надошт.

“Додрас дар ҷараёни мурофиа иттилоъ дод, ки бо вуҷуди кӯшишҳои сафорати Олмон дар Тоҷикистон барои даъвати Музаффар Бобораҳматов, яъне Борода ТҶ ба мурофиаи парвандаи занозанӣ бо ӯ, ягон бор бо сафорат тамос нагирифтааст ва азме барои сафар ба Олмон нишон надодааст”, нақл кард Абдураҳмон 09 дар суҳбат бо “Бомдод”.

“Борода ТҶ”, ки баъди бозгашташ ба Тоҷикистон дар канали худ  дар Ютуб, ки қариб 300 ҳазор обуначӣ дорад, асосан ба таблиғи бозиҳои қимор, аз ҷумла лотереяҳо машғул аст, ҳанӯз натиҷаҳои баррасии парвандаи “разбор”-аш бо бачаҳои тоҷик дар Олмонро шарҳ надодааст.

Абдураҳмон09 ва Сулаймон Орзуев бар инанд, ки мурофиа бо пирӯзии онҳо анҷом ёфт.

Ин моҷарои пурсарусадо аз он оғоз ёфт, ки “Борода ТҶ”, ки дар Олмон ба сар мебурд, 12 феврали соли 2021, баъди бозгашт аз сафари Тоҷикистон  аз пешрафтҳои Тоҷикистон ситоиш кард ва гуфт, “Душанбе чунон дигар ва мисли Дубай шудааст, ки ман ҳатто нашинохтамаш”. Сулаймон Орзуев, ки дар Ютуб канале бо номи “Шеф ТҶ” дорад, “Борода ТҶ”-ро барои ин ситоишҳояш  дурӯғгӯ номидл ва гуфт, ӯ мушкилоте, чун қашшоқии мардум ва поймол шудани ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нодида гирифта, аз пешрафтҳои набуда ситоиш мекунад. “Борода ТҶ” аз ин ба хашм омада, дар каналаш Сулаймон Орзуевро бо лафзи зишт дашном дод, Орзуев боз посух дод ва дар ниҳоят ҳарду якдигарро ба “разбор” даъват карданд. Шаби 17 феврали соли 2021 Сулаймон Орзуев ҳамроҳи Абдураҳмон 09 ва се ҷавони тоҷики дигар барои “разбор” бо “Борода ТҶ” ба маҳалли зисти ӯ шаҳри Зост омаданд.

“Разбор” соати яки шаби 17 феврал дар назди бинои бонки амонатгузорӣ дар шаҳри Зост сурат гирифт ва дар видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки бачаҳои тоҷик бо якдигар занозанӣ мекунанд ва садои тир ҳам шунида мешавад. Пулиси Олмон баъдан шарҳ дод, ки дар ҷараёни муноқиша касе аз иштироккунандагон аз туфангчаи газӣ истифода бурдааст.

Борода ТҶ, Абдураҳмон09 (аз рост) ва Сулаймон Орзуев

Абдураҳмон09 бо видеоҳои худ дар мавзӯи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ва ба идораҳои давлатӣ занг задану масъулони давлатро дар масъалаи ҳиҷоб ва дигар масоили доғ ба чолиш кашиданаш ном баровардааст. Барои фаъолиятҳои блогерии ӯ модараш Шоҳида Мамадҷоноваро, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ҳамчун ҳамшираи шафқат кор мекард, аввал аз кор ронданд. Дар аввали моҳи феврали соли 2022 Шоҳида Мамадҷонова аз ҷониби кормандони УБОП шаҳри Ваҳдат дастгир кард. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрел ӯро бо ҷурми ифротгароӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Ифротгароии Маҳмадҷонова, тавре аз маводи парвандааш бармеояд, аз навиштани ду шарҳ дар зери видеоҳо дар Ютуб иборат будааст. Намояндаи додситонӣ дар мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарафдорӣ карда, дар Ютуб дар зери навори писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.

Аммо Абдураҳмон09 гуфт, модараш ба ягон ҳизби оппозитсионӣ рабт надошт. Ӯ ҳукми модарашро “говсуд” номид ва гуфт, ки модарашро барои видеоҳои ӯ чунин ҳукми сангин додаанд.

Сулаймон Орзуев фарзанди Муҳаммадкарими Орзу, муовини собиқи раиси ҲНИТ буда, аз соли 2015 дар Аврупо ба сар мебарад.

Абдураҳмон09 ва адвокаташ дар додгоҳи Зост

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button