ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: ЗАМОНА ДИГАР ШУД ВА ҚОНУНИ ТАНЗИМ БОЯД БОЗБИНӢ ШАВАД (ВИДЕО)

Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи шаҳрии ба  номи Лоҳутӣ ва журналисти тоҷик,  хостори бозбинии қонуни танзим, яке баҳсбарангезтарин қонунҳои қабулшуда дар Тоҷикистон шуд.

Абдуқодир Талбаков дар як муроҷиатнома, ки дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шудааст, гуфт, бо мурури замон вазъи зиндагии мардуми тоҷик аз ҷумла бо шарофати азизони муҳоҷирашон хеле дигар ва беҳтар шуд ва мардум қудрат ва тавоноии харҷи бештареро барои тӯю маъракаҳои худ ба даст овардааст.

“Қонун догма нест ва бояд вобаста ба тақозои замон бозбинӣ шавад”, гуфт Абдуқодир Талбаков хитоб ба вакилони парлумон. Ӯ афзуд, “бояд ба сокинон имкон дода шавад, ки тӯю сӯри худро ба тавре ки дилашон мехоҳад, доир кунанд”. Журналисти тоҷик таъкид кард, ки ҳар нафар мехоҳад дар рӯзи тӯяш ҳама орзуву ҳавасҳои худро бишканад ва ин хости сокинон набояд бо чаҳорчӯби қонун маҳдуд карда шавад. Аз тарафи дигар, мегӯяд Талбаков, афзоиши хароҷот барои тӯю маъракаҳо ҳамчун омиле хидмат хоҳад кард, ки тиҷоратро дар кишвар бештар ҷӯш медиҳад.

Абдуқодир Талбаков ҳамчунин аз бархе маҳдудиятҳои нозаруре дар қонуни танзум ёдовар шуд.

“Барои мисол, як шоир вақте мехоҳад зодрӯзашро ҷашн бигирад, дар куҷо бояд таҷлил кунад? Дар тарабхона мумкин нест. Дар қаҳвахона мумкин нест. Дар хонааш? Ӯ чӣ кор бояд кунад, вақте дар як ҳуҷраи танги хобгоҳ ба сар мебарад?”, суол гузошт Абдуқодир Талбаков ба вакилони парлумони Тоҷикистон.

Қонуни танзим, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 ҷазоҳояш боз ҳам шадидтар карда шуд, таҷлили зодрӯзро танҳо дар ҳалқаи оила бидуни даъвати ҳатто дӯстону ҳамкорон ваё санъаткорон иҷозат медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Конуни танзим бехтарин дастоварди халкамон асти хатто халки узбек аз мо сабаки зиндаги омухтанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button