ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назарТаърих

МАН ГУНГИ ХОБДИДАЮ ОЛАМ ТАМОМ КАР… ПАЖУҲИШГАРИ ТОҶИК ИДДАО ДОРАД, КИ ҒОРИ АСҲОБИ КАҲФРО ПАЙДО КАРДААСТ

Ф.С., як пажуҳишгари ҷавони тоҷик бо ирсоли як матлаби муфассал ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” иддао кард, ки ӯ макони ғори Асҳоби Каҳфро пайдо кардааст. Ба иддаои ин пажуҳишгари тоҷик, ғораи Асҳоби Каҳф дар қаламрави Туркияи имрӯза ҷойгир шудааст.

Аммо, менависад ин пажуҳишгари тоҷик, вақте ки ӯ ба мақомоти Туркия муроҷиат карда, аз кашфиёти худ хабар додааст, ӯро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Асҳоби Каҳф (ар. أصحاب كهف‎ – аҳли ғор ва ё ғорнишинон) яке аз марғубтарин достонҳои қуръонист. Дар Қуръони Карим дар сураи Каҳф (18: 9–26) барои тасбити ақидаи муъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони муъмине зикр шудааст, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи вақт ба ғоре паноҳ мебаранд ва солиёни дарозе дар он ҷо ба хоби амиқ фурӯ мераванд. Бино ба ривоятҳо, хоби ин ғорнишининон, ё Асҳоби Каҳф 300 сол тӯл кашидааст.

Бино ба бархе ривоятҳо, Асҳоби Каҳф – ҷавонони масеҳӣ соли 82 милодӣ дар аҳди Домисиан вориди ғор гаштанд ва баъди 300 сол ( 309 соли қамарӣ) соли 382 дар аҳди Феодосий I аз хоб бедор гаштанд ва якеаш ба бозори шаҳр равона гашт. Дар натиҷа мардуми шаҳр аз онҳо огоҳ гаштанд. Баъди ин ҳодиса онҳо боз ба хоб рафтанд ва роҳи ғор маҳкам ва барояшон масҷиди насронӣ сохта шуд.

Ф.С. менависад, аз хурдӣ ба дин ва таърих таваҷҷуҳи зиёд дошт ва  ахиран таваҷҷуҳи ӯро Асҳоби Каҳф ба худ ҷалб кард, ки дар сураи Каҳф дар Қуръон ҳам зикрашон рафтааст. Дар дунё дастикам 9 мавзеъ ба Асҳоби Каҳф рабт медиҳанд, ки аз ин шумор 3 маконаш дар Туркия ва боқимондааш дар Урдуну  Сурияву Тунис, Нахҷувони Озарбойҷону Уйғуристони Чин ва ҳатто дар Испания ҷойгир шудаанд.

Моҳи ноябри соли 2021 пажуҳишгари тоҷик бо мақсади муайян кардани макони воқеии  ғори Асҳоби Каҳф ба сафар баромадааст. Ф.С. менависад, ки дар маҷмӯъ се маротиба ба ҷустуҷӯи ғори Асҳоби Каҳф ба Туркия сафар кард ва билохира, моҳи августи соли 2022 барояш муяссар шуд, ки дар ибодатгоҳи насронии ҳафт хобидагон  дар Эфес сӯрохиеро ба ғор боз кунад.

 “Дар ин мавзеъ Туркия 6 сол боз гузаронидани ҳар гуна тадқиқоту ковишҳоро мамнӯъ кардааст. Маҷбур будам, ки ғайриқонунӣ таҳқиқот гузаронам. Тӯли ин сафар ба ман ёфтани ғор ва фаҳмидани сохти он, дарозиву тӯли  ғор муяссар гардид. Дарозии ин ғор зиёда аз 450 метрро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи чандин зилзилаи бузург  шаҳри Эфес ва ин ғор тахриб шуданд ва ин сабаб гашт, ки зиёда аз 1600 сол ин ғор ба ёди фаромӯшӣ биравад. Дар сафари сеюми худ тавонистам, ки роҳ ба ғорро боз кунам. Дар ҷараёни омӯзиш маълум шуд, ки ҳамчунин ҷасадҳои апостол Иоанн Богослов (ҳаворӣ Юҳанно) ва модари Исо, Марям бинти Имрон низ дар ҳамин ғор маҳфузанд. Баъди боз кардани роҳи ғор пулиси назоратии мавзеи Эфесро ба онҷо бурдам, то бо ман ҳамкорӣ кунанд ва шоҳиди ин кашфиёти бузургтарини дини насроният шаванд, аммо ғайричашмдошт онҳо ба ин кору ғор аҳамият надода, маро дастгир ва нисбатам парванда кушоданд. Маро ба мурофиа фиристоданд ва то оғози маҳкама, маро ба зиндон интиқол доданд ва тамоми ҷиҳозу васоили алоқаро аз ман гирифтанд”, менависад пажуҳишгари тоҷик.

Ф.С., бино ба нақлаш, 25 рӯз дар зиндони Алӣ Оғои шаҳри Измир буд ва сипас мурофиааш оғоз ёфт. Додгоҳ натавонист барои ин пажуҳишгари тоҷик ҷазое таъин кунад ва озодаш кард. Аммо баъди зиндон ӯро барои ихроҷ ба боздоштгоҳи муҳоҷирон интиқол дода, баъди 34 рӯз иҷборан ба Тоҷикистон депорт кардаанд.

Идораи “Бомдод”  имкон ва тавони ташхиси дурустии иддаоҳои ин пажуҳишгари тоҷикро надорад, вале Ф.С. мутмаин аст, ки кашфиёташ барои олами насроният ва ислом қимати беҳад бузург дорад. Вале, меафзояд ӯ, бо чунин кашфиёти бузург намедонад ба кӣ муроҷиат кунад?

Ба қавли шоир:

Ман гунги хобдидаву олам тамом кар,

Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш…

Дар зер натиҷаҳои таҳқиқоти Ф.С. дар бораи Асҳоби Каҳфро нашр мекунем:

Ёфт шудани ғори Асҳоби Каҳф ва ҷасади Марям ва Юҳанно

 Дар ин матлаб оид ба таҳқиқот ва ковиш ва натиҷаи он ба таври фишурда меорам, чун агар ман тамоми маълумот, манбаъҳо ва санадҳоро бинависам, китобе хоҳад шуд.

 Ман аз хурдӣ оид ба дин ва таърих шавқи зиёд доштам. Якуним сол қабл мавзӯи Асҳоби Каҳф диққати маро ба худ ҷалб кард. Асҳоби Каҳф дар сураи 18 Қуръон сураи Каҳф омадааст. Маҳз барои ҳамин қисса номи ин сура Каҳф номгузорӣ шудааст.

Дар ҷаҳон 9 мавзеъ имрӯз бо номи Асҳоби Каҳф фаолият мекунанд. 3 дар Туркия, дар Урдун (Иордания), Нахчевони Озарбойҷон, Уйғуристони Чин, Тунис, Сурия ва Испания. Ним сол ба омӯзиши таърих, пайдоиш, ҷойгиршавӣ ва дурустии ин мавзеъҳо машғул будам.

Дар натиҷаи ин таҳқиқот маълум гашт, ки ҳамаи ин мавзеъҳо ба ғайри якеаш сохтаанд ва дар вақтҳои гуногуни таърихӣ ба мавзеи Асҳоби Каҳф табдил дода шудаанд. Қадимтарин байни ин мавзеъҳо ин ибодатгоҳи насронии ба номи ҳафт хобидагон дар Эфес аст, ки дар охири асри IV милодӣ бунёд гашта, баъдан сохтмонаш давом ёфта, биноҳои дигар ба он илова шуданд. Ғайри ибодатгоҳ будан, дар онҷо насрониён ҷасадҳои худро мегӯрониданд.

Баъди чандин заминларзаи бузург дар ҷараёни таърих шаҳри Эфес, маъбади Артемида (Диана) хароб шуданд ва мардум ин сарзаминро тарк карданд. Ин ибодатгоҳ бошад ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Баъди забти ин мавзеъҳо аз ҷониби мусалмонон, ин ибодатгоҳ бо далели ёфт нашудани ғори Асҳоби Каҳф ва рост наомадани ҷойгиршавияш бо ояти Қуръон аз ҷониби мусалмонон инкор карда шуд.

Баъди ин мавзеъҳои гуногун бо номи Асҳоби Каҳф номгузорӣ шуданд ва ба мавзеи зиёрат мубаддал гаштанд. Байни ин мавзеъҳо оне, ки дар Урдун дар канори Аммон ва дар Тарсуси Туркия қарор доранд, машҳуртаринанд ва мусалмонон ба онҷо мераванд. Филме низ сабт шудааст оид ба Асҳоби Каҳф аз ҷониби Эрон ва дар он такя мекунанд ба мавзее, ки дар Урдун ҷойгир шудааст.

  Баъди омӯзиш ва аниқ кардани мавзеи аслии Асҳоби Каҳф 16  ноябри 2021 ба Туркия парвоз кардам. Дар наздикии шаҳри қадимаи Эфес шаҳри навбунёд бо номи Селчуқ (Салҷуқ) ҷойгир аст. Аввал ба омӯзиш ва тамошои ин шаҳри антиқа ва харобаи маъбади Артемида (яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам) машғул шудам. Баъдан равон шудам ба ибодатгоҳи насронии ҳафт хобидагони Эфес (Grotto of the seven sleepers in Ephesus). Даромад ба ин ибодатгоҳ манъ аст ва танҳо метавон онро аз паси панҷара тамошо кард. Аммо ман ворид шуда, акс гирифтам ва чигуна будани сохти онро омӯхтам.

Дар асри гузашта солҳои  1920-ум олимони австриягӣ дар ин ибодатгоҳ ковишу таҳқиқот гузарониданд. Аз онҷо ҷасадҳои бисёр ва ҳар гуна ашёҳо ёфта шуданд, деворҳо бо мусаввараҳои хобидагони эфесӣ тасвир ёфта буданд. Мавзеи ин ибодатгоҳ бо ончӣ Қуръон мегӯяд мутобиқат намекунад. Баъдан ғоре ҳам ёфт нашуд ва ҳамин сабаб шуд, ки мусалмонон аз ин мавзеъ даст бикашанд. Тӯли се рӯз ба ҷустуҷӯи ғор дар ин кӯҳ машғул будам. Аммо ғори бузурге ёфт нашуд. Баъдан ба тарафи муқобили кӯҳ равон шудам, дар онҷо даромади ғори бузургеро дарёфтам, ки куллан ба оятҳои Қуръон мувофиқат   мекунад.

  Ин макон ҷои беодам ва воҳиманок аст. Тани танҳо натавонистам, ки ворид шавам. Баъдан як ҷавони тоҷикистоние, ки дар ин кӯҳнавардиву ғорфароӣ истеъдод дошт, ба ӯ муроҷиат кардам. Баъди ду рӯзи мусоҳиба ӯ розӣ шуд, ки ба наздам биояд. Баъди парвози ӯ ба Туркия оғоз кардем, барои ворид шудан ба ин ҷо.  Вале ин кор бо далели хавф аз кормандони мақомоти назоратии ин мавзеъ қатъ карда шуд. Маҷбур шудем бозгардем.

  Вақте рӯбарӯи ғор қарор мегиред, ҳангоми тулӯъ офтоб аз ҷониби рости ғор намоён мешавад ва баъдан пушти кӯҳ мемонад ва танҳо замони  ғуруб аз ҷониби чапи кӯҳ намоён мешавад. Ин ғор аз даромад  то мобайнаш қисм қисм куллан хароб шуда, дар ҳолати садамавӣ баъзе қисматҳояш қарор дорад. Сангпораҳои бузург куллан роҳи ғорро маҳкам кардаанд. Бо машаққати зиёд муяссар шуд, ки сӯрохие ёфта, онро кушод карда ворид шавем. Бо банд 20 метр поин фаромадем. Ғор нисбатан танг аст, баъди ҳаракат ба 30 метр роҳро боз баста дарёфтем. Аз зилзилаҳои бузург сангҳо канда шуда роҳро маҳкам карда буданд. Баъди ин мо бозгаштем.

  Дафъаи дуввум охири моҳи маи соли 2022 бо дӯстам барои давом додани ин кор ба Туркия омадам. Мо ба он ғор фуруд омадем ва оғоз кардем ба тоза кардани сангпораҳо ва ёфтани роҳи идомаи ғор. Дар тӯли даҳ рӯз тавонистем, ки дар маҷмӯъ 240 метр роҳи ғорро ҳаракат кунем. Баъдан расидем ба ҷое, ки ғор оғоз мекунад ба васеъшавӣ ва маҳз дар ҳамин ҷо идомаи ғор куллан фурӯ рафтааст. Пок кардани идомаи ғор ғайриимкон буд. Маҷбур будем бозгардем, чун маблағ тамом шуда буд.

  Баъди ин сафар ба бисёр одамҳо муроҷиат кардам, то барои қонунӣ идома додани ин кор кумак кунанд. Аммо танҳо ҷавоби радро шунидам.

30 августи 2022 бори саввум сафар кардам ба Истанбул, тӯли шаш рӯз талаби кумаки миёнаравӣ кардам аз баъзе шахсиятҳо барои иҷозати кофтукоб гирифтан, аммо бенатиҷа. Пасон худ ҳаракат кардам, ба Эфес. Ин дафъа аз ҷониби ибодатгоҳи насронии ҳафт хобидагон таҳқиқотро оғоз кардам. Қабати хоку сангро гирифта, ба тахриби кӯҳ оғоз кардам ва сӯрохие ба ғорро боз кардам. Баъди оне, ки ғорро боз кардам, пулиси назоратии мавзеи Эфесро ба онҷо бурдам ва гуфтам, ки чунин ҷой аст. Ғайричашмдошт ва ҷоҳиливу нодонии онҳо сабаб гашт, ки маро бо асбобҳо акс бигиранд. Маро бурданд ба идораашон ва парванда кушоданд. Баъдан то оғози муҳокима ба зиндон интиқолам доданд. Тӯли 25 рӯз дар зиндон будам, баъдан муҳокима оғоз шуд ва ҷазо натавонистанд нисбатам таъин кунанд. Баъд аз зиндон ба боздоштгоҳи ихроҷкунӣ фиристоданд ва аз онҷо маҷбурӣ ихроҷам карданд ба Тоҷикистон.

   Соли 81 милодӣ ин ҷавонон вориди ғор шуданд. Баъди қатли Тимофей аз ҷониби мардуми Эфес соли 81 ва ба сари қудрат омадани Домисиан дар ҳамин сол аҳволи насрониён дар ин шаҳр бад шуд. Фишор, шиканҷа, таъқиб ва иҷборан аз масеҳият даст кашидан, ин ҷавононро маҷбур кард, ки вориди ин ғор шаванд. Онҳо аз ҷумлаи масеҳиёни авваланд ва бо ҳавори Юҳанно (Иоанн) вохӯрда буданд. Баъди ворид шуданашон ба ин ғор онҳо 309 соли қамарӣ (300 соли офтобӣ) ба хоб рафтанд. Соли 381 бедор шуданд ва якеашон ба бозор фиристода шуданд. Дар натиҷа ӯ бо сиккаи пешина дастгир шуд ва баъди шунидани суханҳои ӯ қисме аз рӯҳониёну ашрофони шаҳр бо ӯ ба ғор равон шуданд. Баъди расидан ба мавзеи хобашон онҳо боз ба хоб рафтанд. Баъдан одамони шаҳр машварат карданд, ки бо онҳо чӣ кор кунанд. Онҳо гуфтанд, ки Худовандашон ба ҳоли онҳо доност ва онҳоро гузоштанд. Баъдан роҳи ғор маҳкам карда шуда, барои онҳо ибодатгоҳ бунёд карда шуд. Мусалмонон мӯътақид буданд, ки онҳо дар аҳди Дақёнус (Деций Траян) 249-251 ворид шуданд. Аммо ин танҳо як варианте буд, ки қисме аз одамон тахмин мезаданд. Қисме аз насрониён ба ин мӯътақид буданд, ки онҳо 200 сол хобида дар аҳди Феодосии II берун шуданд. Баъди сохтани ин ибодатгоҳ Феодосии II ба зиёрати ин ибодатгоҳ омада буд ва як бинои дигар изофа кард ба ин ибодатгоҳ.

  Ин ғор 470 метр дарозӣ дорад. Имсол аллакай 2000 соли қамарӣ сипарӣ мешавад, ки ин ҷавонҳо вориди ғор шуданд. Қисмати кушодии ғор онҷое, ки Асҳоби Каҳф қарор доранд 200 метр тӯл мекашад. Онҳо дар қимати наздик ба охири ғор қарор доранд. Агар аз самти охир берун оед ва ба сӯи шаҳри Эфес равон шавед, аввалин чизе ки наздик мешавед, ин бозори шаҳр (агора) аст.

  Дар ин ғор ғайри Асҳоби Каҳф инчунин ҷасади ду шахсияти бузургтарини ҷаҳон низ қарор доранд. Яке аз онҳо Марям бинти Имрон аз ҳама зани бузургтарин барои ҷаҳони ислому насроният маҳсуб мешавад. Охирҳои ҳаёти худро Марям дар ин шаҳр гузаронида буд, дар ин шаҳр хонаи Марям ва ибодатгоҳи насронӣ бо номи Марям вуҷуд доранд. Баъди ҷустуҷӯи бенатиҷа ҷасади Марям насрониён гуфтанд, ки ӯ баъди марг ба осмон гирифта шуд, аммо ин сухан асосе надорад ва танҳо бофтае беш нест. Дуюм шахсият бошад ин ҳаворӣ  Юҳанно (апостол Иоанн) аст. Ӯ муаллифи қисмати охирини Библия “Ваҳйи Юҳанно”-ст (Апокалипсис). Баъди ворид шудани ин ҷавонон ба ин ғор ӯ ягона шахсе буд, ки аз ин огоҳӣ дошт. Маҳз ояти Қуръон, ки шумораи Асҳоби Каҳфро “намедонанд магар каме” ба Юҳанно ва шогирдони ӯ тааллуқ дорад. Ҳамагӣ медонанд, ки Марям зери парастории Юҳанно буд ва ҷасади Марям аз ҷониби ӯ ба қисмати дарунтари ғор интиқол дода шуд. Баъди марги Юҳанно шогирдони наздикаш бо васияти ӯ ҷасадашро аз мавзеи дафнаш ба ғор интиқол доданд. Бо ҳамин сабаб ҷасади ӯ дар ҷои дафнаш ёфт нашуд. Барои Юҳанно дар канори Эфес дар болои теппа мақбараи бузургу боҳашамате барафрохта шуда буд. Харобаҳои маъбади Артемида (ҳафт мӯъҷизаи олам) барои сохтмони ин мақбара сарф шуданд. Дар Қуръон меояд, ки ин ғор “аз нишона (мӯъҷизаҳо)-и Аллоҳ аст”. Маҳз барои ҳамин ғор сура ба номи Каҳф (Ғор) номгӯзорӣ шуд. Ин бузургтарин кашфиёти насроният маҳсуб мешавад.

  Аз аввал мехостам, ки ин ҳама ёдгориҳо ба мусалмонон бирасад. Аммо нисбати ман онҳо ноадолатии бузург карданд. Махсусан туркон, ки онҳо маҳз бо сабаби ислом ва мубориза бо насоро ба ин сарзамин омаданд ва соҳиби ин замини беҳтарин шуданд. Аммо шукргузорӣ ва ҳурмати иззати онҳо заиф шудааст. Гарчанде раисҷумҳури онҳо аз фаолтарин роҳбари кишвари мусалмонист, аммо нисбати ман чунин муносибат анҷом доданд. Агар то охири ин ҳафта кишвари мусалмонӣ, Туркия ва ё ягон иттиҳод, созмон, шахсияти исломӣ таваҷҷӯҳ наандозад, ман розиям, ки бо кишварҳои насронӣ ё иттиҳоду созмони насронӣ ва ё олимон ҳамкорӣ кунам. Агар барои мусалмонон ин нишонаи Худо ва шахсиятҳои динӣ қадре надошта бошад, пас  барои гурӯҳи  дигаре ин бузургтарин муқаддасоту арзиш мазсуб мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button