ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗАНОЗАНИИ ОММАВӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ (ВИДЕО)

Ахиран дар шаҳри Екатеринбург, дар нуқтаи тақсими борҳои ширкати “Озон”, яке аз бузургтарин пойгоҳи интернетии фурӯши молҳо, байни коргарон, ки асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказианд, занозанӣ рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, занозанӣ барои он рӯй дод, ки ҳангоми аз кор баромадан ва нишастан ба автобус навбат ба вуҷуд омадааст ва баҳсҳои лафзии байни коргарон дар ниҳоят ба занозанӣ печидааст.

Пулиси Екатеринбург гуфт, ин қазияро таҳқиқ мекунад ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ мекашад.

Бархе манобеъ, аз ҷумла Telegram-канали “Злой Екатеринбург” бо такя ба шоҳидон мегӯянд, ки дар анбори ширкати “Озон” зодагони Тоҷикистон ва Қирғизистон занозанӣ кардаанд.

360tv навишт, сабаби занозанӣ дар ҷадвали кории анбори “Озон” ва камбуди автобусҳост. Бастҳои корӣ соатҳои ҳашти субҳ ва шом ба анҷом мерасанд ва ҳамаи коргарон баробар аз корхона мебароянд, ки дар натиҷа ҳангоми нишастан ба автобусҳои корхона навбат ба вуҷуд меояд ва ин сабаби нофаҳмӣ ва ҳатто ҷанҷол байни коргарон мешавад.

Дар маъмурияти ширкати “Озон” хабари занозанӣ байни коргарони ин ширкатро тасдиқ карда гуфтаанд, ки ин ҳодиса рӯзи 6 декабр рух дода буд ва ҳамаи коргарони дар занозанӣ иштироккардаро аз кор берун андохтаанд. Ба гуфтаи масъулони ширкат, посбонҳо тавонистаанд худашон мустақилона пеши роҳи занозаниро бигиранд ва ба кори ширкат ин ҳодиса ягон таъсир нагузоштааст.

Дар хадамоти матбуоти ширкати “Озон” иддаоҳо дар бораи ба сабаби камбуди автобусҳо рух додани занозаниро рад карда, гуфтаанд, ки ширкат барои интиқоли коргарони анбораш беш аз 50 автобусро киро кардааст, ки 1500 ҷои нишаст доранд ва ба ҳама ҷой мерасад.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button