Таърих

ФАРҶОМИ УМРИ МУСОФИР

БОБОҶОНИ ШАФЕЪ,
рўзноманигор

Бознашр аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

25 сол моро аз фоҷеаи суқути ҳавопаймои Тоҷикистон дар Шарҷа ҷудо мекунад.  Рӯзи душанбе буд, аввалин моҳи зимистони соли 1997. Ҳавопаймои Ту-154 бо хатсайри 3183 аз шаҳри Хуҷанд ба самти Шарҷаи Имороти Мутаҳидаи Араб дар парвоз шуд. Аксари мусофирони он тоҷирон буданд ва боз касоне, ки мехостанд соли навро дар Иморот пешвоз гиранд. Аммо бештари онҳо соҳибони мағозаҳои хусусӣ ва кормандони маркази савдои “Авесто”-и шаҳри Хуҷанд ва “Помир”-и шаҳри Чкаловск буданд.

Нақли мо аз сарнавишти яке аз онҳост…

*******     ******     *****

БАЪДИ СОЛҲО….

Зиндагонӣ басо кутоҳ аст, вале шуҳрат метаовнад абадан бошад…

Ситсерон

Солҳо моро аз он фоҷиаи даҳшатбор ҷудо мекунад ва то бо имрўз дар зери таъсири он  қарор дорем. Боварам намеояд, ки оне ки мо ҳамагон дўст медоштем ва ҳар рафту бозгашташро тўли солҳои ошноӣ бесаброна интизор мешудем, дигар аз ин сафар барнамегардад. Ба гумонам ҳамаи ақрабои қурбониёни он парвози нофарҷом ва он суқути ваҳшатзо ҳамин андешаро доранд. Беҳтаринҳо буданд, ки рафтанд…

Вале чӣ бояд кард? Бояд акнун одат кунем, ки МУҲАММАДТАБУР ва ёронаш дигар барнамегарданд. Онҳо дар дили хок хуфтаанд ва танҳо ёдҳое аз он қурбониёни пурармон дар умқи синаҳои бозмондагонашон монда ва боз хотираҳои паҳну парешоне, ки гоҳу ногоҳ берун меоянд ва бўи он солҳоро ба машом мерасонанд.

Ин ҷониб ҳам на як бору ду бор қалам ба даст гирифтаам бо умеди он ки эҳсоси диламро рўи коғаз бирезам. Бадеҳист, ки инсон дар ситоиши азизтарин шахсаш наметавонад ҳамаи он чизеро, ки гуфтанӣ аст, бинвисад. Эҳсос ба тавре боястӣ дар рўи коғаз  намеояд ва ҳамеша беҳтарин ҳарф бо муаллиф ва гўянда мемонад.

Қисмат барои Муҳаммадтабур чунин буд, ки умреро дар мусофират сипарӣ кард ва оқибат дар мусофират ҷон ба ҳақ таслим намуд. Ба назари ман чунин мерасид, ки вай як умр дар ҷойе қарор надошт ва ҳамеша дар сафар буд.  Аз замони донишомўз будан то ба охирин рўзи ҳаёташ кулбори сафар дар сари китф дошт ва он кулбор, сафаргуфтаҳое барои ёрон ногуфта лабрез якҷо бо худаш ба коми марг рафт.

Бале, вай басо зиёд рафтуо дошт. Гоҳ дар Москав буду гоҳ дар Киев, гоҳ дар Питербургу гоҳи дигар дар Шарҷа. Вай мерафт ва бо варзишкорон дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат мекард, бо санъаткорон дар офариниши филмҳои басо ҷолиб саҳм мегирифт, бо тоҷирон тиҷорат мекард ва ҳамеша бо як ҷаҳон таассурот бармегашт. Вале на ҳамеша он таассуроташро аз рўи ифтихор нақл мекард, балки танҳо ба пурсишҳои мо посухҳои кутоҳ, мўъҷаз ва пурмазмун медод. Мағзи дидаву шинидаҳояшро нақл мекард ва аз шаф-шафи бисёр истиҳола менамуд. Вай ҳамеша одобро риоя мекард ва мекўшид, ки дар нақлаш худситоиро роҳ надиҳад ва ҳасудонро ба дилхўрӣ вонадорад.

Издивоҷи нахустинаш ҳам дар сафар ва дар мусофират сурат гирифт. Онҳо дур аз ёру диёр паймони муҳаббат бастанд ва занаш ҳам баъди ақду никоҳ ному насаби ўро баргузид ва исмаш шуд Шарипова Олга Викторевна. Аз онҳо писаре ба дунё омад, ки ҳосили муҳаббати ҷавониии эшон буд. Вале умри ў дароз набуда, бармаҳал аз олам даргузашт. Ва боз ҳам аз қазо замоне, ки фарзанди нахустинаш қадам ба арсаи олам гузошт, ў  дар мусофират буд ва лаҳзае, ки гули орзую умеди ўро зери хок мегузоштанд, ў дар Ленинград (Петербурги ҳозира) хидмати аскарӣ мекард. Ва аз қисмат буд ё чизи дигар, ки ў мисли дигар ҳамсолонаш маросими гусел ба хидмати аскариро пушти сар накард. Зеро он замон ў на дар Тоҷикистон, балки дар вилояти Каленини назди Москав иқомат дошт. Волидайн танҳо аз номааш фаҳмиданд, ки ҷигарбандашонро ба сарбозии Ватан хостаанд.

РОҲҲО…РОҲҲОИ НОТАМОМ…

Ў ҷодаи зиндагиро бо тарзу усули хоси худаш тай намуд ва як инсони таваккулӣ буд, ки ба ҳар кор иқдом мекард бо дасту дили гарм ва бо тававккул ба Худо даст мезад. Ва қариб ҳамеша ба он кор муваффақ мешуд. Замоне варзишкор буд ва комёбиҳо дошт. Баъдан бо амри тасодуфе ва бо тавсияи зиндаёд Мусои Исо ба ҷодаи санъат қадам гузошт ва дар як муддати кўтоҳ нақшҳои хотирнишине дар чанд филми ҳунарӣ офарид, ки филми муштараки “Тоҷикфилм” ва синамогарони Италия Шикасти афғон” (бо ширкати шинохтатарин ҳунарманди синамои Италия Микело Плачидо), филми таърихӣ аз рўзгори муборизи роҳи адолату ҳақиқат ва исёни зидди манғит Восеъ аз ҷумлаи он буд. Бахусус ҳунар ва истеъдоди ў дар нақши  Назир дар филм аз зиндагии Восеъ намудор гардид, ки чеҳраи ин ёри содиқи Восеъ  басо хотирнишин ва ҷаззоб буд.

Ҷанги ҳамватанӣ миёни санъатро ҳам шикаст. Бисёре аз санъаткорон ногузир ба табдили ҷойи кор шуданд. Ононе, ки дар саҳнаи театрҳо ҳунарнамоӣ мекарданд, бо вуҷуди шароити сангини зист боқӣ монданд, вале аксари касоне, ки дар синамо шуғл доштанд, дунболи кори худ шуданд. Зеро “Тоҷикфилм” дигар маҷоли офаридани филм надошт.  Муҳаммадтабур ҳам бо роҳи дигар рафт ва ин пайроҳа боз ҳам дар зиндагии ў нав буд. Вай муддате хидматчии артиши Руссия мустақар дар Тоҷикистон буд ва баъдан ин корро бо фаъолияти тиҷоратӣ иваз намуд. Дар ҷодаи тиҷорат ҳам таваккалӣ ворид гардид ва дар кутоҳтарин муддат комёб шуд. Вале ин ҷода низ чун ҷодаҳои дигари рўзгори Муҳаммадтабур тўлонӣ ва идомадор наомад. Ин ҷода оқибат ўро ба марг бурд. Ва он ҳам марги иҷборӣ, суқути тасодуфӣ ва фоҷеаи талхе, ки 85  нафар фарзандони хуби ин миллатро аз байн бурд…

МЕРАФТУ МЕГУФТ: ХУДО ҲОФИЗ

“Билохира мурдан ҳам чандон бад нест”.

А.Эйнштейн

Мегўянд инсон худ ба истиқболи марг меравад ва чун соати реҳлат қариб ояд шитоб мекунад то дар он мавзеъ, ки Малакулмавт қарор аст ҷони азиз аз ў ситонад, дар соату вақти муқаррарӣ ҳозир шавад. Таҳлили чанд рўзи охири зиндагии МУҲАММАДТАБУР низ инро тасдиқ мекунад. Дар Шарора зани никоҳиаш Адолат ва фарзандаш Суннатулло мезистанд. Дар байни оилаи ҷавон муддати чанд соли охир ҷудоӣ афтода буд ва кам аз ҳоли якдигар хабар доштанд. Ду рўз қабл аз ин ҳодиса Муҳаммадтабур ба Шарора меравад ва зану кўдакашро ҳамроҳ бо ҷиянаш ба деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ ба назди бародаронаш мефиристад ва тасмим мегирад, ки ба муҷарради аз сафар баргаштан зиндагии муштаракро аз сар хоҳанд гирифт. Адолат рафт ва ду рўз баъд хабари марги шавҳарашро шунид. Гўиё Муҳаммадтабур аёлашро ба ҷанозаи худ хабар карда бошад…

Сафари охирини ў низ таърихи ҷолиб дорад ва месазад сари иртиботи рўҳонии инсон бо сарнавишт, андеша ронд. Вай он ҳафта ба ҳавопаймои Душанбе-Шарҷа билет намеёбад ва мехоҳад аз тариқи Хуҷанд парвоз кунад. Меравад ва бо машаққати зиёд бебилет ва иҷозаи сафар дарёфт мекунад. Ҳатто ба ҳавопаймо ҳам замоне мерасад, ки охирин мусофир аз зинаҳои он боло мешуд. Бо шитоб худро ба ҳавопаймо мезанад. Бародараш марҳум Муҳаммадшариф ва дўстоне, ки ба гусели ў баромада буданд, исрор мекунанд, ки биё то парвози оянда интизор шав, шитоби зиёд чӣ лозим. Вале ў зарурати рафтани худро ҷиддан ба миён гузошта, худоҳофизӣ мекунад. Бале маҳз худоҳофизӣ. Марҳум ин ибораро басо дўст медошт ва ҳамеша мегуфт: Худо ҳофиз!

ФАРЗАНДИ ПАДАР ВА МОДАРИ ФУРӮТАН

Марҳум аз хислатҳое бархўрдор буд, ки месазад дар бораи онҳо соатҳо ҳарф зад. Дар ҳар мавқеъ ўро медидем, ки бо вуҷуди  ҷуссаи рустамона фурутанӣ ва накухислатиро аз даст намедод. Гоҳе дасти пиразанеро мегирифт ва ба масали он ки корманди БДА бошад мошинҳоро аз ҳаракат бозмедошт ва пиразанро беосеб аз роҳи мошингард мегузаронд; ҳангоми ба ҳавопаймо савор шудан издиҳоми бенизомро ба низом медаровард, аввал пирону барҷомондагон, баъд занони тифли ширхорадор, сипас калонсолони дигар ва баъди ҳама ҷавонон. Низомеро, ки ходими фурудгоҳ бо кумаки милиса наметавонист ҳоким кунад, ў мекард. Ва гоҳо ба ивази ин ҳолате ҳам мешуд, ки ҳама вориди ҳавопаймо мешуданду мо “омирони тартибот” бо Муҳаммадтабур дар беруни дар мемондем. Ҷой намерасид…Ба ӯ менигаристам ва мепурсидам: Чӣ шуд? Хиҷолат мекашид ва мегуфт: Насиби парвоз набудаст…

Ҳар омади ў ба диёри кўҳистонаш барояш суруру шодӣ буду ҳар субҳи бозгашт ба шаҳр оҳанги ғамангези фироқ ба дунбол дошт. Марҳум ҳамеша бо аврупоидухтарон зистанро ба хўяш мувофиқ медонист. Вале суханони модари азизашро, ки мехост дар зиндагӣ тўи ҷигарбандашро бубинад, ба замин нагузошт. Оқибат аз ҳама бурид ва бо узбекдухтаре издивоҷ намуд ва орзуи модар ҷомаи амал пўшид. То ба ҳол тўи ўро хурду калони деҳа дар хотир доранд, зеро чунин маъракаи зеборо бисёриҳо орзуи тамошо кардан доштанд.

Падараш амаки Муҳаммадғафур аз мўтабартарин шахсиятҳои деҳа ба шумор мерафт. Вай дар саргаҳи деҳа, дар он ҷойе, ки дарёчаи Оббурдан саховатмандона бо як шоха оби худ даштҳои лабташнаи деҳаи Басмандаро шодоб менамуд, осиёби бобоӣ дошт. Худораҳматӣ то дами марг харсавору пиёда болову поён мешуд ва намегузошт, ки оташи ҳунари аҷдодӣ сард шавад. Ин ягона осиёби обии деҳа буд, ки сокинонашро дар қаҳтитарин солҳо нон додааст. Амаки Муҳаммадғафур аз ҷумлаи афроде буд, ки ки чун қадам ба замин мениҳод гумон мекардӣ чунон эҳтиёткор аст, ки  намехоҳад замин зери қадамаш озор ёбад. Вай тимсоли инсонҳои воқеан хокие буд, ки дар деҳот бо андешаҳои содда, вале дилкаш ва ҷолиби худ маъруфият доранд.  Муҳаммадтабур низ фарзанди чунин шахси шариф буд. Вай фурўтанӣ ва ҳақталошии муаддабро аз падар мерос дошт. Вале ба ин ҳақталошиҳо шўру шавқи ҷавонӣ якҷо мешуд ва чун талошу орому ботамкин суде намедошт, шўри ҷавонӣ адолатро барқарор менамуд. Марҳум бо он забоне, ки инсонҳо бо ў сухан мекарданд ва бо он шевае, ки кор мегирифтанд, бо эшон бархўрд мекард. Аз ин мо роҳат доштем. Зеро ҳар мушкили дар байни ҳамдеҳагони мусофир ба миён омадаро ҳалли комил ва боадолат интизор буд.

МО ВА ИН СОЛҲО

Солҳо аз он рӯзи даҳшатбор гузаштанд. Вале ба гумонам ҳамагӣ дирўз буд, ки деҳаи Басмада бо яке аз наҷибтарин инсон, зодаи обу хоки ин диёр Муҳаммадтабури Шариф падруд гуфт.  Ҷойи Муҳамадтабур дар ин кўҳнаработ холӣ боқӣ мемонад ва сурату сирати накуи ў дар дилу хотири ёрону наздикон ва азизону пайвандонаш то даме ки боқӣ ҳастанд, боқӣ мемонад.

Ва баъди марги марҳум хабар ёфтем, ки ҳамсари дигари ӯ Гулчеҳра, наттоқи радио тифли шашмоҳо дар батн аз ӯ дорад. Вақте духтар ба дунё овард, номашро Нишона гузошт.  Бо гузашти солҳо Нишонаву модар ва писархонди вай Максим аз Душанбе рафтанд ва муқими Амрико шуданд.

Тӯли ҳаёти 36-солааш чор маротиба издивоҷ кард ва аз ин чор издивоҷ се фарзанд: ду писар ва як духтар ба ёдгор гузошт. Ва намедонам қисмати ин се тан, ки яке дар Хуҷанд буду дигаре дар Душанбе ва сеюмӣ дар Амрико чӣ хоҳад буд. Онҳо бо ҳам меоянд ба суроғи ҳамдигар ва роҳи падарро, ки омили ваҳдати ҳамдиёриён дар мусофиратҳо буд, идома медиҳад ва ё тамоми умр аз ҳам бегона мемонанд? Ба ин суол ҳоло посух додан мушкил аст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button