ВидеоҲодиса

СОКИНИ РОҒУН БАРОИ ҚАТЛИ ҲАМСАРАШ БА 19 СОЛУ 4 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Ҳайъати мушовараи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз 22 ноябри соли 2022 сокини  Роғун Аслиддин Авлиёевро бо ҷурми куштори бераҳмонаи ҳамсараш Саидова Дилафрӯз ба 19 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Худи Авлиёев ё адвокат ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  бо нашри як иттилоияи вижа дар шарҳи ин парванда гуфт,  ба ҷинояти махсусан даст задани Авлиёев дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ исбот шуд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Авлиёев Аслиддин Анбиёевич бо ҳамсараш Саидова Дилафрӯз Раҳмуддиновна мунтазам дар муноқиша мекард ва муносибатҳои оилавиашон вайрон гардида, ӯ ҳамсарашро чанд маротиба мавриди лату кӯб қарор дода, нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро тарҳрезӣ намудааст.

Бо ҳамин ният, Авлиёев субҳи 20 июни соли 2022 бо худ як корд гирифта, ба суроғаи шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён, бинои 22, ки ҳамсараш дар онҷо муваққатан ҳамроҳи модараш Саидова Хайринисо Сангалиевна зиндагонӣ мекард, омадааст. Соати 8 Авлиёев А.А. дар роҳ Саидова Дилафрӯзро бо модараш думболагирӣ намуда, бо мақсади ба қатл расонидан, бо корди қаблан омода кардааш бо бераҳмии махсус, дар узвҳои ҳаётан муҳими бадани ҳамсараш дар ҳузури модари ӯ 12 маротиба задааст. Бар асари ин ҷароҳатҳои бардоштааш Саидова Дилафрӯз ба ҳалокат расидааст.

Авлиёев А.А. баъди ба қатл расонидани Саидова Д.Р. бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди хоҷагидории бо худ овардааш якчанд зарба ба қисмати гардани худ задааст, ки дар натиҷа ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шудааст, вале табибон ӯро аз марг наҷот додаанд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 судшаванда Авлиёев Аслиддин Анбиёевич бар асоси моддаи 104 қисми2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии талаботи моддаи 68 қисми 1  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пурра зам намудани ҷазоҳои таъиншуда аз рӯи маҷмуи ҳукмҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати нӯздаҳ солу чор моҳ, бо адои ҷазо дар зиндони низомаш сахт таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button