ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ДАЪВАТ БА ОЗОДИИ МАМАДШОЕВА ВА ҶУМЪАЕВ ВА ҚАТЪИ ҲАБСУ ТАЪҚИБИ ЖУРНАЛИСТОН

Кумитаи дифоъ аз журналистон, як созмони байналмилалии ҳомии озодии матбуот, рӯзи 13 декабри соли 2022 бо нашри як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки журналистони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро билофосила осод карда, аз таҷрибаи зиндонӣ кардани журналистон даст бикашанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5 декабр Хушрӯз Ҷумъаев, журналист ва блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистонро бо ҷурми узвият дар созмони ҷиноӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст. Улфатхоним Мамадшоева бошад, бино ба иттилои манбаи Кумитаи дифоъ аз журналистон, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, на ба 21 сол. Вале Кумита муайян карда натавонист, ки Мамадшоеваро бо чӣ ҷурме чунин ҳукми сангин додаанд? Қаблан ба зидди ӯ бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла раҳбарии созмони ҷиноӣ ва даъватҳо ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ парванда кушода буданд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт: “Қарори такондиҳандаи мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳукми зиндони журналистон Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоева, аз ҷумла 20 сол ҳукми Мамадшоева, ки дар синни 65 қарор дорад ва бояд акнун боқии умрашро пушти панҷара гузаронад, даҳшатнок буд. Ҳукумати Тоҷикистон комилан ягон далели қотеъ барои ин ҳукмҳо ироа карда натавонист ва муҳри махфӣ задани парвандаҳои журналистон ягон асос надошт. Мамадшоева ва Ҷумъаев бояд билофосила озода карда шуда, ба онҳо имкони фаъолияти озодона дода шавад”.

Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, муайян карда натавонист, ки оё ин ду журналист иттиҳомоти эълоншударо пазируфтанд ваё аз ҳукмашон шикоят хоҳанд бурд? Қаблан ҳарду ҳар навъ даст доштани худ дар қонуншиканиҳоро рад карда буданд.

Мамадшоева ва Ҷумъаев моҳи майи соли 2022, дар пайи оғози саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон, ки аксари аҳолиаш аз лиҳози этникӣ аз боқӣ аҳолии Тоҷикистон фарқ мекунад, дастгир шуданд ва мақомот билофосила рӯи парвандаҳои онҳо муҳри махфӣ заданд. Мақомот адвокатҳои онҳоро маҷбур карданд, ки дар мавриди фош накардани ҷузъиёти парвандаҳо забонхат диҳанд. Мурофиаи онҳо низ пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи КДАМ гузашт ва ба ин далел, ба гуфтаи журналистони тоҷике, ки бо Кумитаи дифоъ аз журналистон  ба шарти фош нашудани номашон суҳбат карданд, на расонаҳо ва на наздикони маҳкумшудагон дар бораи ин мурофиаҳо ягон маълумоте ба даст оварда натавонистанд.

Мамадшоева ва Ҷумъаев дар чанд тарҳи фарҳангӣ ва расонаии марбут ба ақалияти помирӣ ҳамроҳ кор кардаанд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон даҳҳо нафар кушта шуда, даҳҳо тан аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандии ин вилоят таҳти таъқиб қарор гирифта, бисёриаш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

ВКД Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро ба ташкили эътирозҳо айбдор кард ва дар ТИВ давлатӣ филми мустанаде намоиш доданд, ки дар он Мамадшоева ба дарёфти пул ва дастур аз як сафорати хориҷӣ бо мақсади ба ҳам задани пояҳои давлат айбдор мешуд. Мамадшоева дар ин филм ба гуноҳи худ эътироф кард, вале баъдан аз ин баёноташ даст кашид ва гуфт, ки ӯро таҳти фишор водор кардаанд, ки ба худаш туҳмат бизанад.

Журналисти тоҷик Темур Варқӣ, ки дар ғурбат ба сар мебарад, дар суҳбат бо Кумитаи дифоъ аз журналистон иттиҳомоти зидди Мамадшоеваро “сафсата” ва ҳукми ӯро “кӯшиши тарсондани ҷамъияти помириҳо ва тамоми ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон” номид.

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масъалаи вазъи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лоулор дар изҳороте, ки рӯзи 9 декабр бо ҷамъбасти сафари дуҳафтаинааш ба Тоҷикистон нашр кард, аз таъқиби журналистони тоҷике, ки пиромуни масоили ҳуқуқи башар менависанд, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, иттиҳомот ба зидди онҳо “бар асоси далелҳои нокофӣ ва номуътамад, дар пайи тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳии номуносибест, ки пушти дарҳои баста сурат мегирифтанд”.

Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, дар робита ба қазияҳои Мамадшоева ва Ҷумъаев ба Додгоҳи олӣ, ВКД ва Додситонии кулли Тоҷикистон дархостҳо фиристода, шарҳи ин парвандаҳоро хост, вале то ҳол посухи расмие дарёфт накардааст.

Ин созмон ёдовар шудааст, ки ахиран дар Тоҷикистон боз чанд журналист маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла Далери Имомалӣ 10 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ 7 солу 6 моҳ ва Завқибек Саидаминӣ 7 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Як рӯз қабл, 12 декабри соли 2022 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон “Ҳюман Райтс Вотч” (“Дидбони ҳуқуқи башар”) озодии 6 фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тақозо кард. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин 6 фаъоли дар робита ба эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дастгиршуда дар натиҷаи мурофиаҳои догоҳии баста ва ноодилона ва бидуни дастрасӣ ба адвокат маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Ҳюман Райтс Вотч” раҳоии ин 6 нафарро талаб дорад:

  1. Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст;
  2. Фаромӯз Иргашов, адвокат, раҳбари Комиссияи 44, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст;
  3. Музаффар Муборакшоев, фаъоли ҳуқуқ ва узви Комиссияи 44, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст;
  4. Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева ва узви Комиссияи 44, ки ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст;
  5. Манучеҳр Холиқназаров, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Комиссияи 44, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст;
  6. Хушрӯз Ҷумъаев, фаъоли ҳуқуқ ва блогер, мутахаллис ба Хушом Гулям, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст.

Синат Султоналиева, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони “Ҳюман Райтс Вотч” гуфт: Мурофиаҳои додгоҳии фаъолони бадахшонӣ пушти дарҳои баста, бидуни дастрасӣ ба адвокат ва бидуни ироаи далелҳои зидди онҳо бо поймол кардани меъёрҳои аслии мурофиаҳои одилона сурат гирифт. Мақомоти Тоҷикистон бояд ин 6 фаъолро, ки барои истифодаи қонунии ҳуқуқи худ дастгир шудаанд, бидуни таъхир озод карда, иттиҳомоти зидди онҳо эълоншударо бекор кунад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button